logo

иқтисод

МОИ "КӮЛОБ". ҚАДАМ БА СӮИ ҲАДАФИ ЧОРУМ

Ҳукумати кишвар ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ– саноатикунонии мамлакат тасмим гирифт, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ташкил карда шавад.
Тавре Ҷовид Ҳусейнов, корманди масъули сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, минтақаи нав дар назди фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб  дар масоҳати 309 гектар доман паҳн карда, шаклан саноатӣ-инноватсионӣ хоҳад шуд. МОИ «Кӯлоб» ҷиҳати рушди саноат дар шаҳр, ки дар аҳди шӯравӣ аз марказҳои саноатии кишвар ба шумор мерафт, нақши калидӣ хоҳад бозид. Ҳамчунин, ба ин васила, барои сокинони шаҳр ва навоҳии атроф ҷойҳои нави кор фароҳам оварда мешаванд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ чор минтақаи озоди иқтисодӣ амал мекунад: «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим». Ҳар кадоми онҳо вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ хусусият ва таъйиноти вижаи худро доранд. Фаъолияти онҳо амалан собит намуд, ки МОИ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди иқтисоди миллӣ дар асоси технологияҳои инноватсионӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, боло бурдани иқтидори содиротии кишвар ва ташкили ҷойҳои нави кор фишанги муассир аст.
Ба ин, аз ҷумла натиҷаҳое гувоҳанд, ки соли гузашта минтақаҳои озоди иқтисодӣ ноил гаштанд. Ба маблағи 141,7 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ бароварда шуд: дар МОИ «Суғд» 116,1 миллион, «Данғара» 25,3 миллион, «Панҷ» 0,293 миллион ва «Ишкошим» 0,036 миллион сомонӣ. Дар маҷмӯъ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз ибтидои фаъолияти ин минтақаҳо то кунун беш аз ним миллиард сомониро ташкил дод.
Айни замон ҳамчун субъектҳои МОИ 71 ширкати ватанию хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст. Шумораи кормандон беш аз ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Соли гузашта ба ин минтақаҳо қариб 60 миллион сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шуд, ки ҳиссаи асосии он ба минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара” (36,8 миллион) ва “Суғд” (19 миллион) рост меояд. Аз оғози фаъолияти МОИ ҷамъулҷамъ 1,72 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ба онҳо ворид шудааст.
Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2019    №: 46    Мутолиа карданд: 1025
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед