logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

ЧОРМАҒЗ ЧАНДТО БУД?
Шахсе, ки панҷ писар дошт, чормағз харида, ба фарзандонаш  гуфт, ки онро байни ҳам ба таври зерин тақсим намоянд: фарзанди калонӣ аз панҷ як ҳисса, писари дуюм аз чор як ҳиссаи боқимонда, писари сеюм аз се як ҳиссаи боқимонда, писари чорум нисфи боқимонда ва писари хурдӣ боқимондаи чормағзро гирад.
Агар писари хурдӣ 6 чормағз гирифта бошад, пас миқдори он чандто буд ва ба ҳар як фарзанд чандтоӣ расид?
Масъули рубрика Комрон САФАР
komron-safar95@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!   Телефон: 93-320-00-15


МОВУ МОҲӢ
Чи тавр муваффақ шуданро аз моҳӣ метавон омӯхт. Ин ҷонвари обӣ ҳамеша муқобили ҷараён шино мекунад, ҳарчанд чунин рафтораш монеаҳои зиёд, ҳатто хатарҳоеро метавонад думбол дошта бошад. Вале, аслан, моҳӣ на барои он ба самти муқобил шино мекунад, ки ҷони худро дар азоб монад, балки мехоҳад миқдори ҳар чи бештари об тану баданашро палмосида гузарад. Охир, ин ҷонваракони обӣ на танҳо хӯрок, балки ҳаворо низ, ки асоси мавҷудияташон ҳаст, аз ҷараёни тези об пайдо мекунанд. Яъне, ҳар қадар, ки ҷараёни об тез бошад, ризқу рӯзии моҳӣ ҳамон қадар зиёд мешавад...
Мо бошем, баръакси моҳӣ аз «селоба» метарсем ва ҳамеша кӯшиш мекунем, ки ҳамнавои ҷараён шино карда бошем. Дар натиҷа, ба ҷойи таҷрибаи 40-солаи ҳаётӣ андӯхтан, собиқаи яксолаи умрро 40 бор батакрор аз сар мегузаронем. Мо, ба қавле, намехоҳем ҷойи гармамонро хунук кунем, баъд менолем, ки чаро ҳаёт бароямон то ин андоза имкониятҳои маҳдуд додааст?! Мо, умед дорем, ки як рӯз не як рӯз лотереяи бахтамон бозӣ мекунад, дар ҳоле ки худи лотереяро нахаридаем.
Аз русӣ тарҷумаи Самади ҚУРБОНАЛӢ


БОНУФУЗТАРИН ЗАНОНИ СИЁСАТМАДОРИ ТАЪРИХ
Индира Ганди
Ӯ духтари адвокати машҳури Ҳиндустон Ҷавоҳирлаъл Неру мебошад, ки аз дасти террористон кушта шудааст.
Ҳамагӣ дусола буд, ки бо Маҳатма Гандӣ вохӯрд. Дар 7 – солагӣ дар зодгоҳаш миёни ҳамсолон “Иттиҳоди рушди бофандагӣ” - ро созмон дод. Индираи хурдакак ҳамон замон, вақти танаффуси коргарон, назди ҳамсолонаш суханронии таъсирбахше намуда буд.
Аз хурдӣ маълумоти хуб гирифт. Дар ин кор падараш ба ӯ ёрӣ расонд. Дар 48 – солагӣ Сарвазирии Ҳиндустон, вазифаи баландтарини давлатиро ба даст овард. Дар пешрафт ва беҳтар намудани авзои сиёсии кишвараш нақши созгор дорад.
Ин бону дар таърих ҳамчун сиёсатмадори маъруф шинохта шудааст. 
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


ДАРАХТИ НОДИР 
Дар шуъбаи табиати Осорхонаи миллии Тоҷикистон намунаи сангҳои қиматбаҳои конҳои Тоҷикистон, пайдоиши ҳаёт дар рӯйи Замин, гӯшаи палеонтология (организмҳои сангшуда) ба маъраз гузошта шудаанд, ки ҳаёти ҷамъияти ибтидоиро бозгӯ мекунанд. Аҷибтарин экспозитсияи ин шуъба дарахте бо баландии 3 метру 40 сантиметр аст, ки онро 19 ҳазору 536 барги аз сангҳои қиматбаҳо сохташуда, нишоне аз сарватҳои маъдании  Тоҷикистон оро медиҳанд.
Таҳияи Умар АЛӢ


ЭДИСОН ВА ТУХМИ МУРҒОБӢ
Вақте Томас Алва Эдисон ҳамагӣ шаш сол дошт, ҳаракатҳои мурғобиеро, ки болои тухмҳо менишаст, хеле бодиққат назора мекард.  Баъди чанде дид, ки аз зери қаноти мурғобӣ чӯҷачаҳо пайдо шуда, ҳар тараф медавиданд… Баъди чанд рӯзи ин воқеа Эдисони хурдакак, ногаҳон, ба куҷое ғайб мезанад. Пас аз кофтуковҳои зиёд модараш ӯро дар мурғхона, дар ҳолати аҷиб, пайдо карда, дар тааҷҷуб мемонад: кӯдак болои чанд тухми мурғобӣ дар интизори пайдо шудани чӯҷачаҳо ҳайрон менишаст.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


КОТАТСУ 
ИСТИФОДАИ ҶОПОНИҲО АЗ САНДАЛИИ ТОҶИКӢ
Ҳар гоҳе, ки Ҷопон мегӯем, пеши назар беихтиёр кишвари технологияҳои пешрафта ҳувайдо мегардад. Вале, шояд аксарият надонанд, ки дар зимистон ҳарорат дар манзили аксар ҷопониҳо ҳамагӣ ба 9 - 14 дараҷа баробар буда, қариб, ки сард аст. Барои гарм кардани он аксарият ҳатто аз кондитсионерҳо истифода намебаранд. Чунки дар ин кишвар қимати неруи барқ ниҳоят гарон буда, онро на ҳар оила супурда метавонад.
Пас онҳо зимистонро чӣ тавр паси сар мекунанд? Бисёрашон дар хона бо термолибос ва ҷемпер мегарданд. Кондитсионер дар манзили онҳое насб шудааст, ки даромадашон аз ҳисоби миёна болост. Баъзеҳо аз бухориҳои карасинӣ истифода мебаранд. Ин ҳолати ғайричашмдошт сайёҳонро, ки дар Ҷопон роботҳои азимро дидан мехостанд, сахт мутаҳаййир месозад. 
Ҳамчунин, дар зимистон барои ҷопониҳо истифодаи «котатсу» маъмул аст. Он мизест, ки болояш кӯрпа ва хон густурда, дар тахтаи зераш дастгоҳи гармидиҳӣ насб мекунанд. Зимистонро зери кӯрпа ё кампал мегузаронанд. Пештар зери миз оташдон сохта, аз ангишт ҳам истифода мебурданд. Баъдтар аз карасину газ ва ниҳоят аз котатсуи барқӣ, ки бехавфу бебӯй аст.
Пай бурдед, ки сухан аз сандалии тоҷикӣ бо такмили ҷопонӣ меравад? Зимнан, дар Ҷопон котатсу-сандалиро на танҳо дар хонаҳо метавон дид: ҳатто котатсу – қатора ҳам, ҳаст.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
"Итари бадам не-да!"
Ҷейди ҳаштсола дар Англия нобиға ҳисоб меёфт. Ба ғайр аз англисӣ бо забонҳои олмонӣ, франсузӣ ва испанӣ низ ҳарф мезад. Ин духтарак дар навохтани скрипка ва пианино ҳам моҳир буд, чун нависандаи беҳтарин дар байни наврасон сазовори ҷоиза гардид, бисёр китобҳоро ба забони ишора баргардонд. Муаллимаи риёзӣ, ки ба вай дарси хонагӣ медод, ҳанӯз аз дар набаромада, духтарак фарёд мезад: «Очаҷон, мисолҳоро ҳал намудам, боз ба чӣ кор машғул шавам?». Модар ӯро ба мактаби соҳибистеъдодҳо супурд, зеро дигар наметавонист маблағи дарсҳои хонагиро пардозад. Дар ин мактаб низ Ҷейд аз ҳамаи омӯзгорон донотар ба ҳисоб мерафт. «Ин аллакай аз ҳад гузаштан аст, ғайритабиист, ки беҳад доно бошӣ, итари бадам не-да!», - мегуфт модари ӯ хандида.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Боре олими ҷавону ҳавобаланде ба физики машҳур Томас Алва Эдисон чунин мегӯяд:
- Медонед устод, моейе кашф намудаам, ки ҳама чиро дар як лаҳза об мекунад.
- Ин олиҷаноб аст. Вале, лутфан, шаҳр медодед, ки агар моеи ихтироъкардаатон ҳама чизро дар як лаҳза об кунад, пас онро дар куҷо нигоҳ медоред, - бо табассуми маънидорона мегӯяд Эдисон.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


ЛУО 256 - СОЛА БУД  ЧӢ ҶОИ ТААҶҶУБ?
Агар дар рӯзи таваллуд ё дар айёми хурсандӣ наздикону пайвандон дусадсола ё ҳазорсола шавед, гӯянд, ҳаргиз ба тааҷҷуб наафтед. Ё дар ягон афсона фалон қаҳрамон 300 сол умр дид навишта бошанд, ҷойи ҳайрат нест. Зеро Луо Мейзен ном сокини кишвари Чин дуву ним аср, яъне 256 сол умр дида, ин ҳақиқатро собит кард. Ҳоло дар интернет акси пеш аз вафоташ ҷой дода шудааст, ки аз диданаш кас каме меҳаросад. Аммо нур дар чашмони Луо, яъне умеди зиндагӣ дар дилаш ҳанӯз боқӣ метобад.
Таҳияи Бузургмеҳр БАҲОДУР


10 МАВЗЕИ ҶОЛИБИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН
Чилучорчашма
Чилучорчашма яке аз ёдгориҳои табиӣ ва экологии Тоҷикистон мебошад. Ин зиёратгоҳ ва табобатгоҳи маъруф дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ҷойгир аст. Ба дидани 44 чашма, ки дорои таърихи беш аз дуҳазорсола мебошад, соли гузашта 150 000 ҳазор кас ташриф овард. То сохтани шабакаҳои обёрӣ дар давраи шӯравӣ аз таги теппаи начандон баланд панҷ чашмаи калон фаввора зада, ба 39 чашмаи майда тақсим мешуд. Оби ҳамаи чашмаҳо якҷояшуда, ҷӯйбори калони васеияш 12 - 13-метраро ташкил медиҳад ва дар он моҳии зиёде мавҷуд аст. Моҳиҳо бо ҷараёни об ба поён намераванд, балки дар худи сарчашма, дар масофаи 800 - 900 метр шино мекунанд.
Оби 17 чашмаи он шифобахш мебошад. Пажӯҳишҳои тиббӣ тасдиқ кардаанд, ки оби чашмаҳо барои рафъи бемориҳои чашм, меъдаю рӯда, пӯст, сармозадагӣ, фишорбаландӣ, устухондард, гӯшу гулуву бинӣ, ҷигар, санги талха ва безурётӣ бисёр муфид мебошанд. Ҳар як чашма хусусияти табобатӣ ва номи хос дорад: “Чашмаи морон», “Хунукзадагон”, “Устухондард”, “Табларза”, “Шифо” ва ғайра.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


10 ФАКТИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ МУСАВВАРАҲОИ РАССОМОНИ МАШҲУР
Соли 1961 дар Осорхонаи санъати муосири шаҳри Ню – Йорк воқеаи аҷибе рух дод. Баъд аз 47 рӯзи ба намоиш гузоштани асари “заврақ” - и рассоми машҳури Фаронса Анри Матисс, фаҳмиданд, ки онро чаппа овехтаанд. Асарро вақте ба ҳолати аввала баргардонданд, ки аллакай зиёда аз 116000 нафар онро тамошо карда буд. Чунин рӯйдодҳои аҷоиб, ки бо эҷодиёти рассомони машҳур рабт доранд, кам нестанд. Рубрикаи навбатии саҳифаи “Шоми шанбе” дар ин хусус нақл мекунад.

Портрете, ки дар 5 дақиқа офарида шуд
Боре рассоми номдор Пабло Пикассо аз нависандаи рус Иля Григорйевич Эренбург хоҳиш мекунад, то портрети ӯро офарад. Эренбург ин пешниҳоди дӯсташро бо камоли хушнудӣ пазируфт.
Тааҷҷубовараш ин, ки қаҳрамон ба нишастан фурсат наёфта, Пикассо дарҳол расмро омода кард. Эренбург аз ин ба ҳайрат афтод, зеро Пикассо дар муддати камтар аз 5 дақиқа сурати ӯро кашиду  гуфт: “40 сол боз ман туро мешиносам. Дар ин 40 сол ба шарофати ту кашидани портретро дар 5 дақиқа омӯхтам”.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


САРА -  МАЛИКАИ ЗАНБӮРОН
Дар зиндагӣ кам иттифоқ меафтад, ки аз табобат лаззат ҳам бурда бошед. Сара Мапелли, шаҳрванди Амрико, тавонистааст дар баробари табобат асари ҷозиби санъат низ биофарад. Аз ин ҷост, ки ӯро «Маликаи занбӯрон» ном мебаранд.
Ба ӯ яке аз шиносҳояш тавсия медиҳад, ки барои рафъи дарди китфонаш аз неши занбӯрҳо истифода барад. Дар оғоз ба баданаш занбӯрҳоро маҷбуран мечаспонду дарди ҷонкоҳеро эҳсос мекард. Вале, дар як муддати кӯтоҳ, ба ин амал одат карда, аз неши занбӯрон лаззат мебурдагӣ шуд. Барои ҷалби бештари занбӯрон ба баданаш моеи махсусеро мемолид ва қариб 12 ҳазор занбӯри асал ба баданаш мечаспид. Дар ин асно, ӯ рақси ҷолиберо иҷро мекард. Ҳаракатҳояш таҳти навои занбӯрон хеле дилкаш ба назар мерасид. Баъди ба охир расидани рақс Сара занбӯронро аз танаш меафшонд ва неши аз онҳо мондаро ба воситаи дастгоҳи махсус мечид.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


10 КИШВАРЧАИ БОЙ
6. Ноҳияи махсуси маъмурии Макао (Аомин)
Ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба сари ҳар нафар аҳолӣ баланд буда, 91 000 долларро ташкил медиҳад. 62500 нафар аҳолӣ дар масоҳати 27,2 километри мураббаъ ба сар мебарад.  Макао яке аз кишварҳои бойтарин дар рӯйхати 10-гона мебошад ва иқтисодиёти он аз тиҷорати бозиҳо ва сайёҳӣ вобаста аст.
Ҷойгиршавии кишвар дар назди Ҳонконг, вилояти Гуандуни Чин ва баҳри ҷанубии Чин, ҳамчунин, истироҳатгоҳҳои олиҷаноб онро ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштанию фароғатӣ табдил додаанд.  Дар ин ҷо таомҳои нодири кантонӣ ва португалӣ, ки зери таъсири Аврупо, Амрикои Ҷанубӣ, Африқо, Ҳиндустон ва Осиёи Ҷанубӣ - Шарқӣ мондаанд, мавқеи бештар доранд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


ДАСТХАТИ ЮРИЙ ГАГАРИН  БА МУЗОЯДА ГУЗОШТА ШУД
Дар хонаи музоядаи «Cazo» - и Фаронса дастхати Юрий Гагарин ба фурӯш гузошта шуд. Хабарро дар ин бора сомонаи «Эхо Москва» интишор дод. 
Дар хабар омада, ки нархи дастхат  наздики 15 - 20 ҳазор евро муайян гардидааст. Ба ғайр аз дастхат, боз 12 сурати се рӯз пеш аз фавташ гирифтаи кайҳоннавард ҳам, ба фурӯш бароварда мешавад.  Аз онҳо 11 - тоаш то имрӯз дар ҳеҷ куҷо интишор наёфтааст.
Ин нахустин бор аст, ки дастхат ва акси аввалин кайҳоннаварди ҷаҳон ба фурӯш бароварда мешавад. 
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


НOLLYWOOD
Яке аз нишонаҳои машҳуртари ИМА ин рамзи «НOLLYWOOD» мебошад. Он дар Лос  - Анҷелес, дар баландии 491 метр ҷой гирифтааст. Ин рамз соли 1923 гузошта шуда, дар ибтидо барои фурӯши хонаҳои нав хизмат менамуд. Баландии ҳар ҳарфаш 15 ва бари онҳо 9 метрро ташкил медод. Имрӯзҳо он рамзи киноиндустрияи машҳури Амрико ҳисобида мешавад.
Соли 1978 бо ташаббуси оҳангсоз Эллис Купер барои таъмир ва навсозии он 250 ҳазор доллари ИМА ҷамъоварӣ шуд. Пас аз навсозӣ баландии ҳарфҳо 13,7 ва барашон аз 9,3 то 11,8 метр тағйир ёфтанд. Ин рамзро аз ҳар гӯшаи Лос - Анҷелес дидан мумкин аст.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


11МУЪҶИЗАИ ЗЕРИ ЗАМИН
Зери замин ва асрори он аз давраҳои қадим диққати аҳли башарро ба худ ҷалб мекард. Фикр мекунам миёни хонандагони мо низ шумораи дӯстдорони олами аҷоибот кам нест. Бинобар ин, маълумоте чанд аз дунёи зеризаминиро манзури ҳаводорони саҳифаи «Шоми шанбе» менамоем.

1. Лунъю (Чин)
Ву Аная, яке аз бошандагони деҳаи Шиян Бейкуни Чин,  соли 1992 ба қароре меояд, ки оби ҳавзи деҳаро хушконад. Ӯ бовар дошт, ки ин ҳавз табиӣ набуда, дар он асроре нуҳуфтааст. Ҳамин тавр, баъд аз 17 рӯзи обпартоӣ дар қаъри ҳавз даромадгоҳе падид омад, ки диққати ҳамагонро ба худ ҷалб кард. Дохили ғор мисли шаҳри осебнадидае буд. Деворҳояш навишта ва расми парандаро доштанд.
 Мувофиқи тадқиқот замони сохтмони мазкур тақрибан ба солҳои 212 - и то милод рост меояд. Он айни замон 24 - умин кашфи ғорҳои сунъӣ маҳсуб ёфта,  мақсади бунёдаш то ҳанӯз муаммои сарбаста аст. Воқеан, масоҳати умумии ғорҳои то имрӯз ёфтшуда, зиёда аз 30 ҳазор метри мукаабро ташкил  дода, баландии баъзеи онҳо то ба 30 метр  мерасад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


Аз ҳаёти бузургони илму адаб
Шекспир
Осори адабии ӯ аз 38 пйеса, 4 достон, 154 сонета ва 3 китоб иборат аст.
* * *
Соли 1599 театри худро таъсис дод.
* * *
Дар «Ромео ва Ҷулйетта» калимаи «муҳаббат» 150 бор такрор шудааст.
* * *
«Макбет» яке аз пйесаҳои машҳуртарини Шекспир аст. Ҳисоб кардаанд, ки дар гӯшаҳои гуногуни дунё он дар ҳар 4 соат як бор намоиш дода мешавад.
* * *
Далелҳои зиёд ба фарзияе замина гузоштанд, ки зери тахаллуси Шекспир шахсияти тамоман дигари таърихӣ ниҳон аст. Яке аз онҳо граф Эдуард де Вер номбар мешавад. Дар нишони хонаводагии де Верҳо таҳамтане бо найзаи дорои навиштаҷоти  «Shakc – speares» тасвир шуда буд, ки тарҷумаи он «бо найза маҳбуткунанда» мебошад.  Эдуард де Вер ашрофзода буд ва он замон ашрофон барои мардуми авом навиштанро номақбул медонистанд.

АЗ ОСОРИ ШЕКСПИР
Агар дӯстиро бо хирад устувор насозанд, як аблаҳ онро барҳам медиҳад.
* * *
Ба ҳидояти ақл амал кун, на хашм.
* * *
Барои ба касе баҳо додан, қисмате аз сифатҳои ӯро  доштан даркор.
* * *
Муҳаббат аз даҳшати марг ҳам, пурзӯртар аст.
* * *
Шарафи ман зиндагии ман аст, ҳар ду аз як реша месабзанд. Агар шарафамро бигиранд, зиндагиам ба охир мерасад.
* * *
Хоҳиш падари андеша аст.
Таҳияи Қ. ДАВЛАТЁР


АЛМОСИ ҲАҶМАШ РЕКОРДӢ ЁФТ ШУД
Аз кони Дайавики Канада алмоси вазнаш 552 қирот (110,4 грамм) ёфт шуд. Дар ин бора ширкати «Dominion Diamond Mines» дар сомонаи худ  хабар додааст. Ба қавли шоҳидони ҳол, он аз алмоси ёфтшудаи соли 2015 калонтар буда, баробари тухми мурғ мебошад.
Воқеан, дар таърих алмоси калонтарини пайдогардида «Куллинан» бо вазни 3106 қирот мебошад. Санги қиматбаҳо 25 январи соли 1905 дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, аз кони ба Томас Куллинан тааллуқдошта, ёфт шудааст.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


ЯШИН -  БЕҲТАРИН ДАРВОЗАБОНИ ТАЪРИХ
Маҷаллаи маъруфи фаронсавии France Football, ки дар дунёи рӯзноманигории варзиш муътабартарин маҳсуб мегардад, даҳ дарвозабони беҳтарини олами футболро муайян кард.
Дар сархати ин раддабандии бонуфуз дарвозабони машҳуру достонзеби мунтахаби СССР ва «Динамо» - и Москва Лев Яшин қарор гирифт. Мақоми дувуму сеюм мутаносибан ба дарвозабонҳои англису итолиёвӣ Гордон Бэнкс ва Дино Дзофф мансуб дониста шуд. Ҷанлуиҷи Буффон («ПСЖ») ва Мануэл Нойери олмонӣ сазовори ҷойҳои чоруму панҷум гардиданд.
Петер Шмейхел (Дания), Зепп Майер (Олмон), Икар Касиляс (Испания), Эдвин ван дер Сар (Ҳолланд) ва Питер Шилтон (Англия) дар ҷойҳои аз 6 то 10-ум мавқеъ гирифтанд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2019    №: 45    Мутолиа карданд: 1168
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед