logo

маориф

ТАРБИЯ. ҲИССИ ХУДБАҲОДИҲИИ КӮДАКРО ТАКМИЛ ДИҲЕМ!

Аксари муҳаққиқони фарохназари соҳаи педагогика, психология ва умуман мактабу маориф тарафдори омода кардани танҳо мутахассисони ин ё он соҳа не, балки одамони неку наҷиб ва ғамхору башардӯст ҳастанд, ки фаъолиятҳои худро барои хушнудии башарият мебахшанд.
Барои дуруст ба роҳ мондани ин ҳис дар замири  хонандаи хурдсол тарбияи рӯҳияи башардӯстонаи омӯзгорон зарур аст. Яъне, чӣ бояд кард, то шогирд пас аз камоли касб кардан, дар баробари пеш бурдани як соҳа, инчунин, ба шахсони касбу кори дигар, пиру ҷавон ва дар маҷмӯъ, ба атрофиён эҳтирому ихлоси махсус пайдо кунад ва аз худписандӣ  эмин бошад? Аз ҳама муҳим, чунин эҳсосро дар омӯзгорон чӣ тавр бояд инкишоф диҳем?
Барои ин ба хонанда дуруст баҳогузорӣ кардани рафтори худ ва атрофиёнро бояд омӯзонд. Омӯзгор агар ҳисси кунҷкобӣ, интиқодӣ ва худтарбиякунии кӯдакро бедор карда тавонад, танзими раванди таълиму тарбия осон хоҳад шуд. Маънои он дар сабуктар намудани ҷиддияту серталабии методӣ аст, ҳарчанд, ки аз он пурра даст кашидан имкон надорад. Ҳадафи асосӣ аз шогирд иродаи устувор, мақсаднокӣ, зеҳн, қобилият ба худмаҳдудкунӣ ва худсайқалдиҳиро тақозо мекунад. Маҳз аз ҳамин гуна афрод олимон ба камол мерасанд. Ин чунин маъно дорад, ки зимни таълим ба манфиатҳои шахсии шогирд такя кунем ва онҳоро наомӯхта инкор нанамоем. Дар ин маврид, ду қоидаи муҳим ҳаст. Аввал, ҳадафҳои дар назди худ гузоштаи омӯзгор ба манфиатҳои ӯ мухолиф набошанд ва дувум, талаботро нисбат ба таълиму тарбия ба таври ғайрииҷборӣ васеъ намоем. Зимнан, муаллим дар худинкишофёбии кӯдак ёрирасон мешавад ва ба ин вазифаи ӯ ҳама усулҳо ва кораш оид ба мушоҳидаи шогирд бо мақсади ошкорсозии сифатҳои фардӣ ва муайянкунии самти ҳаракати шахсиаш дар рафти таълим бояд мутобиқат кунанд.
Мақсадгузории навъи дигар дар таълим ба инобат гирифтани қобилиятҳои шогирд аст, ки бештар аз он агар талаб гардад, фаъолнокии шуури кӯдак тезонда шавад, вай зуд аз хондан дилгир шуда,  ноуҳдабаро мешавад. Яъне, аз ӯ тақозо кардани танҳо он чи, ки ӯ аз уҳдааш мебарояд, ба ӯ имкон додани интихоби фанҳои мавриди таваҷҷуҳаш, санҷидани муваффақиятҳои ӯ на аз рӯи меъёрҳои идеалии умумӣ, балки аз натиҷаи худаш ҳосилкарда ҳувайдо мегардад. Дар ин ҳолат, ҳадафи таълим аз комёбшавии маҳдуду танги касбӣ ба идеали худтакмилдиҳӣ тамоюл меёбад, ки муҳтавои он на аз рӯи китобҳои таълимӣ ё сабақҳои омӯзгор, балки бештар аз ҷониби худи шогирд дар асоси таҷрибаи ҳаётии вай ва баҳодиҳии дурнамоҳои худ муайян карда мешавад.
Педагогони машҳур пешниҳод мекунанд, ки бахши махсуси фанҳои тарбиявие таҳия шавад, ки бо усули тадқиқотии машқӣ - бозии коллективӣ асос ёфтаанд. Шогирдон дар шароити мушкили хусусияти ахлоқидошта тавассути муҳокимаву тадқиқи он бояд ҳалли дуруст ёбанд. Пайдост, ки зимнан аъзои гурӯҳ дар амал рафъ намудани низоъҳоро ба таври табиӣ пайдо мекунанд. Ҳамин тариқ, тарбия барои онҳо на танҳо омӯзиши одӣ, балки бо ҳаёташон пайванд меёбад.
Мисқол СОДИРОВА,
мураббияи мактаб - интернати № 2, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.03.2019    №: 48    Мутолиа карданд: 1219
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед