logo

номаҳо

МИЛЛАТ МУҲИМТАР АСТ, НА МАҲАЛ Ё ХУД ЧАРО ҒИЗОВУ ХӮРОКҲОРО МАҲАЛЛӢ НАМУДАНД?

Ба пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе меояму аз ободиҳои рӯзафзуни он сарам ба осмон мерасад. Барҳақ, имрӯз пойтахт ифтихори ману мост. Вале, ҳар гоҳе, ки чашмам ба баъзе овезаҳои хусусияти рекламавидошта  ё худ тарғиботӣ мерасад, ҳиссиёти ногуворе вуҷудамро фаро мегирад. Муроди ман, албатта, танҳо овезаҳои ошхонаҳо ва тарабхонаҳост. Аз онҳо маълум мегардад, ки ғизову хӯрокҳоро ба маҳалҳо тақсим намудаанд, ҳатто ин ошхонаҳову тарабхонаҳоро низ.

Тааҷҷуб мекунам, ки чаро ба ин масъала ҳеҷ масъуле таваҷҷуҳи махсус зоҳир намесозад. Агар манту, сихкабоб, ош, шӯрбо, қурутоб, фатирмаска, ширчой ва гардсӯз хуҷандиву кӯлобиву самарқандиву бухороӣ бошанд, пас миллати тоҷик дар шакли умумӣ чӣ ғизоҳову хӯрокҳоро молик аст? Ҷойи таассуф боз дар он мебошад, ки ин гуна рекламаҳо ба ошхонаву тарабхонаҳои шаҳру ноҳияҳои дигар кишвар роҳ ёфта истодаанду қариб, ки оммавӣ мегарданду боиси ифтихори гурӯҳе муайян. Ин дар ҳолест, ки мо бо раҳнамунӣ ва дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ғизову хӯрокҳои миллӣ ва тарзи омода сохтани онҳоро ривоҷу густариш бидиҳему ба оламиён чун мероси ниёгонамон муаррифӣ бикунем. Албатта, ин амал дар раванди ҷаҳонишавӣ бисёр муҳим мебошад.
Фикр мекунам, ки масъалаи мазкур агарчи ба зоҳир одӣ бинамояд, аммо дар асл чунин нест. Мо ба чунин бетарафӣ теша ба решаи худ мезанем.
Бо ҳисси дилсӯзӣ ва ифтихори милливу ватандорӣ пешниҳод менамоям, ки ба ин гуна рекламаву тарғибот хотима бубахшем. Дар мавриди мазкур, бароямон бояд муҳимтар миллат ва тарғиби мероси ғании он бошад, на маҳал.
М. ИСМОИЛЗОДА, шаҳри Кӯлоб 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2019    №: 44    Мутолиа карданд: 2599
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед