logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

28 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст “Оид ба Ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳои замин ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2019” гузориши раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода шунида шуд.
Дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳолати ҷангӣ”, «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ”, «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуданд.
Дар бораи Номгӯи молҳои аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатӣ “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” воридшаванда, ки аз супурдани андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва «Дар бораи Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025» вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода гузориш доданд.
Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар масъалаҳо «Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”, «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ва «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019» муҳокима гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи кории маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо, нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор намуданд.
Дастуру супоришҳои дигар доир ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, киштукори баҳорӣ, ниҳолшинонӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, расондани ёрии моддӣ ба эҳтиёҷмандон дар арафаи Ҷашни Наврӯз ва ғайра дода шуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2019    №: 45    Мутолиа карданд: 7332
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед