logo

ҳуқуқ

ТАЪРИХ БОСМАЧИҲОРО МАҲКУМ СОХТААСТ

Баъди мутолиаи суҳбати хабарнигор Абдулқодири Раҳим бо доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Усмонов бо номи “Ба таърих бо чашми хирад бингарем” (“Ҷумҳурият”, 31 январи соли 2019) зарур шумурдам, ки бо ҳамовозӣ ва дастгирӣ андешаҳоямро иброз намоям.
Ҳар гоҳ сухан дар бораи босмачигарӣ меравад, мо, пеш аз ҳама, ба чанд масъала бояд рӯшанӣ андозем. Ин падидаи номатлубу нанговар кай ва чӣ тавр пайдо шуд, сабабҳо, мақсаду мароми онҳо чист, ғояву андешаҳояшон аз куҷо сарчашма мегиранд, ба кадом неру, табақа ё қишри иҷтимоӣ такя мекунанд, сарваронашон кист, пушту паноҳашон киҳоянд, кӣ ва чӣ гуна онҳоро бо маблағ, аслиҳаву адабиёти таблиғотӣ, дастуру супоришҳои тахрибкорона таъмин менамояд?
Пас аз суқути низоми мустабиди Ҳукумати подшоҳӣ ва барқарор шудани Ҳукумати шӯравӣ дар Россия ва гӯшаву канори он тамоми дастгоҳи давлатии идоракунии куҳна барҳам дода шуда, мансабдорони пештара аз мақоми худ барканор гардиданд. Ҳокимият ба дасти меҳнаткашон, Шӯрои вакилони коргару деҳқон ва сарбозон мегузарад ва он дар шакли диктатураи пролетариат фаъолият мекунад.
Ҳукумати шӯравӣ ба миллӣ кардани корхонаҳои саноатӣ, азнавсозии ҳаёти деҳот - мусодираи молу мулки сарватмандони маҳаллӣ - бою заминдорон шурӯъ намуд.
Барканор шудан аз мансаб, аз ҷоҳу ҷалол, маҳрум гардидан аз сарвату боигарӣ, фабрикаву заводҳо, замин ва ғайра барои сармоядорону соҳибони мулк фоҷиаи бузург буд ва онҳо ба сохти нав шадидан муқобилият нишон медоданд, ки ин сабаби оғози ҷанги шаҳрвандӣ (босмачигарӣ) гардид.
Ҳамин тавр, ҷанги гражданӣ ва таҷовузи давлатҳои хориҷӣ бар зидди давлати шӯравӣ аз ибтидои соли 1918 шурӯъ гардида, дар маркази Россия ва канорҳои он доман паҳн кард. Давлатҳои хориҷӣ аз инқилоби Россия ва густариши он ба ҳарос афтода, қувваҳои зиддишӯравиро бо маблағ, аслиҳа дастгирӣ менамуданд.
Дар Осиёи Миёна ашрофону рӯҳониёни иртиҷопараст созмонҳои «Шӯрои исломия», «Шӯрои уламо», «Иттиҳод ва таррақӣ»-ро таъсис дода, «Мухторияти Қӯқандро»-ро элон карданд ва ният доштанд, ки хонигарии Қӯқандро аз нав эҳё намоянд. Дар водии Фарғона дастаҳои босмачиён бо сардории қурбошӣ Мамадаминбек амал мекарданд. Дастаҳои босмачиён ба қатлу куштори омӯзгорон, сарбозон, кормандони милитсия, занони фаъол ва талаву тороҷи моликияти давлатӣ, мардум машғул буданд.
Дар Тоҷикистони шимолӣ - Истаравшан, Панҷакент, Нов, Ғӯлакандоз, Конибодом, Исфара, Айнӣ дастаҳои босмачиён бо сарварии қурбошиҳо Эргаш, Холбута, Саидмурод, Раҳмонқул, Лаҳатмахсум ва дигарон мардумро қатлу ғорат мекарданд.
Босмачиён танҳо аз Балҷувон 4136 сар асп, қариб 15 ҳазор гову гӯсола,74 ҳазору 247 гӯсфанду бузро ба яғмо бурданд. Дар вилояти Қӯрғонтеппа (ҳоло Хатлон) аз 36 деҳа ҳамагӣ 5 деҳа бо 450 хоҷагӣ боқӣ монда, тамоми дигар деҳаҳо сӯхтаву валангор карда шуданд.
Босмачиёнро аз хориҷи кишвар бо аслиҳа, пул, маводи таблиғотӣ таъмин мекарданд. Ҳокимони турк худро ворисони хилофати араб, «ҳомиёни дин ва олами ислом» эълон карда, кӯшиш менамуданд, ки пантуркизмро бо мақсаду ғаразҳои сиёсии худ истифода баранд. Онҳо мехостанд, ки мусулмонони Қафқоз, Қрим, Осиёи Миёна, Поволжеро дар зери як парчам муттаҳид намуда, империяи бузурги туркиро таъсис диҳанд.
Онҳое, ки босмачиёнро ҷонибдорӣ менамоянд, хоҳу нохоҳ ҷонибдори сохти амирӣ, пантуркизм, ғояву андешаи иртиҷоӣ ва бегонапарастанд.
Аҳмад Махдуми Дониш дар асараш «Таърихи Бухоро» чунин меорад, ки «амирони манғития ҳар чи аз ҳар ҷо ёфтаву мутасарриф ва молик шуда, ба масорифи шикам ва худ мерасониданд».
Дар сохтори амирӣ ягон вазорат, сохтор ё идора вуҷуд надошт, ки он бо маданият, илм, тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои муҳими давлатдорӣ машғул бошад. Ин на дар давраи ҷамоаи ибтидоӣ, ё оғози асри миёна, балки дар асри Х1Х – ХХ буд. Дигар кишварҳо дар ин вақт ба сохтани корхонаву мошинолот, роҳи оҳан ва навгониҳо машғул буданд, аммо умарову «уламои» Бухорои манғитӣ бо ришу саллаҳои босалобат, вале каллаҳои бемағзу тиҳӣ салтанат меронданд.
Аҳмади Дониш шикасти шармандавори манғитиҳоро бо як ҷасорат ва заковати нодир пешгӯӣ карда буд: «Ҳоли ин давлати манғития ва онҳо дар оянда чӣ шавад? Осмон ба сари онҳо фуруд ояд».
Имрӯз баъзе ҷонибдорони босмачиҳо, аз ҷумла наҳзатиҳо, «паймонсозони» паймоншикан, босмачиҳоро сафед мекунанд, аз онҳо бут ва барои худ намунаи ибрат  месозанд. Бо ин рафторашон сурат ва сифати аслӣ, ҷаҳонбинии тангашонро ифшо менамоянд. Ин аз як ҷиҳат хуб аст, ки мардум боз ҳам симои онҳоро беҳтару хубтар мешиносанд ва дарк менамоянд, ки ин тоифа ҷомеаро танҳо ба ҷаҳолат, зулмат, харобӣ, қашшоқӣ бурдан мехоҳанд, на пешрафту ободӣ.
Босмачиёни солҳои 20-30-юми асри гузашта, дар давраи таҳаввулот, тағйироти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ дар ҷомеа пайдо шуданд ва бар зидди он буданд. Наҳзатиҳо ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ-динӣ низ дар даврони оғози истиқлолият ба саҳна омада, маҷрои таърих ва роҳи интихобнамудаи мардуми моро дигар карданӣ буданд ва хушбахтона, шармандавор шикаст хӯрданд.
Ҳамин тавр, босмачиён ҳеҷ гоҳ таҷассумгари чеҳраи халқ, ҳимоятгари манфиати мардум, муборизи роҳи озодӣ, истиқлолхоҳӣ набуданд. Онҳо сохти пӯсидаи аморат, ҷаҳолат, зулмат, хурофотро ҷонибдорӣ ва ҳимоя мекарданд, кору амалашон фитраткуш, харобиовар, зулматпарвар буд. Таърих онҳоро маҳкум сохтааст.
Ҷӯразода Ҷамшед ҲАБИБУЛЛО,
ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров,
доктори илмҳои таърих, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2019    №: 44    Мутолиа карданд: 910
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед