logo

маориф

ҲАДАФ ПЕШРАФТИ СОҲА

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид доштанд: “Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилотии кишвар. Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем”.
Дар ҳақиқат, имрӯз рафти таълиму тарбия масъалаи муҳими соҳаи маориф шудааст. Ман ин мушкилро дар мисоли омӯзгорони ноҳияи Муъминобод шарҳ доданӣ ҳастам.
Ҳамасола аз макотиби олии кишвар 100 - 115 омӯзгори ҷавон бо роҳхат ба зодгоҳашон ба кор меоянд. Аммо аксари онҳо на танҳо чи гуна ариза навиштанро намедонанд, балки дар навишт онҳо ба хатоҳои зиёди имлоӣ роҳ медиҳанд. Аз ин сабаб, вақти он аст, ки мутахассисони ҷавонро “роҳхат дорад” гуфта аз як сар ба кор қабул накунем, балки ин корро тариқи озмун ба роҳ монем.
Дуюм, ба омӯзгорон аз рӯи нишондоди хуби шогирдони болаёқати омодакардаашон, намунавӣ будани ахлоқи онҳо иловапулиҳои ҳавасмандгардонӣ пардохт кардан зарур аст. Дар ин сурат, сатҳи худомӯзии мутахассисони ҷавон беҳтар мегардад. Зуд - зуд дарсҳои кушоди мутахассисони болаёқатро ташкил кардан аз манфиат холӣ нест.
Ба мушоҳида мерасад, ки баъзе омӯзгорон таълиму тарбияи дурусту кофӣ намедиҳанд. Соатҳои дарсиро бо суҳбатҳои беҳуда, истифодаи ноҷои телефон мегузаронанд. Аз ин сабаб, дар ҳамкорӣ бо волидон бояд нисбат ба чунин омӯзгорон чора андешида шавад. Зикр кардан бамаврид аст, ки алоқаи мактаб бо волидон ва волидон бо таълимгоҳҳо хеле заиф гаштааст. Маҷлисҳои синфию мактабӣ бо иштироки волидон рӯякӣ мегузаранд.
Аз рӯи низомномаи муассисаҳои таълимӣ ва талаботи соҳа бояд назорати дохилимактабӣ ягон соат аз мадди назари роҳбари таълимгоҳ дур набошад. Аммо дар мо баръакс мебошад. Роҳбар ҳамеша дар маркази ноҳия ё ҷамоат аст. 10 – 15 километр дуртар аз таълимгоҳ барои иштирок дар ин ё он чорабинӣ меравад. Ба андешаи мо, бояд ҷонишинҳои директор дар чунин чорабиниҳо ширкат варзанд.
Ин пешниҳодҳои мо камбудиҷӯиву нуқскобӣ нест, балки барои рафъи ҳалли мушкилот аст.
Нурулло ҲАСАНОВ, ноҳияи Муъминобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2019    №: 44    Мутолиа карданд: 1325
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед