logo

иқтисод

ЛАХШ. УФУҚҲОИ ТОЗАИ РУШД

Рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Лахш уфуқҳои тоза касб менамояд. Соли 2018 барои мардуми меҳнатқарини он давраи бобарору комёбиҳо буд.
Тавре Баротзода Файзулло Раҷаб, раиси ноҳия, зимни суҳбат гуфт, бо заҳмату талошҳои мардуми ноҳия дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳои назаррас  ба мушоҳида мерасанд.
- Ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳия, пеш аз ҳама, ба иҷрои нақшаҳои ҷамъоварии андозҳо ва ғанигардонии буҷети маҳаллӣ вобаста мебошад. Соли гузашта нақшаи андоз 101,5 дарсад иҷро гардид, - гуфт раиси ноҳия.
Корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 10 миллиону 590 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 2 миллиону 518 ҳазор сомонӣ ё  31,2 дарсад зиёд аст.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ назар ба соли пешӣ 627 ҳазор сомонӣ афзуда, 357 миллиону 952 ҳазор сомониро ташкил дод. Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талоши мардум дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ барзиёд иҷро гардида, ба ҷои 2500 гектари пешбинишуда дар 3033 гектар картошка кошта шуд. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 101321 тонна картошка истеҳсол гардид, ки дар муқоиса бо соли 2017 беш аз 14 ҳазор тонна зиёд аст. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  ба нақша гирифта шудааст, ки соли равон миқдори муайяни заминҳои бекорхобидаро ба гардиши кишоварзӣ дароранд. Дар ноҳия заминҳои киштбоб, ки ба обёрӣ ва тахту ҳамвор кардан ниёз доранд, зиёданд.
 Чорводорӣ низ дар ноҳия сол ба сол рушд мекунад. Саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия қариб ба 28 ҳазор сар ва чорвои майда ба 130503 сар расидааст. Боду ҳавои ноҳия барои парвариши қутос мусоид буда, ба ин масъала аҳамияти хосса зоҳир мешавад. 
Бо ҷалби техникаву механизмҳои идораҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ дар деҳаи Қарошӯра навсозии пули мошингузар ба маблағи 9 ҳазор сомонӣ ва барқарорнамоии пули мошингузари Ҷамоати деҳоти Сартало бо малағи 400 ҳазор сомонӣ ба анҷом расид.
Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва соҳибкорону шахсони алоҳида  дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 101,7 километр роҳҳои маҳаллиро таъмиру шағалпӯш намуданд.
Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019 - 2021 дар деҳоти ноҳия сохтмони варзишгоҳҳо, китобхонаву ҳаммом, корхонаҳои хурди дӯзандагию бофандагӣ ва кашидани хати оби ошомиданӣ ба роҳ монда мешавад. Бовар аст, ки давоми се сол бо дастгирии мардуми бонангу ори ноҳия нақшаҳои мазкур амалӣ мегарданд. 
Лахш бо манзараҳои зебо ва ҷойҳои диданибоб яке аз мавзеъҳои хуби сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Ҳоло бо ҷалби соҳибкорон дар ноҳия 6 меҳмонхона ва 7 ошхонаи миллии замонавӣ фаъолият мекунад. Ҷавонони боистеъдод ва забондони ноҳия сайёҳонро роҳбаладӣ менамоянд. Ҳамчунин, дар маркази ноҳия ва мавзеъҳои сайёҳӣ марказҳои савдои ҳунармандони маҳаллӣ бунёд ёфтаанд. Соли 2018 ба ноҳия 1500 сайёҳ, аз ҷумла 159 сайёҳи хориҷӣ, ташриф овард.  Дар ноҳия ду ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфт.
Бо ибтикори раиси ноҳия 150 бонуи имконияти ҷисмониашон маҳдуд ба ҳунаромӯзӣ ҷалб ва бо риштаҳои ранга ва таҷҳизоти дӯзандагию бофандагӣ таъмин гардид. Онҳо аллакай нозукиҳои касбро омӯхта, дар хона маҳсулоти бофандагию дӯзандагӣ омода менамоянд. Маҳсулоти тайёрнамудаи занону духтарони маъюб дар фурӯшгоҳҳои маркази ноҳия бо нархҳои дастрас ба савдо гузошта шудаанд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2019    №: 46    Мутолиа карданд: 876
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед