logo

фарҳанг

НАВРӮЗ: ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

Наврӯз аз муқаддастарин ва муборактарин ҷашнҳои  мардуми ориёинажод мебошад. Абурайҳони  Берунӣ Наврӯзро Иди Соли Нав, Иди Сари Сол низ меномад.
Таърихи пайдоиши Наврӯз гуногун мебошад. Як ривояти басо дилангез дар бораи  ин ҷашни бузург чунин  аст: "Гӯё, рӯзе шоҳаншоҳ Ҷамшед бар золимон ва девон ғолиб омада, тахте сохт ва бо он ба осмон парвоз карда,  аз Худои мутаол хоҳиш кард, ки гармову сармо ва беморию бадбахтиҳоро аз сари мардуми азизаш дур созад. Ин дуои неки  Ҷамшед бар Худованди бузург писанд омаду мустаҷоб гардид ва бадбахтиҳову офатҳо аз сари мардум бардошта шуд".
Мардум ин рӯзро дар зиндагиашон рӯзи нав хонданду баъдҳо он бо номи Наврӯз машҳур гардид. Яъне, рӯзи наву бахти нав ва саодати бузургро ҳар сол ҷашн гирифтанд. То ба имрӯз одамон дар ин рӯз ба якдигар бо дуои хайр саломатӣ ва орзуҳои некро таманно мекунанд.
Ҳамин тавр, дар муддати ҳазорсолаҳо мардуми ориёинажод бар сарнавишти талху ширин ва ташаккулу инкишофи давру замон, ҳукмфармоии дину оинҳо, аҷнабиён ин ҷашни бобоиро муқаддас шуморида, чун гавҳаракаи чашм ҳифз намудаанд ва бо як меҳру муҳаббати хосса дастраси мардумони дигар гардонданд. Ин ҷашни муқаддас дар тамоми Тоҷикистони соҳибистиқлол   бо тамоми шукӯҳу  шаҳомат таҷлил мегардад. Наврӯз баъди соҳибистиқлол шудани кишвар мазмуни нав пайдо кард. Ба шарофату ташаббуси Пешвои миллат, Президенти азизи мо Наврӯз ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ гашт. Яъне, онро бо тамоми  шукӯҳу шаҳомат дар бисёр кишварҳои дунё ҷашн мегиранд. Агарчи дар таҷлили он тағйирот ба чашм мерасад,  аммо ҷавҳар як аст. Дар арафаи Наврӯз хонаҳоро рӯбучину тоза карда, оро медиҳанд ва гандумро тоза намуда, дар зарфи махсус месабзонанд. Аз  рӯи  он пешбинӣ месозанд, ки сол чи гуна меояд. Ба истиқболи  ин ҷашн дастархонро бо ҳафтсину ҳафтшин, таомҳои   болаззат ва ҳалвою шириниҳои гуногун зинат  медиҳанд. Аз ҳафт дарахт ҳафт шохча бурида, ба рӯи дастархон мегузоранд. Бозиҳою дилхушиҳо ташкил мекунанд ва сайру тамошои беруна баргузор мегардонанд. Хӯроки асосии ин ҷашни бузургро суманак ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, ҳамаи мо масъулият дорем ва вазифаи аввалиндараҷаамон аст, ки шукӯҳу шаҳомати ин ҷашни фархундаро боз ҳам афзунтар гардонем.
Майсара ФОЗИЛБЕКОВА, омӯзгори мактаб – интернати махсуси таҳсилоти асосии № 2, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2019    №: 51    Мутолиа карданд: 977
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед