logo

маориф

ВМКБ. МАБЛАҒГУЗОРИИ САРИКАСӢ - МУШКИЛОТИ МАКТАБҲОИ ДЕҲОТИ ДУРДАСТ

Матлаби рӯзноманигор Раҳмони Гулзор «ВМКБ. Маблағгузории сарикасӣ – мушкилоти мактабҳои деҳоти дурдаст», ки 14.06.2018 дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№118) ба табъ расидааст, дар Вазорати маориф ва илм мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт.
Иттилоъ медиҳем, ки дар моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад».
Мувофиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ» хароҷоти давлатӣ барои маориф ба принсипҳои ягонагии сохтор, шакл, усул ва воситаҳои фаъолият, меъёрҳои минималии давлатии стандартҳои иҷтимоии таъминоти буҷетӣ, хароҷоти молиявӣ барои расондани хизматрасониҳои таълимӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, асос меёбад.
Бо мақсади амалӣ гардондани талаботи моддаҳои зикргардида ва татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007, № 505 «Оид ба тасдиқи Қоидаҳои маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» аз 1 январи соли 2010 сар карда дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (ба ғайр аз мактабҳои махсус ва мактаб-интернатҳо) бо низоми маблағгузорӣ тибқи маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) амалӣ карда мешавад. Ҳадафи асосии ислоҳоти мазкур таъмин намудани тақсимоти боадолат ва шаффофи маблағҳои давлатӣ байни ноҳияҳо ва баланд бардоштани самаранокии истифодабарии онҳо мебошад.
Пеш аз ба мувофиқа расондани буҷети мактабҳо аз тарафи мақомоти молия шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо бояд буҷети мактабҳои ноҳияро пурра ҳисоб намуда, таҳлили модели маблағгузории меъёриро гузаронанд ва сабаби норасоии маблағро дар мактабҳо аниқ намоянд.
Дар сурати нарасидани буҷети баъзе мактабҳо мақомоти молияи шаҳру ноҳияҳо ҳуқуқ доранд, ки барои пӯшондани норасоии фонди музди меҳнат то 5 фоизи маблағҳои барои мактабҳо пешбинишударо дар байни чунин мактабҳо аз нав тақсим намоянд. Мақомоти молияи шаҳру ноҳияҳо дар ҳолати зиёдшавии навбатии музди меҳнат бо мақсади пардохт намудани норасоии фонди музди меҳнат, ҳуқуқ доранд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетии шаҳру ноҳия, ки ба ин мақсад пешбинӣ шудааст, ба буҷети тасдиқшудаи мактабҳо тағйироту иловаҳо ворид созанд.
Ҳамчунин, тибқи Дастурамал оид ба маблағгузории сарикасӣ маблағгузор барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошанд. Аз ин рӯ, роҳҳои ҳалли масъалаи мазкур бояд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо талаб карда шавад.
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2019    №: 44    Мутолиа карданд: 1132
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед