logo

фарҳанг

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ДАРГОҲИ УМЕД МУНАВВАР ШУД

Инак, як сол мешавад, ки аз оғози саҳфаи нав дар таърихи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек дар рӯзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва интернетӣ мунтазам мақолаву хабарҳои нав ба навро мехонему мешунавем. Сабаби таваҷҷуҳи зиёд ба ин масъала дар он аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон чандин сол аз ҳамдигар дур монда, робитаҳои дӯстӣ, муносибатҳои хешу пайвандӣ, пайвандҳои илмиву фарҳангиашон гусаста буд. Барқарор гардидани муносибатҳои дӯстона онҳоро ба ояндаи неки ин раванд  умедвор намуд.
Дар барқарор гардидани ин муносибатҳо, пеш аз ҳама, заковат, ҳиммат ва хидмати фарзонафарзандони ду миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бузург аст. Зеро ин ду сарвари дурандешу некбин тавонистанд исбот созанд, ки халқҳои тоҷику ӯзбек аз замонҳои қадим бо ҳам дӯстонаву аҳлона зиндагӣ кардаанд ва минбаъд ҳам чунин хоҳад шуд. 
Банда зодаи деҳаи Кӯли Шарифи ноҳияи Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошам. Имсол пас аз боз шудани сарҳадҳо ва ба имзо расидани созишномаҳо дар соҳаи илм ва маориф ба Душанбе омадам. Дар асоси шартномаи байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд  ба сафи докторантҳои ДМТ қабул шуда, айни замон докторанти Ph.D кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филология мебошам. Дар мавзӯи "Вижагиҳои савтӣ ва лексикӣ - семантикии ашъори шоирони сабки хуросонии адабиёти тоҷику форс" таҳти роҳбарии номзади илмҳои филология Маҳмаддовуд Саломов кори таҳқиқотӣ оғоз намудаам.
Ҳар субҳ аз хобгоҳи аспирантон сӯи донишгоҳ қадам бардошта, аз дидани зебоиҳои Душанбеи азиз, ки воқеан ҳам, хонаи умеду орзуи ҳамаи мо тоҷикони ҷаҳон гардидааст, хушнуд мегардам. Биноҳои бисёрқабатаи замонавӣ, мактабу донишгоҳҳои ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ, хиёбону боғҳои истироҳатии гулпӯши шаҳри Душанбе ба чашму қалби бинанда фараҳу шодӣ мебахшанд. Навиштаю овеза ва шиорҳое, ки аз ваҳдати миллиамон дарак медиҳанд, бо лафзи ширину ширадори тоҷикӣ сабт шудаанду ба мо рӯҳан неру илқо менамоянд. Кохи Наврӯзу Китобхонаи миллӣ, Парчами сарбаланду Нишони давлатӣ, пайкараҳои Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ ба ҳусни шаҳри азизамон шукӯҳу шаҳомати хосса зам намудаанд. Хиёбону кӯчаҳои сарсабзи маркази шаҳр худ бозгӯ аз маънавиёти баланд ва завқи волои роҳбари ҷавону сокинони он мебошанд.
Пайкараи устод Рӯдакӣ, ки рӯбарӯи Китобхонаи миллӣ қомат афрохтааст, аз фарҳангсолориву аҳли китоб будани миллатамон гувоҳӣ медиҳад. Дар олам кам кишварҳое ёфт мешаванд, ки мисли Тоҷикистон донишҷӯёни зиёди хориҷиро ба оғӯши худ гирифта бошад. Зеро ҳамагон медонанд, ки диёри тоҷикон ва миллати тоҷик аз қадимулайём илмдӯст буда, дар ҳамаи соҳаҳо мутахассисони басо оламшумуле тарбият кардааст.
Аз ин бармеояд, ки мардум ба фарҳанги худ арҷ мегузоранд. Либосҳои шинаму зебои миллие, ки занону духтарони тоҷик ба бар кардаанд басо зебанда аст. Бе дудилагӣ метавон гуфт, ки маҳз ҳамин тарзи либоспӯшӣ ба миллатамон хос буда, ҳар бинандаро аз покизагиву боиффатии бонувони тоҷик огоҳ мекунад.
Душанбе хонаи умеди ҳамаи мо тоҷикон аст. Даргоҳи умеди моро мардуми шарафманди Тоҷикистон ба ин дараҷаи зебоӣ ва шукуфоӣ расондаанд. Мо тоҷикон аз он сарфарозем, ки бо номи ҳамин давлати бузург имрӯз ҳастии худро дар арсаи байналмилалӣ собит менамоем. Дар ин бобат, беҳтар аз ин чи гуфта метавон, ки Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта: "Поянда бод Душанбе - шаҳри умеду армонҳо ва ягонагиву ваҳдати мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони тамоми ҷаҳон!"
Холмурод МУРТАЗОЕВ, докторанти ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2019    №: 46    Мутолиа карданд: 948
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед