logo

президент

Машварати корӣ дар ҳузури Сардори давлат

18 январи соли 2010  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили барқарорсозии мавзеъҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Ванҷ, омодагӣ ба маҷлиси ҷамъбастии солона, рафти иҷрои буҷети давлатӣ, фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун, таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои иҷрои пешниҳодҳои соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, татбиқи нақшаҳои сершумор дар соҳаи энергетика, рафти ниҳолшинониву  боғдорӣ, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва ба ду конфронси байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҳарчи зудтар шароити зисти муваққатӣ барои  аҳолии аз заминларза зарардидаи ноҳияи Ванҷ муҳайё карда шавад ва онҳо аз кӯмакҳои моддию маънавӣ бархӯрдор бошанд. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки баҳри дар ҷойҳои бехатар барои онҳо бунёд намудани манзилу деҳаҳои нав тадбирҳо андешида шаванд.
Дастур дода шуд, ки тамоми пешниҳод ва дархостҳои соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, ки дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо ва тавассути почтаю воситаҳои ахбори умум манзур гаштаанд,  ҳангоми таҳияи нақшаи чорабиниҳо баҳри омӯзиш ва иҷро ба инобат гирифта шаванд.
Ҳамчунин барои кашидани хатҳои нави интиқоли нерӯи барқ ва бо суръату сифати баланд татбиқ намудани нақшаҳо баҳри бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги обӣ масъулон супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Дастур дода шуд, ки баҳри вусъати корҳои ниҳолпарварӣ, бунёди боғҳои наву барқарорсозии боғоти кӯҳна ва ҳамчунин саривақт оғоз кардани киштукори баҳорӣ ва таъмини хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифат чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди  масъулин ҳамчунин баҳри омодагӣ ба Конфронси байналмилалии об ва ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ, ки соли равон дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, вазифаҳои мушаххас гузошт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3453
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед