logo

фарҳанг

АГАР МОДАРРО ДӮСТ МЕДОРЕМ...

Модаре, ки маломати дунё кашида, гарму сарди рӯзгор дида, заҳри ранҷу ғам чашида, худро дигар заифу нотавон дида ва дар хилвати ҷаҳонаш орамидааст.
Оре,  «вақте ба ҷаҳли ҷавонӣ бонг бар модар задам. Дилозурда ба кунҷе нишаст ва гирён ҳамегуфт: «Магар хурдӣ фаромӯш кардӣ, ки дуруштӣ мекунӣ?».
Дуруштӣ бисёр кардем, аммо ба инкор лаб бар сухан мекушоем ва ин ҳақиқатро мехоҳем рад намоем. Не, ин аъмолро зишттару бадтар аз дуруштӣ бояд бихонему аслро бидонем.
Мегӯем, ки модар сарчашмаи ҳаёти башарият ва пайвандгари наслҳост.
Мегӯем, ки модар тимсоли зиндагии ҷовидона мебошад.
Мегӯем, ки бо шарофати модар умр рангину зебо, дилкашу дилрабо аст.
Мегӯем, ки модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад.
Мегӯем, ки модарро ҳамеша дӯст доштаему ба қадри заҳматҳояш расидаем.
Мегӯем, ки биҳишт зери қудуми онҳост, аммо барояш дӯзах эҷод менамоем.
Ин як ҳақиқат ҳеҷ исботро намехоҳад, ки ғаму ранҷи ҷаҳон нахуст аз дили модар мегузарад.
Агар фарзанд бемор аст, ӯ мурдааст. Ва агар мурдааст, ба ҳар рӯз ҳазор бор мемирад. Ва зинда мешавад, то аз нав бимирад.
Агар ҳам нимаҷон асту муштипар, барои ҳифзи фарзанд дар худ тамоми неруи ҷаҳонро пайдо мекунад ва мисли шери жаён меояд.
Агар ҳазор тир ба сӯяш биафкананд, худро сипар месозад, то ҷисму ҷони фарзанд дар амон бошад.
Ҳақ аст, ки аз душманон ба дӯстон тавон шикоят бурдан. Аммо агар дӯст душман бошад, ба кӣ шикоят мебарӣ?
Не, модар дар асл ҳеҷ душман надорад. Ҳама фарзандони ҷаҳон фарзандони ӯянд. Агар бар пойи яке хоре бихалад, ӯ оҳ мекашад ва ин хору ранҷи онро дар дили худ меёбад.
Магар кам мусибат эҷод кардем барояш? Ва оё ин аст сазояшу ҷазояш? Ин бар ивази меҳрубониҳои ӯст? Ба ин хотир моро бо ҷон парвард ва барои ҳастиямон бо марг рӯ ба рӯ шуд?
Модар мебинад, мешунавад, ки бар асари ҷангҳо, ҷаҳолатҳо, макру фиребу найрангҳо, қудратхоҳон фарзандони ӯ мемиранд.
Даҳшатзотар аз ин нест, вақте бародар барои маҳви бародар силоҳ ба даст мегирад. Ва ҳам мекушаду метарконаду хароб месозад.
Ин гурӯҳҳо, ҳизбҳои одамхору одамрабо маҳсули эҷоди кист? На фарзандони ӯ?
Магар осон аст дидани қатлу марги кӯдакони бегуноҳи сайёра? Хазандагону дарандагон ва ҳам ҳайвонҳои баҳрӣ бо дидани ин фоҷиаҳову бераҳмиҳои бузурги инсонӣ ба даҳшат афтоданд.
Бечора модар нони бе риққат наметавонад бихӯрад.
Бечора модар наметавонад пеши роҳи оби чашмашро бигирад.
Бечора модар ранҷ мебарад, ки дар ин арса ҳама фарзандони ӯ ҳастанду ҷанг эҷод мекунанду сулҳу амну осоиштагӣ ва ободиву шукуфоиро аз миён мебаранд.
 Занони бордор, эй марди ҳушёр,
 Агар вақти валодат мор зоянд.
 Аз он беҳтар ба наздики хирадманд,
 Ки фарзандони ноҳамвор зоянд.
Барҳақ, агар модар медонист, ки фарзандаш қотил мешавад, ҳаргиз розӣ намегардид, ки чашм ба олами ҳастӣ бикушояду ӯро ба воя бирасонад. Аз Офаридгор мехост, ки шир барои ин гуна фарзанд, ки бар Модар, бар Ватан, Инсоният хиёнат мекунад, заҳр бигардад.
Фарзанд агар барои Ҳастӣ саъй мекунад, талош меварзад, модар ифтихор менамояд. Агар ҳам дар ин роҳ мемирад, бар асари маргаш сарафканда намешавад.
Модар имрӯз аз даҳшату ваҳшату кушторе, ки сайёра – Заминро ҳукмрон аст, осоишро аз даст додааст.
Модар медонад, ки афзоишу таҳдидҳои ҷаҳонӣ чи оқибатҳои баде дар пай доранд.
Модар медонад, ки вазъи ноустувори ҷаҳон ба нафъи фарзандони асилу сулҳхоҳи ӯ нест.
Модар медонад, ки ҷангу низоъ даҳшат буду мемонад ва дар онҳо бо ҳазор роҳ фарзандони ӯ қурбон мешаванд.
Модар медонад, ки ҳар фитна, ҳар ҷанг, ҳар андешаи бад бенавоӣ, қашшоқӣ, бадбахтиро эҷод мекунанд.
Модар медонад, ки вазъи сайёра – Замин дар ин ду-се соли охир бадтар мешавад, на беҳтар.
Модар медонад, ки терроризму экстремизм бадтар, даҳшатзотар аз силоҳи ҳастаӣ ва оқибати нохуши он мебошад.
Аз ин рӯ, модар ба фарзандони баномуси худ рӯ оварда, таманно мекунад, ки дунёро аз ин даҳшатҳо, ҷангҳо наҷот бидиҳанд.
Аз ин рӯ, модар даст ба дуо, ба сӯи Офаридгор боло бардоштаву зорӣ менамояд, ки бо тараҳҳуму лутфи худ сулҳ, амну осоишро оламгир бисозад.
Ӯ дигар аз маломат, аз надомат, аз заҳмат, аз куштору ғорати фарзандони беномусаш хаста шудааст.
Ӯ намехоҳад бубинад, ки марг бар ҳастӣ, бадӣ бар некӣ, агарчи ба ин бовар надорад, ғолиб биёяд.
Ӯ дунёро ободтар, зеботар ва фарзандонашро дар паҳлуи худ дидан мехоҳад.
Ӯ мехоҳад шод бошад, на ғамгин, хандон бошад, на гирён.
Агар ӯро, модарро дӯст медорем ва хостаҳояш бароямон қимат доранд, пас бетараф набошем. Охир, ӯ ҳарчиро, ки мехоҳаду дӯст медорад, на барои худ аст, барои мо аст, барои мо – фарзандон ва ояндаи дурахшони мову ҷаҳон.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.03.2019    №: 48    Мутолиа карданд: 1035
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед