logo

иқтисод

300 ИНШООТИ ҶАШНӢ. НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

Сокинони ноҳияи Деваштич чун дигар шаҳру навоҳии кишвар талош доранд, ки дар пайи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои сазовор истиқбол намоянд.

Тавре Маъмур Шарифзода, муовини раиси ноҳия, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, бахшида ба ҷашни миллӣ дар ҳудуди ноҳия бунёду навсозии беш аз 300  иншооти маъмурӣ, таълимӣ, тандурустию фарҳангӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Соли сипаригашта бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва сармоягузорони маҳаллию хориҷӣ 29 иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Имсол эъмори 110 иншооти ҷашнӣ дар назар аст.
- Айни замон дар шаҳраки Ғончӣ сохтмони биноҳои маъмурии шуъбаҳои адлия, нозироти андоз, раёсати молия, дар Ҷамоати деҳоти Яхтан боғчаи бачагона, маркази саломатӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 17 ва дар дигар деҳаҳо бунёди иншооти зиёди ҷашнӣ идома дорад, - гуфт Маъмур  Шарифзода.
Бинои шуъбаи адлия аз ду ошёна, ҳуҷраҳои корӣ ва толори маҷлис иборат мебошад ва барои кормандони шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораи нотариалии ноҳия пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонии бинои маъмурии нозироти андози ноҳия соли гузашта шурӯъ шуда, бинокорон 65 дарсади корҳоро ба субут расондаанд. Бинои маъмурии раёсати молияи ноҳия дуошёна буда, бо арзиши 3 миллион сомонӣ сохта мешавад.
Дар доираи корҳои созандагӣ бунёди боғчаи бачагона ба маблағи 5 миллион сомонӣ барои 240 кӯдак идома дорад. Бо мақсади беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ маркази нави саломатӣ дари худро ба мардум боз хоҳад кард.
Ҳамчунин, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 17, ки солҳои 80 – уми асри гузашта бунёд ёфтааст, бо харҷи 6 миллион сомонӣ пурра таъмир мегардад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2019    №: 46    Мутолиа карданд: 1150
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед