logo

энергетика

Зиёда аз 160 ҳазор ҳисобкунаки электронӣ ба ҷумҳурӣ ворид шуд

Тарзи дурусти истифодаи нерӯи барқ, аз ҷумла ҳисобкунакҳои барқӣ, барои ҳар як сокини кишвар ҳатмист, зеро як омили хароҷоти зиёдатӣ ва зиён дидани мардум ин надонистани қонун ва ҳуқуқи худи онҳо мебошад. Барои ба ин масъала рӯшноӣ андохтан сӯҳбате оростем бо Ҷӯрахон Раҳимов, сардори агентии «Тоҷикстандарт».
-Дар хусуси истифодаи дурусти ҳисобкунакҳои барқӣ чӣ гуфта метавонед?
-Ҳисобкунак ҳамчун асбоби зарури истифодаи нерӯи барқ барои ҳар ду тараф: фурӯшанда ва истеъмолгар (харидор) муқаррар шудааст. Дар таҷриба баъзан ҳолатҳое рух медиҳанд, ки ҳисобкунак (шуморишгар) мавзӯи баҳс ва сабаби қатъ гардидани нерӯи барқ дар хоҷагиҳо мегардад. Масалан, нозири барқ ҳангоми тафтиш ба истеъмолгар маълум менамояд, ки ҳисобкунаки ӯ тамға (пломба) надорад ва ба ин далел дар ҳамон ҷо санад тартиб дода, ҷарима мебандад ва то пардохтани ҷарима қувваи барқро қатъ мегардонад. Истеъмолгар маҷбур мешавад, ки ҳисобкунакашро  иваз намояд ё ба Тоҷикстандарт барои тафтиш барад, ки ин амал бар хилофи қонун аст. Вобаста ба ин дар моддаи 6 қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» омадааст: «Баҳисобгирии моли (кори хизматрасонии) ҳаққонӣ гирифтаи истеъмолкунанда (кору хизмати ҳаққонии барояш иҷрокарда)-ро фурӯшанда бо тарозӯ, ба воситаи асбобу анҷом, ҳисобкунакҳо ва таҷҳизоти дигари меъёргирие, ки мақомоти давлатии стандартизатсия ва метрология санҷида тамға задаанд, таъмин менамояд. Ин асбобу анҷомҳо ва дигар асбобу анҷомҳои ҳисобгирии инфиродии миқдори моли гирифтаи истеъмолкунанда (кору хизматрасонӣ) моликияти фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) буда аз тарафи онҳо хизматгузорӣ мешаванд». Тавре ки бармеояд, таъмини аҳолӣ ё худ истифодабарандагони нерӯи барқ ба зиммаи ташкилоти хизматрасон гузошта шудааст ва ҳисобкунак моли шахсии истеъмолкунанда нест. Вай моли касест, ки ба истеъмолкунанда қувваи барқро мефурӯшад. Ба мисли он ки фурӯшандаи бозор бо тарозуяш борро баркашонда ба харидор мефурӯшад. Илова бар ин фурӯшандаи қувваи барқ ӯҳдадор аст, ки ҳисобкунакҳоро аз ташхиси мақомоти давлатӣ (Тоҷикстандарт) гузаронида тамға занад.
- Пардохти ҳаққи хизматрасон чӣ гуна бояд сурат гирад?
- Хизматрасон маблағи пардохтшавандаро пешакӣ муайян карда наметавонад. Мувофиқи қонуни зикргардида, касе, ки ба шумо хизмат мерасонад, музди меҳнаташро пешакӣ талаб карда наметавонад. Ин ҳолат аз тариқи илтимос ё ризоияти тарафайн метавонад сурат гирад. Ба ҳар ҳол дар қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» омадааст, ки «Истеъмолкунанда фақат маблағи миқдори муайяни моли гирифтааш (кори, хизмати ба ҷо овардааш)-ро пардохт менамояд».
-Ҳисобкунакҳое, ки ҳоло дар хонаҳо насб карда истодаанд, нисбати ҳисобкунакҳои қаблӣ чӣ фарқ доранд?
-То имрӯз ба ҷумҳурӣ зиёда аз 160 000 адад ҳисобкунаки нави барқии электронӣ, ки он аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҳукумати Швейтсария харидорӣ шудаанд, ворид гардида аз санҷиши озмоишгоҳи Тоҷикстандарт гузашта истодаанд. Аз ҷумла ҳисобкунакҳои барқии навъҳои DDS-666, DDS, DTS-634 истеҳсоли корхонаи ZHEJIAIVG CHINT INSTRUMENT & METER CO,, LTD Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, ҷавобгӯи талаботи стандартанд.
Ҳисобкунакҳои қаблии индуксионӣ, ки ҳоло ҳам дар бисёр хонаҳо мавриди истифода қарор доранд, чандон боварибахш нестанд, зеро аз рӯи мушоҳидаҳо баъзе истеъмолгарон ба фиребу найранг ва сохтакориҳо роҳ медоданд. Мизоҷон баъзан онҳоро ба фоидаи худ истифода бурда чапаю роста тоб дода, дар натиҷа ҳазорҳо КВт. нерӯи барқро тариқи ройгон аз худ мекарданд. Аз ин рӯ бо воридшавии ҳисобкунакҳои нави барқии электронӣ ва насби онҳо дар хонаҳо минбаъд ба талафи нерӯи барқ роҳ дода намешавад. Ҳисобкунакҳои нави электрониро бояд фурӯшандагони нерӯи барқ дар хонаҳо насб кунанд ва ба ҳоли дурусти онҳо назорат баранд.
Бартарии дигари ин ҳисобкунакҳо дар он аст, ки ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ хеле дақиқ сабт мегардад. Онҳо чунон ҳассосанд, ки ҳатто ҳангоми васли телефони мобилӣ дар ноқилҳои барқӣ кор мекунанд. Яъне дараҷаи ҳассосияташон дар сабти ҳаҷми нерӯи барқ хеле баланд аст.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5199
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед