logo

фарҳанг

ФУРӮҒИ НУСРАТҲО. БАРДОШТ АЗ КИТОБИ "УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ" – И ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мутафаккир ва муаррихи нуктасанҷ Эмомалӣ Раҳмон китоби нави худро бо номи «Уфуқҳои истиқлол» ба мардум эҳдо намуданд. Ин асари бунёдӣ маҷмӯаи андешаву тафаккури созандагиву ватандӯстӣ ва миллатсози Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ангезаи мусбате дар зеҳни насли муосир бархезонда, хонандаро сари арзишҳои ҷовидонаи миллӣ ба андеша водор менамояд, то ки пӯёи роҳи худшиносиву худсозӣ бошад. Китоби «Уфуқҳои истиқлол» фурӯғи нусратҳои Пешвои миллат, ҳақиқати сарнавишт ва вазъияти имрӯзи мо буда, дар он перомуни комёбиҳои беназири мамлакатамон дар замони Истиқлолияти давлатӣ, давраи мураккаби барқарорсозии давлати навини миллии тоҷикон, рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва натиҷаҳои умедбахши он, ваҳдати комили миллӣ, манфиатҳои миллию сиёсати хориҷӣ, мақоми Тоҷикистон дар замони ҷаҳонишавӣ, фардои дурахшони кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон ва Ватани аҷдодии тоҷикони ҷаҳон  сухан меравад.
Қобили тазаккур аст, ки китоби “Уфуқҳои истиқлол” аз 5 боб ва фаслу зерфаслҳои  муназзаму мантиқан мураттаб, пайдарҳам ва басо мутаносиб тадвин шудааст. Боби якуми китоб «Истиқлолияти давлатӣ - марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон» номгузорӣ шуда, қадам ба қадам, ҳар рӯзу ҳар соат  эҳё гардидани низоми давлатдорӣ ва рушди минбаъдаи давлату давлатдории тоҷикон дар давоми чоряк аср мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Боби дуюм «Рушди иқтисоди Тоҷикистон ва дурнамои стратегии он» ба масоили иқтисодӣ ва стратегияи ояндаи кишвар бахшида шудааст. Дар боби сеюм масъалаи сиёсати иҷтимоӣ ва дастовардҳои соҳа мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтаанд. Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат бештар  ба дастовардҳои илм, маориф, тандурустӣ диққати махсус додаанд. Муаллиф навиштаанд:  “Мо зимни Паёму суханрониҳои худ дар иртибот ба соҳаи маориф ҳамеша дастуру супоришҳои муҳиму мушаххас дода, рушди пайгиронаи онро дар сиёсати кунунии давлату Ҳукумат ҳамчун масъалаи аввалиндараҷа арзёбӣ менамоем. Омӯзиш ва таҳлили вазъи мактабу маориф ва таълиму тарбия дар марҳалаи аввали Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф гардонд, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани рушди соҳаи маориф чораҳои саривақтӣ ва муассир андешад ва давра ба давра бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва консепсияҳою барномаҳои давлатӣ ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти соҳаи ниҳоят афзалиятнок иқдоми ҷиддиро амалӣ гардонад». Дар ҳақиқат, соҳаи маориф омили муҳим ва такягоҳи устувори рушди ҳаёти ҷомеа ба шумор меравад ва дар ин росто, таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат ба ин соҳа беасос нест. Ва ин гуфтаҳо мутасаддиёни соҳаро вазифадор менамояд, ки фаъолтар, ҷонсӯзтар амал намоянд. Инчунин, дар зерфасли боби сеюми китоби мазкур, ки  оид ба «Дастовардҳои соҳаи илм дар замони Истиқлолияти давлатӣ»  сухан меравад, масъалаҳои рушди илму пажӯҳиш, роҳандозии корҳои тадқиқотии самтҳои афзалиятноки ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба таври муфассал мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.
Муҳтавои  китоби “Уфуқҳои истиқлол” раёсат ва донишҷӯёни  Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистонро муваззаф менамояд, ки   баҳри  дар ҳаёт татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат  тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд. Дар тамоми давру замон худогоҳию худшиносӣ, болоравии тафаккур тавассути  аҳли илму фарҳанг, мутафаккирон, донишмандон, адибон ба вуҷуд омадаанд. Ва имрӯз ҳам ҷомеаи Тоҷикистон бо сарварии мутафаккир, файласуф, фарҳангсолор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - муаллифи осори бунёдии «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор»  ва ғайра ба болоравии тафаккури тамоми қишри ҷамъият, тавсеа ёфтани  андешаҳои солим ва шукуфоии маънавию моддӣ, муҳаббат ба муқаддасот доштан ба вусъат ва умқи фарогир даст меёбад, ки соҳиби маънавиёт ва  андешаи солим дар доираи озодии инсонӣ, андешаи ахлоқӣ ва такомули иҷтимоӣ ҷавҳари зиндагии шоиста гардидааст.
Кибриёхон АТОЕВА, номзади илмҳои филология,
Манзура САЙДУЛЛОЕВА, номзади илмҳои педагогӣ,
устодони Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2019    №: 45    Мутолиа карданд: 850
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед