иқтисод
ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИСТАНБУЛ
Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Истанбул - 2019, ки 28 феврал ифтитоҳ ёфт, маҳсулоти риштагии худро манзури харидорон ва тамошобинон намуд. Кишвари моро дар ин намоишгоҳи муътабари ҳарсолаи байналмилалӣ панҷ корхонаи ресандагӣ - «Ваҳдат текстил», «РБТ Ресандаи Тоҷикистон», «Ресандаи Қӯрғонтеппа», «Спитамен текстайлз» ва «Хима текстил» намояндагӣ карда, анъанаи хуби ҳузури ҳамешагии корхонаҳои Тоҷикистонро дар намоишгоҳҳои соҳавии байналмилалӣ идома медиҳанд.
Ин бори ҳаштум аст, ки корхонаҳои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии соҳавии шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия ширкат меварзанд. Истанбул – шаҳри калонтарин ва маркази тиҷоратии Туркия, ки ҳудуди он дар ду қитъа – Осиё ва Аврупо тӯл кашидааст, ҳамчун «қалби саноатии ришта дар АвруОсиё» шуҳрат ёфтааст. Намоишгоҳи Истанбул чун анъана пешсафони соҳаҳои нассоҷию бофандагиро гирд меоварад. Дар намоишгоҳ нахи пахта, таҷҳизоту маҳсулоти нассоҷию дӯзандагӣ ва имкониятҳои рушди ҳамкориҳои кишварҳо ва ширкатҳо дар сатҳи байналмилалӣ манзур ва муаррифӣ мешаванд. Дар намоишгоҳи имсолаи Истанбул ширкати беш аз 8000 боздидкунанда, соҳибкор ва тоҷир аз 80 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳ бо мусоидати Ҳукумати кишвар ва дастгирии молиявии Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии МТБ ҷараён гирифт. Шарики маҳаллии МТБ – ширкати консалтингии «ACT Development grour» ҳайати Тоҷикистонро роҳбаладӣ мекунад. Намоишгоҳ се рӯз идома меёбад.
Ба андешаи сардори дафтари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон Саймуъмин Камолов, ширкат дар намоишгоҳҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, назири Намоишгоҳи байналмилалии Истанбул, ҷиҳати рушду тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ, омӯзиши таҷрибаи ширкатҳои маъруф, муаррифии молу маҳсулот ва воридоти таҷҳизоту технологияи насли навтарин ҷиҳати истеҳсоли моли рақобатпазири содиротӣ мусоидат мекунад.
Рушди саноати сабук, хосса нассоҷию дӯзандагӣ, ки яке аз бахшҳои афзали иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо ин мақсад, барномаҳои давлатии рушди соҳа татбиқ мегарданд.
Моҳи феврали соли равон корхонаҳои «Нурфуд», «Евро Азия-2005», «Сахо К», «Тавҳид ва компания» - и Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 26-уми байналмилалии «Продэкспо-2019», ки дар пойтахти Россия - шаҳри Москва доир гардид, маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд ва обҳои ташнагишикани корхонаи «Евро Азия-2005», «Ҳавотоғ» ва «Лимонад №1» ҳамчун маҳсулоти беҳтарин ба гирифтани дипломи фахрӣ, «Ситораи тиллоӣ» ва «Медали тиллоӣ» сазовор шуданд.
Моҳи сентябри соли гузашта дар Намоишгоҳи 51-уми байналмилалии молу таҷҳизоти саноати сабук «Текстиллегпром» - бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар кишварҳои ИДМ, ки дар шаҳри Москва баргузор гардид, маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистонро корхонаҳои «Ваҳдат текстил», «Гулистони Душанбе», «Лиман», «Ноҳид», «Раҳимов А.А.», «Сапсан» ва «ХИМА текстил» муаррифӣ карданд.
Бо мақсади муаррифии молу маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон, ҷалби сармоя ва рушди иқтисоди мамлакат дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон - 2019» баргузор мешавад.
Тавре раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода чанд рӯз пеш зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ҳоло бо супориши Сарвари давлат дар маҳаллаи Ҳаёти Нави шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии намоишгоҳҳо, ки майдони умумии он 28 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, бунёд меёбад.
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.03.2019 №: 45 Мутолиа карданд: 989