иқтисод
“ТОҶИКСТАНДАРТ”. МАҚСАД - ТАЪМИНИ СИФАТ
- Фаъолияти Агентии «Тоҷикстандарт» ҳамчун мақомоти назоратӣ ва санҷишӣ бевосита ба ҳифзи беҳбудии рӯзгори мардум нигаронда шудааст. Кормандони мақомот барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи соҳаи саноат аз ашёи хоми пастсифат, пешгирии истеҳсоли молҳои ғайристандартӣ ва баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ талош намуда, ҳамкориро бо истеҳсолкунандагону соҳибкорон тақвият доданд.
Дар баробари ин, қабули ҳуҷҷатҳои меъёрӣ - техникии талаботашон ҳатмӣ дар раванди назорати бозори истеъмолӣ ба пешрафти кори соҳа мусоидат намуд. Дар натиҷаи гузарондани назорати давлатӣ соли сипаришуда дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба миқдори 3 138 тонна маҳсулоти хӯроквории ғайристандартӣ, аз қабили маҳсулоти гӯштӣ, қаннодӣ, ширӣ, равғани рустанӣ, нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ, қандакҳои чинӣ ва орди гандумӣ, ки қисми зиёдашон воридотӣ ба ҳисоб мераванд, ошкор ва ғайристандартӣ дониста шуданд, - гуфт Қудрат Давлатзода, директори агентӣ.
Ҳамзамон, молу маҳсулоти ғайриғизоӣ, аз қабили 3539 кг масолеҳи сохтмонӣ, 2 347 дона фурӯзонаки тафсон ва 1236 адад каммасраф, 75 726 литр сӯзишворӣ, 82 876 дона бозича, 883 қуттӣ тамоку, 717 кг маводи парфюмерӣ, 16124 адад маводи парфюмерии ширкати «Фаберлик», 18600 метр ноқил аз муомилот гирифта шуда, барои коркарди дубора ё нобудсозӣ супурда шуданд. Аз ҷониби мутахассисони агентӣ барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ - техникӣ, вориду фурӯши маҳсулоти бесифат ва хатарнок, риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 6018 ҳолат ба маблағи умумии 1 521 850 сомонӣ ҷарима таъйин ва ба буҷаи давлатӣ пардохт гардид.
Тавре Қ. Давлатзода зикр намуд, дар ин давра тавассути гузарондани вохӯрӣ ва семинар - машваратҳо бо истеъмолкунандагон, фурӯшандагон ва соҳибкорони воридкунандаи молу маҳсулот корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои савдо ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тақвият дода шуд. Дар натиҷа аз ҷониби соҳибкорони масъулиятнок бо мақсади нобудсозии 19023,8 литр нӯшокиҳои муҳлати истифодаашон гузаштаи тамғаи «Амазон» аз ҶДММ «Амазон», 13 964 кг ғизои кӯдакона (шоколад, панир, яхмос) аз ҶДММ «Рӯшон», 16124 адад маводи парфюмерии ширкати «Фаберлик», 1565 кг маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҶДММ «АВФ», 6840 кг аз ҶДММ «Реал Трейдинг» ва 4012 кг аз ҶСК «Фаровон» дархост ворид гардид. Мавриди зикр аст, ки соли 2017 ҳамагӣ ду субъекти хоҷагидор барои нобудсозии маҳсулоти ғайристандартӣ муроҷиат намуда буданд.
- Агентии "Тоҷикстандарт" дар фаъолияти минбаъда низ бо мақсади татбиқи қонунҳои амалкунанда, таҷҳизондани озмоишгоҳҳои ташхисии соҳа, мусоидат ба тақвияти воридотивазкунандагии истеҳсолоти ватанӣ, ҳамоҳангсозии стандартҳои давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, тақвият додани назорати бозори истеъмолӣ ҷиҳати пешгирии воридоти маҳсулоти бесифат ва хатарнок ба нақша гирифта, дар ин самт бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст. Оянда низ кӯшиш менамоем, ки бо масъулияти дучанд фаъолият намуда, дар татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат саҳми арзанда гузорем, - гуфт Қ.Давлатзода.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.03.2019 №: 46 Мутолиа карданд: 992