logo

фарҳанг

АЗ ФАҲМИ СУХАН ТО МЕҲРИ ВАТАН. ДАР БОРАИ ТАНОСУБИ ВАЗН ВА МУҲТАВО ДАР ҒАЗАЛИЁТИ МУҲАММАД ҒОИБ

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб адибест, ки рашҳаи қалами ӯ имрӯзҳо ҳам ба сурати назм ва ҳам наср ҳамвора пешкаши алоқамандон мегардад. Китоби тозанашре, ки аз ин адиби заҳматписанд дар даст дорем, маҷмӯаи ғазалиёташ мебошад. Дар ин маҷмӯа таҳти унвони “Сесаду шасту шаш ғазал” ҳамин миқдор ғазал аз эҷодиёти шоир ҷамъ оварда шудааст. Аз унвони мармузи маҷмӯа пайдост, ки шоир ба жанри ғазал инояти зиёд дорад. Паҳнои васеъ ва имконоти жанрии фарогири қолаби ғазал ба шоир имкон медиҳад, ки ғаму шодии рӯзгор, пастию баландии зиндагӣ ва даҳҳо мавзӯъҳову мазмунҳои дигарро ба андеша гирифта, бо мақсади ҳамроҳ бо хонандаи хушзавқ қисмат кардани сӯзу созҳои шоирона ва муаррифии мавқеи иҷтимоӣ ғазал бигӯяд.
Ғазалҳои таркиби маҷмӯаи мазкури Муҳаммад Ғоибро аз чандин нигоҳ баррасӣ кардан мумкин аст: сохторшиносӣ, хусусиятҳои ғоявию бадеӣ, ҳузури шахсияти ғиноӣ, басомади авзон, таносуби вазну муҳтаво ва ғайра, ки ҳар кадом аз мушаххасоти мазбурро метавон ба сурати ҷудогона мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод. Аммо, дар ин миён диққати моро, пеш аз ҳама, корбурди сара аз вазнҳои арӯзӣ ва муҳтавои ғании ғазалҳо ба худ ҷалб кард.
Зимнан, басомади авзони арӯзӣ ва баррасии муҳтавоии ғазалҳо, дар навбати худ, ду масъалаи алоҳидаи серпаҳлуе ҳастанд, ки ҳар кадом бояд бо таваҷҷуҳ ба мушаххасоти хосси сохторӣ, мазмуну мундариҷа, имконоти ихтиёрдории гӯянда дар офариниш, маърифати ҳунарии падидаҳои адабӣ ва дигар ҷанбаҳои завқӣ муфассал таҳқиқ шаванд. Ин масъалаҳо фаслҳои муҳиме аз поэтикаи ғазалиёти Муҳаммад Ғоиб мебошанд, ки муҳаққиқи хушзавқеро нигаронанд.
Агар баҳрҳои истифодакардаи шоирро аз нигоҳи миқдори авзон ба ҳисоб бигирем, тартиби баҳрҳо ва басомади арӯзии онҳо чунин аст: рамал - 168 ғазал дар 8 вазн; ҳазаҷ - 96 ғазал дар 6 вазн; музореъ - 62 ғазал дар 2 вазн; раҷаз - 16 ғазал дар 2 вазн; муҷтас - 14 ғазал дар 2 вазн; хафиф - 4 ғазал дар 1 вазн; мунсареҳ - 3 ғазал дар 1 вазн; сареъ - 2 ғазал дар 1 вазн; мутақориб - 1 ғазал дар 1 вазн.
Бояд ба ҳисоб гирифт, ки дар муайян кардани теъдоди вазнҳои арӯзӣ вазнҳоеро, ки бо зиҳофҳои наздик ба ҳам дар рукни охирин фарқ мекунанд, ба мисли азоҳифи мақсуру маҳзуф, аҳтаму маҷбуб ва азалу абтар як вазн ҳисоб карда шудаанд.
Тибқи равиши пажӯҳишие, ки мавриди назар қарор додаем, шеър бо таваҷҷуҳ ба вазну муҳтаво ва муносибати миёни онҳо, қабл аз ҳама, ба ду дастаи ба ҳам зидди мазмунҳои шод ва ғамангез ҷудо мешавад. Ин табақабандии содаест, ки, агар мувофиқи он ба мутолиаи муҳтавоии ғазалҳои Муҳаммад Ғоиб оғоз кунем, ба басомади зиёди мазмунҳои ғамангез рӯ ба рӯ мешавем. Сабаб дар чӣ бошад?
Шеър зодаи дард аст ва аввалин шеър дар зеҳни инсон ҳам аз дард сарчашма гирифтааст. Ин маънӣ аз шеъри нахустини маҷмӯаи ашъори Муҳаммад Ғоиб низ хонда мешавад, ки бо байти зерин оғоз мешавад:
Хӯшаи иқболам аз дони алам рӯидааст,
Донаи мақсудам аз саҳрои ғам рӯидааст.
Ғаму шодӣ аз ҷумлаи мафҳумҳои равонии тавъам бо ҳастии огоҳонаи башарият ҳастанд, ки ҳамеша шарики зиндагии инсонҳоянд, ба монанди гардиши шабу рӯз. Таносуби миқдорию сифатии онҳо сарнавишти инсонҳоро муайян месозанд.
Ҳамраҳи азалии банӣ - инсон будани ғамро шоир аз гиряи баъд аз таваллуди кӯдак мушоҳида кардааст:
Тифл бе гиря наояд ба ҷаҳон,
Ҳар кӣ ояд ба ҷаҳон, ғамдор аст.
Ин гиря, ки нишонаи ғам аст, ба гунаҳои гуногун дар ҳамаи давраҳои ҳаёти банӣ - башар ҳузур дошта, дар оғоз бо садо ва рафта-рафта ба сурати гиряи бесадо зуҳур мекунад. Гиряи бидуни овози мард ҳосили сахттарину пурсӯзтарин дарду аламу ҳасрати одамӣ мебошад. Маҳз ҳамин гиряи бидуни садо аст, ки бештар онро ҳунармандони дорои эҳсоси нафису нозук, ба монанди шоирони огоҳу хештаншинос, беш аз дигарон дарк мекунанду ба воситаи калом (алфоз) дар қолаби шеър бо ҳамдардон қисмат мекунанд:
Зиндагонист умеде, ки барои асараш
Шодӣ аз ғуссаи пайваста таманно дорам...
Об аз дидаи ман рӯзу шабон мерезад,
Бори ғамҳои ҳама ташнаҷигарҳо дорам.
Ба назар мерасад, ки Муҳаммад Ғоиб аз назари тафаккури эҷодӣ дар эҷоди ғазал бештар шоири ғамошност, то шодигаро. Ғами матраҳ дар шеъри шоир аз ғаму ғуссаи гӯянда оғоз гардида, бо шинохти ҷомеаву дардҳои он ва мушкилоти ҷаҳони муосир паҳнои васеъ пайдо мекунад. Масалан, аз ҷумлаи дардҳое, ки дар шеър тобиши ҷадид пайдо кардааст, дарди сухан мебошад, ки маншаи он номуси ватандорист:
Сар мешавад дарди сухан аз меҳру номуси Ватан,
Дилро қалам кардам, ки фарқ аз беқаламҳоям кунед.
Ҳамин тавр, падидаҳои иҷтимоӣ ва ҳувияти фардӣ дар коргоҳи эҷодии шоир ба ҳам гираҳ мехӯранд, шахсияти шоир бо андешаи созанда дар ҷомеа ҳулул мешавад.
Зайлан муносибати миёни вазн ва муҳтаворо дар ғазалиёти Муҳаммад Ғоиб бо таваҷҷуҳ ба касрати истифодаи вазнҳо менамоёнем. Вазнҳое, ки басомади боло надоранд, ба ҳисоб намеоянд, вале дар шумори умумӣ ворид ҳастанд. Чунки ҳамроҳ бо муайян кардани чигунагӣ ва моҳияти таносуби вазнҳо бо муҳтаво дараҷаи инояти шоир ба ин ё он авзони арӯзиро ҳам намоёнидан мумкин аст.  
Рамали мусаммани маҳфуз. Ин вазн бо шасту ҳашт мавриди истифода пуркорбурдатарин қолаби арӯзӣ дар маҷмӯи ғазалҳои мавриди баррасӣ ба ҳисоб меояд. Ин вазн ба сабаби ҳомили оҳанги матину суръату шитоб дар хондан будан ва созгорӣ бо фазои иҷтимоӣ, ки аз маҷмӯи бурду бохтҳо иборат аст, дар ғазалсароӣ корбасти васеъ дорад. Шоир дар қолаби ин вазн бештар мазмунҳои ғамангез,оҳангҳои иҷтимоӣ ва нангу номусро сурудааст. Мазмуни хосе, ки дар қолаби вазни мазкур басомади зиёд дорад, сӯхтанҳои шахсияти ғиноӣ дар ғами Ватан ва дардҳои он мебошад. Аз ҷумла, “Қиссаи ҷамъи парешон”, ки моҳияти қавии иҷтимоӣ дорад, дар ҳамин вазн бозгӯ шудааст.
Рамали мусаддаси маҳфуз. Ин вазн аз бисёр ҷиҳат шабеҳ ба вазни болоист, вале шакли мусаддас ба шоир имкони фарохи ҷавлони андешаро фароҳам меоварад. Аз ин ҷост, ки дар ин қолаби арӯзӣ шоир чиҳил ғазал суруда, бештар мавзӯъ ва мазмунҳои Тоҷикистон, Ватан, ватанпарварӣ, зиндагӣ, ҳикмати зиндагӣ, сухан, ҳувияти инсонӣ, асирию озодагӣ, сози замона, сарнавишт, ному нанг, неку бадро ба намоиш гузоштааст.
Дар вазни мазкур Муҳаммад Ғоиб ғазалҳои дилнишин сурудааст, ба мисли ғазале, ки бо мисраи “Чашмро дар ашки худ тар мекунам” оғоз мешавад. Ду байти хуби зерин аз ҳамин ғазаланд:
Дӯстам ранги бародар  гаштааст,
Душмани худро баробар мекунам.
Ва:
Дигарон фикри маҳал доранд агар,
Ман, Муҳаммад, фикри кишвар мекунам.
Ҳазаҷи мусаммани солим. Ин вазни машҳур, ки бо зиёдии ҳиҷоҳои дароз ҳомили тараннуме хушоянду дилнишин аст, маъмулан дар шеъри фазои шод, махсусан ошиқонаҳо, истифода мешавад. Вале, корбурди он дар ироаи мазомини дигар ҳам мушоҳида мешавад. Масалан, сию нуҳ ғазали дар ин вазн сурудаи шоир фарогири мавзӯъ ва мазмунҳои Ватан, миллат, сӯзи қалб, ҳақиқатангорӣ, суду зиён, тамсили ҳаёту абадияти инсон аст.
Возеҳтарин таносуби миёни вазн ва муҳтаво дар қолаби вазни мазкур дар баёни мазмунҳои ватанпарварона мушоҳида мешавад. Ғазалҳои хуби дар ситоиши Ватан сурудаи Муҳаммад Ғоиб, ки бо байтҳои зерин шурӯъ мешаванд, дар қолаби вазни мазкур гуфта шудаанд:
Ватан мегӯям аз рӯзе, ки ман фаҳми сухан дорам,
Сухан мегӯям аз рӯзе, ки ман меҳри Ватан дорам.
Зимнан, мавзӯи Ватан ва мазмунҳои ифодакунандаи меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан дар паҳнои густардаи шеъри муосири тоҷик, умуман, ғазалҳои Муҳаммад Ғоиб, хусусан, ки мақому манзалати сазовору пуршукӯҳ доранд.
Риояти таносуби вазн ва муҳтаво бошад, дар ғазалиёти Муҳаммад Ғоиб шомили ду ҳукм аст, ки аввалӣ ба масобаи аксиома буда, дувумӣ шомили вижагиҳои хосе мебошад, ки ба ҳунари шоирии худи гӯянда иртибот пайдо мекунад. Ҳукми нахуст чунин аст, ки дар шеъри аксарияти шоирони гузаштаву муосир, аз ҷумла шоири мавриди назари мо, таносуби вазн ва муҳтаво ба таври занҷираӣ риоят шудааст. Ин ҷо масъалаи таъсирпазирӣ аз суннати шеъру шоирӣ дар миёни тоҷикон, муҳити адабӣ ва ҳузури таҷрибаи эҷодӣ омили аслӣ мебошад. Дар мавриди дувум завқи шоирӣ, салиқаи адабӣ ва ҷусторҳои шоиронаи Муҳаммад Ғоиб мавқеи асосиро ишғол менамояд. Дар маҷмӯъ, бо таваҷҷуҳ ба мухтассоти фикрию адабӣ, басомади аносири марбут ба вазну муҳтаво ва таносуби миёни онҳо метавон гуфт, ки Муҳаммад Ғоиб дар эҷоди ғазал сабки махсуси хешро пайдо кардааст.
Муҳаммадюсуф ИМОМЗОДА, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Мисбоҳиддини НАРЗИҚУЛ, профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2019    №: 53    Мутолиа карданд: 1724
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед