logo

туризм

ХИЗМАТРАСОНӢ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ

Ба андешаи коршиносони соҳа, бунёди меҳмонхонаҳои замонавӣ ва ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ яке аз омилҳои асосии рушди туризм  ба ҳисоб меравад. Зеро аз таҳлилҳо бар меояд, ки туристон ҳангоми саёҳат, пеш аз ҳама, ба сифати роҳ ва сатҳи хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳову соҳаи нақлиёт таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳанд.
Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, дар кишвар 170 меҳмонхона мавҷуд аст, ки миёни онҳо “Серена Душанбе”, “Ҳаят Реҷенси Душанбе”, “Лотос”, “Азия гранд ҳотел”, “Гулистон”, “Истиқлол”, “Атлас”, “Сафир” ва “Роҳат” бо хизматрасонии босифаташон шуҳратёранд. Ҷиҳати рушди инфрасохтор ва ташкили ҷойҳои нави корӣ соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан, Ваҳдат, Исфара, Панҷакент, Кӯшониён, Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг, Хуросон, Зафаробод, Мурғоб ва Ёвон меҳмонхонаҳои хурду бузург бунёд гардида, ҳамзамон сохтмони 41 меҳмонхонаи дигар идома дорад.
Тавре Фаттоҳ Файзуллоев, раиси Ассотсиатсия созмонҳои мададрасони рушди туризм дар Тоҷикистон, иброз дошт меҳмонхонаҳои манотиқи Зарафшону Бадахшон дар ҳолати хуб қарор дошта, сатҳу сифати хизматрасонӣ ва инфрасохтори ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ доранд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои дурдаст давра ба давра инфрасохтори меҳмонхонаҳо ва сатҳи хизматрасонӣ хубтар шуда истодааст. Барои мисол, метавон меҳмонхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Шамсиддини Шоҳин ва Муъминободро номбар кард, ки бо назардошти анъанаҳои миллӣ бунёд ёфта, ҳамзамон таъриху фарҳанг ва урфу одатҳои қадимаи халқро ифода менамоянд. 
Мутахассисон иброз медоранд, ки яке аз омилҳои рушди соҳаи сайёҳӣ мавҷудияти шабакаи меҳмонхонаҳо (меҳмонхонаҳои бо ҳам муттаҳид, ки аз тарафи як ё якчанд нафар идора карда мешаванд) мебошад. Вале, мутаассифона, ҳанӯз дар кишвар шабакаи меҳмонхонаҳо вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, бо ҷалби  соҳибкорону сармоягузорон, дар минтақаҳои туристии кишвар ташкили шабакаи меҳмонхонаҳо бо як ном ё ба истилоҳ – бренд ба манфиати кор аст. Ё ин ки сохтани меҳмонхонаҳои бренди ҷаҳонӣ ба ғайр аз шаҳри Душанбе дар дигар минтақаҳо низ ба рушди соҳа мусоидат мекунанд. 
Мушкили дигар теъдоди ками меҳмонхонаҳо дар манотиқи баландкӯҳ, ки ба сифати мавзеъҳои сайёҳию рекреатсионӣ эътироф шудаанд, мебошад. Аз ин рӯ, баҳри пешрафти соҳаи туризм бунёди мотел, ҳостел, ҳомстей ва гестҳаусҳо дар Искандаркӯл, Артуч, Ромит, Сари Хосор, Чилдухтарон ва Чилучорчашма муҳим аст. Аз ҷониби дигар, дар шаҳру навоҳии мамлакат бояд меҳмонхонаҳои хурд ва ё ҳостелҳоро бунёд кард, ки барои  ривоҷу равнақи туризм, махсусан агротуризм, яъне сайёҳии деҳот,  мусоидат менамоянд. Ба гуфтаи Фаттоҳ Файзуллоев, чунин меҳмонхонаҳо бояд дар назди шоҳроҳҳо ва минтақаҳои сайёҳие, ки аз маркази шаҳрҳо дар масофаи дур ҷойгиранд, сохта шаванд. Зеро агар онҳо аз як тараф инфрасохтори соҳаро таъмин намоянд, аз тарафи дигар боиси болоравии сатҳи зиндагии сокинони маҳалҳо мегарданд.  Чунин таҷриба дар кишварҳое, ки сайёҳии пешрафта доранд, самараи дилхоҳ додаанд. Ин таҷриба дар мавзеъҳои сайёҳии наздикии кӯли Байкал (Россия) ва шаҳрҳои атрофи он, минтақаи Иссиқкӯл (Кирғизистон), ки дар онҳо садҳо меҳмонхонаҳои хурду бузург сохта шудаанд, васеъ истифода мешавад.
Ба гуфтаи коршиносон, амалӣ гаштани ин тадбирҳо соҳаи сайёҳиро ривоҷу равнақ бахшида, имиҷи кишварро ҳамчун мамлакати сайёҳӣ ва дорои хизматрасонии арзанда дар арсаи ҷаҳон боло мебардорад.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2019    №: 46    Мутолиа карданд: 1702
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед