logo

фарҳанг

КИТОБҲОИ РОҲНАМО

Асару корномаҳои сулҳовар ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мақолаву китобҳо, рӯзномаву маҷаллаҳои дохиливу хориҷӣ, инчунин, сомонаҳои интернетӣ дарҷ ёфтаанд, бояд аз ҷониби донишмандону муҳаққиқон мавриди омӯзишу таҳқиқоти густарда ва таснифбандиву даврабандии вижа қарор гиранд. Чунки омӯзиши асарҳои пурғановати Пешвои миллат ва дигар асарҳои марбут ба кору фаъолияти ин абармарди тоҷик ва дар амал татбиқ намудану ба онҳо пайравӣ кардан, аз як тараф, ба баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ваҳдатгароии насли наврас ва ҷавонон, ки бунёдгарони фардои давлату миллатанд, таъсири мусбат мегузорад ва онҳоро аз инҳироф боздошта, ба роҳи росту пиндори нек, инсондӯстиву меҳанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ҳидоят менамояд, аз тарафи дигар, давраҳои пешрафту тараққиёти давлати тоҷикон, дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад, яъне осоишу рифоҳи мардум, авҷи қудрату тараққиёти кишвар, пешрафту густариши илму фарҳанг ва тиҷорату дипломатияи тоҷик ба ному фаъолияти ин фарзонафарзанд бастагӣ дорад.
Воқеан, омӯзишу баррасӣ ва муаррифиву омӯзондани китобҳои Пешвои миллат ва асарҳои марбут ба ӯ, ки фарогири тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими сулҳу субот ва якпорчагиву ваҳдати миллати тоҷик, рушди иқтисоду сиёсати дарҳои боз, пешгирии терроризму экстремизм ва ҷинояткории трансмиллӣ ва ғайра мебошад, метавонад дар ҳалли масоили глобалӣ ва доғи рӯзи ҷаҳон нақши калидӣ бозад. Ба таъкиди Мартин Лиз, собиқ ректори Донишгоҳи сулҳи СММ: «Иҷлосияи XVI қарори хирадмандона ва муҳимеро қабул кард, ки Эмомалӣ Раҳмоновро ба ҳайси Сарвари давлат интихоб намуд. Маҳз пас аз ин қарори барои кишвар тақдирсоз, раванди сулҳ шакли воқеиро касб кард. Имрӯз таҷрибаи ҳалли мусолиҳатомези низоъ дар Тоҷикистон метавонад дар дигар нуқтаҳои даргири мухталифи ҷаҳон бомуваффақият истифода шавад».
Ногуфта намонад, ки асарҳои арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳамияти тарбиявиву ахлоқӣ ва ваҳдатгароиву худшиносии миллӣ доштан, аз назари илмиву адабӣ ва таърихиву динӣ (мазҳабӣ) низ арзиши баланд доранд. Бавижа, олимону донишмандони ватаниву хориҷӣ ба асарҳои Пешвои миллат дар бораи таъриху тамаддун, забон, ҳаёту фаъолияти Имоми Аъзам (Абуҳанифа) ва дигар чеҳраҳои мондагор баҳои баланди илмӣ додаанд. Чунончи силсилакитоби «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён» бо чандин забони хориҷӣ тарҷума шуда, дар бисёр кишварҳои бонуфузи ҷаҳон бо теъдоди зиёд нашр гардидааст.    
Ҳамин аст, ки дар мавриди шинохту муаррифӣ ва бо мақсади фароҳам овардани фонди алоҳидаи ҳуҷҷатҳои расмии давлативу асноди марбут ба фаъолияту корномаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 01. 11. 2012 дар сохтори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Вале бо вуҷуди дастовардҳо, дар ин самт дар дастрасии асарҳои марбут ба Пешвои миллат ва муаррифиву шинохти онҳо бархе масоиле ба назар мерасад, ки ҳалли онҳо амри зарурӣ мебошад:  
1. Бо теъдоди кам нашр шудани китобҳои Пешвои миллат ва дигар асарҳои марбут ба ӯ.
2. Дар дукону мағозаҳои китобфурӯшӣ дастрас нагаштани ин китобҳо. 
3. На дар ҳамаи китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва макотиби таҳсилоти умумӣ китобҳои зикршуда мавҷуданд.
4. Дастрасии китобҳои Пешвои миллат ва асарҳои марбут ба кору фаъолияти ӯ дар шабакаи интернет, бавижа дар китобхонаҳои электронӣ, мушкил аст. Яъне, барои муаррифӣ ва шинохти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чи бо роҳи дастрасии шакли электронии китобҳо бошад ва чи ба таври онлайнӣ дар интернет шароит фароҳам оварда нашудааст. Агар баъзе сомонаҳоеро, ки бархе аз асарҳои Пешвои миллат ё асарҳои марбут ба ӯро дар сомонаҳояшон ҷой додаанд, сарфи назар намоем, то ҳол дар шабакаи интернет сомонае барои дастрасии китобҳои Пешвои миллат ё матлабу китобҳои марбут ба ӯ махсус гардонда нашудааст. Масалан, «Китобхонаи электронӣ» дар сомонаи хеш бахшеро махсуси китобҳои Пешвои миллат намудааст, ки на ҳамаи асарҳоро фаро мегирад. Дар бахши сомонаи мазкур, ки «Китобҳои Президент» унвон гаштааст (http://maschool.tj/library/cilmi.php?id=155), ҳамагӣ 19 китоби электронӣ ҷой дода шудааст. 
То имрӯз асаре, ки фарогири тамоми паҳлуҳои эҷодиёти Пешвои миллат ва асарҳои марбут ба ӯ бошад, ҳанӯз аз ҷониби муҳаққиқон тадвин нашудааст. Китобномаҳо ё феҳристҳои номгӯйи асарҳои марбут ба Пешвои миллат, ки аз ҷониби китобноманависон (библиографҳо) таҳия ва нашр шудаанд, ҳарчанд дар мавриди дарёфти асарҳо ё маводҳо дар ин самт ба муҳаққиқону коршиносон кумак намуда, ҳамчун равзана барои пайдо кардани маълумот хизмат намояд ҳам, ба хонанда дар шинохти асарҳои марбут ба Пешвои миллат ва мазмуну муҳтавои онҳо маълумоти лозимаро дода наметавонанд...
 
АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди бунёд гузоштани пояҳои давлати миллии тоҷикон, хомӯш сохтани ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ, баргардондани муҳоҷирон ба Ватан, пойдор сохтани сулҳу субот ва муттаҳид намудани мардуми тоҷик зери як парчам (чи тавре ки Пешвои миллат менависанд) ба «ҷустуҷӯи нақши гузашта аз саҳифаҳои куҳани таърихи диёр, аз осори шаҳристонҳои вайронаву нимвайронаи сарзамини аҷдодӣ, аз миёни гарду чанги асрҳо пардохта», асарҳои гаронарзиши хешро навиштанд. Ногуфта намонад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асарҳояшонро на ҳамчун Сарвари давлат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ҳамчун як тоҷик ва шаҳрванд навиштаанд.
Асарҳои фарогири суханронӣ, паём, мақола, мусоҳиба, муроҷиатномаҳо ва ғайраро низ метавон маҳсули эҷоди ин абармарди миллатсоз ва сулҳовари тоҷик донист.
Асарҳои то ба имрӯз таълифнамудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳашт адад мерасад, ки ба таъриху дин ва забону адабиёт бахшида шудаанд ва дар ин миён ду асари Пешвои миллат силсилакитоб ба шумор меравад. 
1. «Тоҷикон дар оинаи таърих»: Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён» силсилакитоб буда,  аз чаҳор китоб иборат аст. Китоби мазкур аз нахустин асарҳои эҷоднамудаи Пешвои миллат маҳсуб меёбад, ки соли 1996 зери унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли китобча ба чоп расида, нашри такрории он соли 1999 анҷом ёфтааст. Китоби мазкур дар китоби ҷомее, ки фарогири чаҳор китоб буда, зери унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён» соли 2009 ба нашр расидааст, дар китоби якум ҳамчун фасле бо номи «Тоҷикон дар оинаи таърих» ҷой гирифтааст. 
Инчунин, китобчаи мазкур соли 1997 ҳамчун дастури таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи махсус ва олӣ низ таҳия гардидааст.
Дар мавриди навиштани китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар маросими рӯнамоии китоб дар кишвари Кувайт чунин изҳор доштаанд: «Ба иншои китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» даст заданам, тасодуф набуда, амри ногузири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Дар ин даврони нав мо роҳи худшиносӣ ва эҳёи халқамонро пазируфта, ба мероси гузашта чун манбаи зиёбахши бунёди ҷомеаи нав ва ваҳдати мардуми кишварамон эҳтиром мегузорем».
Дар силсилакитоби мазкур таъриху тамаддуни бостонии ориёӣ  ва таърихи пурғановати тоҷик дар такя ва заминаи манбаъҳои боэътимоди таърихӣ ва тадқиқотҳои пурмуҳтавои донишмандону муҳаққиқони ватанию хориҷӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Асар фарогири масъалаҳои таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии қавми ориёнажоди Осиёи Миёна дар робита ба тамоми эрониён буда, дар ин пажӯҳиши судманд масоили ташаккули халқиятҳои ориёӣ, густариши тамаддуни он, падид омадани давлатҳои тавоною мутамарказ, нақши гузаштагони миллати тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо нигоҳу диди нав  ва дар такя ба дастовардҳои нави илмӣ баррасӣ шудаанд.
Асар дар ҷодаи баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва бедор намудани ҳисси масъулиятшиносиву худогоҳии ҳар фард дар назди Ватану миллат аҳамияти бузург дорад.
Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо чандин забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо забонҳои русӣ, форсӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, арабӣ, ҳиндӣ ва чинӣ бо теъдоди зиёд нашр шудааст.
2. «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ». Китоби мазкур ба муносибати «Соли тамаддуни ориёӣ» эълон гаштани соли 2006 навишта шуда, аз муқаддимаву хотима ва панҷ боб  иборат мебошад. Китоб ҷанбаи таърихӣ дошта, мавзӯъҳои он таъриху тамаддун ва давлату давлатдории ориёиҳо ва, инчунин, оинҳои то зардуштӣ, зардуштӣ, монавия ва маздакияро дар бар мегирад.
Китоб дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расида, аз 372 саҳифа иборат аст.
3. «Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам». Китоб соли 2009 ба муносибати 1310-солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти Имом Абуҳанифа таълиф ёфта, аз чаҳор боб ва 368 саҳифа иборат аст ва фарогири мавзӯъҳои заминаҳо ва таърихи пайдоиши мазҳабҳои исломӣ, зиндагинома, осору фиқҳи Имом Абуҳанифа ва пайдоишу ташаккули мазоҳиби аҳли суннат ва ҷамоат мебошад.
4. «Имоми Аъзам – рӯзгор, осор ва афкор». Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби мазкурро соли 2009 ба муносибати Соли бузургдошти Имом Абуҳанифа навиштаанд, ки аз се боб ва 416 саҳифа иборат буда, бо забонҳои тоҷикиву арабӣ дар як муҷаллад ба чоп расидааст.
Китоб фарогири вазъи сиёсиву иҷтимоии замони зиндагонии Имом Абуҳанифа ва зиндагиномаву осору афкори ӯ мебошад. Пешвои миллат дар китоби мазкур Имом Абуҳанифаро бунёдгузори гуфтугӯйи тамаддунҳо номида, навиштаанд: «Имоми Аъзамро воқеан, метавон поягузори созиши тамаддунҳо, ба истилоҳи имрӯза гуфтугӯйи тамаддунҳо номид». Дар идомаи сухани хеш дар мавриди усули фиқҳии Имом Абуҳанифа ва сабаби навиштани китоби мазкурро чунин маънӣ додаанд: «Аз нигоҳи имрӯз аҳамияти ин муносибати усулии Абуҳанифа дар он аст, ки бар хилофи баъзе гурӯҳҳову мазҳабҳои навбаромади ба ном «исломӣ», ки ҳеҷ арзише ба суннату фарҳанги миллӣ намегузоранд, ҳамчун яке аз манбаъҳои истинботи ҳукми шаръӣ қабул шудани «урф» худ ҷавоби муносиб барои ин гурӯҳҳо аст, то ба мардум бифаҳмонем, ки равиши онҳо ба равиши фарҳангии мазҳаби ҳанафияи мо билкул бегона аст».
5. «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ». Китоб аз муқаддима бо номи «Бишнав аз най…», шаш фасл, охирсухан – «Мо барои васл кардан омадем…» ва мусаввараҳои асримиёнагиву муосир, ки бозтоби ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти Мавлоно мебошанд, иборат аст.
Пешвои миллат китоби мазкурро ба хотири инсонсозии ҷомеаи башарӣ, ки ҳадафи меҳварии таълимоти Ҷалолиддини Балхӣ маҳсуб мешавад, таълиф намудааст. Инчунин, китоб тарғибгари ақоиду андешаҳои инсониву ахлоқии ин орифи тавонои тоҷик, монанди асолати инсонӣ – сирати маънавиву ахлоқии инсон, рукнҳои бунёдӣ ва аслии ҷавҳари инсонӣ – ахлоқ, адаб, суннат ва фарҳанг, ахлоқи ҳамида ва рукнҳои волои он – вафодорӣ, шафқат бар заифон, эҳтироми худу дигарон, ростӣ, эҳсон, хоксориву фурӯтанӣ, саховату каромат, зарурати дӯстиву рафоқат ва ҳамкориву ҳамбастагии халқу миллатҳо, эътирофу эҳтироми байниҳамдигарии дину мазҳабҳо ва қавму миллатҳо ва дигар хислатҳои ҳасанаву ҳамидаи инсонӣ мебошад.
Китоб соли 2012 дар матбааи «Бухоро» бо ду хат – тоҷикӣ ва форсӣ дар як муҷаллад нашр шуда, аз 132 саҳифа иборат аст.
6. «Забони миллат – ҳастии миллат». «Забони миллат – ҳастии миллат» силсилакитоб буда, китоби якуми он зери унвони «Ба сӯйи пояндагӣ» соли 2016 ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба нашр расидааст. Китоби мазкур аз 516 саҳифа иборат буда, аз панҷ боб ва муқаддимаву хотима иборат мебошад.
Ҳарчанд дар самти забоншиносии тоҷик корҳои судманде аз ҷониби донишмандону пажӯҳишгарони забони тоҷикӣ чи дар дохили кишвар ва чи дар хориҷ анҷом шуда бошад ҳам, китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» аввалин китоби ҷомеест, ки масири тайкардаи забони тоҷикиро аз умқи таърих то ба асри XIII бо ҳама паҳлуҳояш бозгӯ менамояд.
Боби меҳварии китоб «Саргузашти таърихии вожаи «тоҷик» ва «забони тоҷикӣ» буда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби мазкур ва бахшҳои он ба муҳимтарин ва чолишбарангезтарин мавзӯъҳои илми забоншиносӣ, чи дар таърихи дури он ва чи дар имрӯз, ист намуда, бо далоили зиёди раднашаванда таърихи вожаи «тоҷик», «забони тоҷикӣ», муродифҳои он, замону макони пайдоиши онро бозгӯ мекунанд ва ба хонанда оид ба худшиносиву худогоҳии миллӣ маводи муфиду омӯзанда ва роҳнамову ҳушдордиҳанда дода, омӯзишу пажӯҳишро дар ин росто тақозои замон ва «вокуниш бо дасисаву дурӯғбофии душманон ва бадбинони мардуми тоҷик» ба қалам медиҳанд.
7. «Чеҳраҳои мондагор». Пешвои миллат дар китоби «Чеҳраҳои мондагор»  зиндагинома, осор ва пайкори 25 чеҳраи баргузидаи илмӣ, адабӣ, динӣ, мазҳабӣ ва таърихиву сиёсиро мавриди таҳлилу баррасии густарда қарор додаанд. Китоб ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст.
Дар китоб оид ба зиндагиву корнамоии Куруши Кабир, Спитамен, Зардушт, Монӣ, Маздак, Муҳаммад (с), Имоми Аъзам (р), Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода маълумоти арзишманди илмӣ гирдоварӣ шудааст.
Пешвои миллат дар мавриди таълифи китоби «Чеҳраҳои мондагор» дар муқаддимаи китоб навиштаанд: «Омӯхтани рӯйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, ба онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем».
Китоби «Чеҳраҳои мондагор» аз 364 саҳифа иборат буда, соли 2016 рӯи чоп омадааст.
8. «Уфуқҳои истиқлол». Китоби «Уфуқҳои истиқлол» китоби тозанашри Пешвои муаззами миллат аст, ки аз сарсухану муқаддима ва шаш боб иборат буда, дар он муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардидаанд.
Китоб соли 2018 дар «Ганҷ-нашриёт» ба табъ расида, аз 436 саҳифа иборат аст.
Пешвои миллат илова бар эҷоди асарҳои пурмуҳтавову роҳнамои хеш наздик ба 20 мақола таълиф намудаанд, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои ватаниву хориҷӣ ба нашр расидаанд ва сиёсати дохиливу хориҷӣ ва ташаббусҳои байналмилалии кишварро ба баррасӣ кашидаанд...
Мақолаи «Китобҳои роҳнамо» дар фарогирии ин мавзӯъ қатрае аз баҳр буда, ба хонанда ба таври умумӣ дар бораи китобҳои Пешвои миллат маълумоти мухтасару фишурда медиҳад.
Тавре зикр гардид, бо вуҷуди дастовардҳо дар дастрасии асарҳои марбут ба Пешвои миллат ва муаррифиву шинохти онҳо бархе масоиле ба назар мерасад, ки ҳалли онҳо амри зарурӣ буда, чораандешӣ дар ин самт аз фоида орӣ нест:
1. Муҳимтарин асарҳо дар ин росто, ки бояд тамоми қишри ҷомеаи тоҷикзабонон ба онҳо дастрасӣ дошта бошанду китобҳои рӯйимизии кормандону хизматчиёни давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, сархатибону имомхатибони масоҷиди ҷомеи марказиву ҷомеъ, омӯзгорону кормандони Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлативу ғайридавлатӣ бошанд.
2. Дар ҷаҳони муосир ва модерн, ки тараққиёту пешрафти техникаву технология ва хизматрасониву иттилоърасонии электронӣ ба таври динамикӣ боло мераваду рушд мекунад, таҳияи махзани ягонаи электронии китобҳо дар шабакаи ҷаҳонии интернет амри зарурӣ ва ҳатмист.
3. Ба роҳ мондани фаҳмондадиҳӣ ва муаррифии осори Пешвои миллат аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагиҳои Ҳизби Халқии Демократӣ дар мақомоти мазкур, ҷамоати шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳал, сархатибон ва имомхатибону имомони масоҷиди марказӣ, ҷомеъ ва панҷвақта миёни мардум муассир аст. Масалан, дар  хонондану шунавондани ду асари пурарзиши Пешвои миллат дар бораи ҳаёту фаъолият ва афкору осори саромад ва бунёдгузори мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ Имом Абуҳанифа маъруф ба Имоми Аъзам («Имоми Аъзам – рӯзгор, осор ва афкор» ва «Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам») дар масоҷид ва меҳмонхонаҳои маҳалҳо дар шинохти мазҳаби ҳанафӣ ва Имоми Аъзам, ҳувияти миллӣ ва хусусан асолати ислом, саҳми арзандае доранд.
4. Насли наврас, ки неруи созанда ва бунёдгарони фардои давлату миллат ба шумор мераванд, ҷиҳати баланд бардоштани меҳанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносии миллии онҳо китобҳои Пешвои миллат ҷузъи барномаҳои дарсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ гардонда шавад.
М. ХОЛИҚОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.03.2019    №: 48    Мутолиа карданд: 1324
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед