logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

ҲИСОБ КУНЕД
Дар фигураи дар расм овардашуда чандто секунҷа мавҷуд аст?
Масъули рубрика Комрон САФАР
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 93-320-00-15
komron-safar95@mail.ru


ЯТИМИ ГУРУСНА ВА ХОБИ МОДАР
Зани сарватманде, ки  ба хайру садақа одат карда буд, пас аз вафоти шавҳараш бениҳоят фақир шуд. Бо вуҷуди ин, барои рӯҳи шавҳари марҳумашро шод кардан, рӯзҳои ҷумъа ғизо омода мекард ва ба фарзанди ятими худ дастур медод, ки онро ба ҳамсояҳо расонад. Кӯдаки маъсуму нимгурусна хӯрокро ба ҳамсояҳо тақсим мекард ва худ лаб лесида ба хона бармегашт. Шабе ҳангоми бурдани ғизо кӯдак дигар тоқат накарда, ғизоро бо тарсу ларз хӯрду ба хона баргашт. Он шаб зан шавҳарашро дар хоб дид, ки мегуфт: "Танҳо ғизои имшабаат ба ман расид". Зан аз хоб бедор шуд ва бо шигифтзадагӣ аз фарзандаш пурсид:
- Дишаб ғизоро ба кӣ додӣ?
Кӯдак дар ҷавоб гуфт:
- Ман шабҳои гузашта ғизоро ба ҳамсояҳо медодам, вале дишаб, ки зиёд гурусна будам, аз бӯи хуши ғизо оби даҳонам рафт ва сабр аз даст дода, онро худам хӯрдам.
Пас аз ин, зан дарк кард, ки аз худнамоӣ дида, шиками фарзанди худро сер кардан беҳтар аст.
Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОД


ҲУКМИ ТАҚДИР Ё ВОҚЕИЯТИ ТАЪРИХӢ
Бо гувоҳи таърих аз  соли 1930 то 1946 сарварии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро шахсиятҳои шинохта, вале ғайритоҷик ба уҳда доштанд.
Бино ба гуфтаи Назаршо Додхудоев, раиси вақти Шӯрои Вазирони Тоҷикистон (1956 - 1961) соли 1946 котиби якуми Кумитаи Марказии  Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ  Иосиф Сталин фармон дод, ки дар Тоҷикистон сарварии сиёсӣ ба уҳдаи тоҷики маҳаллӣ вогузор карда шавад. Ӯ пешниҳод намуд, ки ба ин вазифа шахси дорои маърифати баланд ва фарҳангӣ пешбарӣ шавад. Ин шахс, бояд дорои маҳорати ташкилотчигӣ буда, тавонад мардумро муттаҳид созад ва манфиатҳои халқи тоҷикро ҳимоя намояд.
Дар он замон, ягона шахсе, ки ба ин талабот метавонист ҷавоб диҳад, Бобоҷон Ғафуров буд. Ҳамин тавр, ӯ бо як овоз котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон интихоб гардид.
Таҳияи Умари ШЕРХОН


ҲАВОПАЙМОИ 37 СОЛ ҚАБЛ НОПАДИДГАРДИДА ПАЙДО ШУД...
Соли 1955 ҳавопаймое, ки ба самти Ню - Йорк-Майами парвоз мекард, дар фазо бенишон гардид. Даҳ соли аввал онро ҷустуҷӯ намуданд, вале тамоми кӯшишҳо натиҷа надод. Аммо, баъд аз 37 сол, яъне соли 1992, ҳавопаймои ДС-4 дар Каракас (Венесуэла) фуруд омад.
Тавре баъдтар, диспетчерони фурудгоҳ нақл намуданд, бо дар хати уфуқ зуҳур кардани борте, ки дар экрани радарҳо дида намешуд, дар тааҷҷуб монданд.
Ба пурсиш аз замин ҳалабон суол кард: «Мо дар куҷо қарор дорем?» Ба замин фуруд омада, бо дидани ҷой ва таърихи рӯз ӯ хеле ҳайратзада гардид. Пилот ба ҳавопаймо наздик шудани хадамоти амниятиро манъ кард ва аз тиреза кадом як коғазеро партофта, дубора парвоз намуд.
Ин  ҳолатро дар видео сабт карданд. Дар кор ҳатто худи вазири авиатсияи граждании Венесуэла, Рамон Эстовар ширкат дошт.
Коғази партофтаи пилот бошад, тақвими соли 1955 буд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


КОМЕДИЯ
Коргардони ҷавон, ки Бернард Шоуро шахсан ба тамошои намоишаш даъват намуда буд, баъд аз анҷоми спектакл мепурсад:
- Ҷаноби  Шоу, лутфан, бигӯед, ки миёни комедия, драма ва трагедия чӣ фарқе ҳаст?
- Дӯсти азиз, ҳамин далеле, ки шумо фарқи миёни жанрҳои соҳаи худро намедонед, шахсан барои ман комедия, барои тамошобин драма ва барои худи шумо трагедия аст!
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


10 КИШВАРЧАИ БОЙ
4. Қатар
Қатар давлати соҳибистиқлол буда, 11 586 километри мураббаъ масоҳат дораду дар нимҷазираи хурдакак, дар соҳили нимҷазираи Арабистон, ки нисбатан калонтар аст, ҷой гирифтааст. Дар ин ҷо 2,2 миллион нафар ба сар мебарад. Ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба сари ҳар нафар аҳолӣ хеле баланд буда, тақрибан 104 000 долларро ташкил медиҳад.
Аксар меҳмонхона ва тарабхонаҳои кишвар замонавӣ буда, хӯрокҳои миллии Қатарро пешниҳод медоранд, вале, ин ҷо чандин тарабхонаҳои амрикоӣ барои нафарони хоҳишманд мавҷуданд. Дороиҳои кишвар аз осорхонаҳо, иншооти аҷиби маҳаллӣ, барномаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои гуногун иборатанд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ


ТӮЙИ АРӮСӢ
ШАММАЕ АЗ РУСУМИ АҶОИБИ МАРДУМИ ДУНЁ                          
Дар Ҳабашистон як сол қабл аз тӯй арӯс дар хонаи алоҳида ба сар бурда, кӯча қариб намебарояд. Ягона кораш хӯрдан аст, то ки ҳарчи бештар фарбеҳ шавад. Тибқи таъбири халқӣ, ба духтарони лоғар бахти оилавӣ насиб намегардад.
Дар Фиҷи шаҳ бояд ба падари арӯс ними дандони наҳанг туҳфа кунад. Ба ин васила, ба ақрабои ояндааш хостори сарватмандӣ мешавад.
Дар Булғористон ҷавон вақти хостгорӣ ангуштарини қиматбаҳо ҳадия намекунад. Ҷониби маъшуқааш себ партофтанаш кофист.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


РАҲОӢ
Ҷавони тарсуе назди ҳаким омаду хоҳиш кард, ки ба ӯ дарси ҷасорат омӯзад. Ҳаким гуфт:
- Нахуст, бояд як моҳ дар шаҳри калон зиндагӣ карданро биомӯзӣ. Дар он бо ҳар касе, ки рӯ ба рӯ шавӣ, бо овози баланд бигӯй: «Ман тарсончак ҳастам».
Ҷавон ғамгин шуд, зеро аз уҳдаи ин кор баромада наметавонист. Чанд рӯз азият кашид. Тарсе, ки дар қалбаш ҷой гирифта буд, ҳеҷ ӯро тарк намекард. Бо вуҷуди ин, ниҳоят ҷуръат карда, ба кӯча баромад…
Рӯзҳои аввал, вақте бо одамон вомехӯрд, ӯро ваҳм зер мекард, аз гап мемонд, аммо шарти устодро иҷро кардан даркор буд. Рӯз то рӯз ҷуръаташ зиёд, овозаш баландтар ва тарс ҳамон қадар аз қалбаш дур шудан гирифт.
Як моҳ гузашт. Ҷавон ба назди ҳаким омад.
- Сипос ба шумо, устод, - гуфт ӯ. Шартро ба ҷо овардам.
Ҳаким гуфт: «Тарсу ҷасорат одат ҳастанд. Вақте  ба ҷое мерасӣ, ки  одатҳои қолабиро бишканӣ. Бинобар ин, кӯшиш кун то онро қисми зиндагии худ намоӣ».
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Аз Эйнштейн ҳам донотар?
Дар 11 - солагӣ Майкл Кирни худро дар донишгоҳи Флорида номнавис кард, то ки илми иқтисодро аз худ намояд. Майкл аллакай дар яксолагӣ хонда метавонист, дар сесолагӣ якчанд пйесаи Шекспирро азёд медонист, дар чорсолагиаш ҳамаи барномаҳои компютерро ба бозӣ медаровард. Коэффитсиенти интеллекти Майкл баробар ба 200 IQ буд, аз Эйнштейн - ҳамагӣ ба 173 мерасид. Аммо, нобиғаи хурдсол бо хоксорӣ мегуфт: «Аз ҳама зиёд бо дигар бачаҳо бозӣ карданро дӯст медорам».
Қурбон МАДАЛИЕВ,   тарҷума аз русӣ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Эътирози Шоу
Бернард Шоу қариб тамоми умр аз дарди сар шикоят дошт, вале ягон табиб барои таскинаш илоҷе намеёфт. Боре, ҳангоми хуруҷи шадиди дард, нависандаро назди муҳаққиқи машҳури норвегӣ  Фритоф Нансен оварданд. Шоу бабобари дидани олими номӣ бесаброна мепурсад:
- Шумо, тасодуфан, доруи дарди сар кашф накардаед?
Нансен ба ҳамсуҳбати худ бо тааҷҷуб нигариста, кӯтоҳ посух мегӯяд:
- Не.
- Ақаллан, боре кӯшиш намудаед, ки илоҷи дарди сарро ёбед? - боз ҳам бетоқаттар шуда мепурсад Шоу.
Нансен, ҳамчунон, ҷавоб медиҳад:
- Не.
Нависанда якбора девонавор ба сари олим дод мезанад:
- Магар ин ҳайратовар нест, ки шумо тамоми умри худро барои кашфи Қутби Шимол сарф кардаед, яъне барои коре, ки дар маҷмӯъ, ягон одами сайёра парвояш надорад. Вале, барои ихтирои доруи дарди сар, ки ҳар ҷони зинда ниёзманди он аст, ҳатто кӯшиш ҳам накардаед?!
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима РАҲМОНЗОДА


10 ФИЛМЕ, КИ МИЛЛИАРДҲО ДАРОМАД ОВАРД
Тибқи натиҷаҳои соли 2018, блокбастери «Интиқомгирандагон: Ҷанги беинтиҳо» зиёда аз ду миллиард доллар ҷамъ овард. Ҳамин тавр, дар таърихи кинемотография ин чорумин филми маблағи аз ҳама бештар ҷамъоварда гардид. «Боғи давраи Юрск», «Нурафшонӣ», «Бабри сиёҳ» ва дигар филмҳои маъруф рӯйхатро пурра карданд.

1. «Интиқомгирандагон. Ҷанги беинтиҳо» (2,048 миллиард доллар)
«Интиқомгирандагон» - ро коргардонҳо Энтони ва Ҷо Руссо ба навор гирифтаанд. Он давоми филмҳои «Интиқомгирандагон» (2012) ва «Интиқомгирандагон: Давраи Алтрон» (2015) буда, 19 - умин филми киностудияи «Marvel» маҳсуб меёбад.
Интиқомгирандагон ва ҳамоёни онҳо ҷаҳонро аз ҳар гуна хатарҳо наҷот медиҳанд. Танос, бедодгари байнигалакӣ, мақсади ба даст овардани ҳамаи шаш Санги абад (артефактҳои дорои қувваи фавқулода, ки бо ёрии онҳо метавон воқеиятро бо хости худ тағйир дод) - ро дорад.  
Интиқомгирандагон ва посбонҳои Галактика бояд ӯро қабл аз нобуд сохтани олам боздоранд.
Нахустнамоиши филм 23 апрели  соли 2018 дар Лос-Анҷелес гузашт. Аз намоишҳои ҷаҳонӣ беш аз 2,048 миллиард доллар ҷамъ оварда, аз ҳама филми даромаднок дар соли 2018 гардид.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


ОЛИМОН АЗ WI – FI БАРҚ МЕГИРАНД
Донишмандони Институти технологии Массачусетс барои сохтани таҷҳизоте, ки Wi-Fi - ро чун манбаи қувва истифода баранд, бори аввал имтиҳон намуданд. Таҷҳизоте, ки қувваи ба мавҷҳои электромагнитӣ пайвастшударо ба ҷараёни электрикӣ табдил диҳад, онҳоро антеннаҳои мубодилавӣ ё ректенна меноманд. Олимони амрикоӣ чунин намуди таҷҳизотро намоиш доданд, ки метавонад бо ёрии антеннаи радиоӣ мавҷҳои электромагнитиро қабул намуда, онро чун ҷараёни электрикӣ истифода барад. Аз ҷумла, таҷҳизот метавонад мавҷи Wi-Fi - ро қабул намуда, аз он қувваи барқ ҳосил намояд. Чунин антенна ба нимноқили ғафсиаш ҳамагӣ ба чанд атом баробар пайваст шуда, қувваи тағйирёбандаро ба мунтазам табдил медиҳад. Бо чунин тариқ, муҳандисон метавонанд таҷҳизот - гаджетҳои хурдеро созанд, ки ба онҳо батарея ё аккумулятор лозим намешавад. Зеро онҳо аз ҳаво неру мегиранд.
“Мо роҳи нави неругирии системаҳои мураккаби ояндаро коркард намудем - бо роҳи неругири аз Wi-Fi, мо метавонем тамоми предметҳое, ки моро иҳота мекунанд «доно» созем», – мегӯяд Томас Паласион, яке аз муаллифони лоиҳа.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


10 ФАКТИ ҶОЛИБ дар бораи мусаввараҳои рассомони машҳур
Хирсҳо аз куҷо пайдо шуданд?
Баъзан ба назар мерасад, ки рассомони машҳур ҳам дар тасвири сужети дӯстдошта ва ё чизи дилхоҳашон ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва танҳо ҳамкасбон метавонанд ба эшон ёрмандӣ кунанд. Чӣ тавр? Масалан, дар расми “Пушкин дар соҳили баҳр” - и Иван Айвазовский симои шоирро Иля Репин ва дар тасвири “Рӯзи тирамоҳ. Шикорчӣ” - и Исаак Левитан бонуи сиёҳпӯшро Николай Чехов тасвир кардаанд.
Ба рассоми маъруфи рус Иван Шишкин низ чунин ҳолат рух дод. Дар асари “Субҳ дар санавбарзор”, ки табиати дилфиреби ҷазираи Городомляи вилояти Твери Россияро бо тамоми ҷузъиёташ тасвир мекард, кашидани хирсҳо ба ӯ ҳеҷ муяссар нашуд. Ниҳоят бо тасвири ҳайвонҳо Константин Савитский расми Шишкинро пурра сохт, ки дар олами санъат ҳаводорони зиёд дорад. 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


11 МУЪҶИЗАИ  ЗЕРИ ЗАМИН
2. Сон Дунг (Ветнам)
Аз мавҷудияти ғори Сон Дунг аҳолии таҳҷоӣ ҳанӯз соли 1991 огоҳӣ ёфта буданд. Моҳи апрели соли 2009 гурӯҳи спелеологҳои бритониёӣ онро расман кашф карданд.
Сон Дунг  ҳамчун калонтарин ғори олам эътироф шуда, дар музофоти Куангбини Ветнам, дар боғи миллии Кебанг, воқеъ гардидааст. Ин ҷойро як ҷаҳон меноманд, зеро ғор дорои дарё ва бешазори анбӯҳ буда, бо табиати нодири хеш ҳамагонро мафтун кардааст.
Мувофиқи пажӯҳиши археологҳо, дар дохили ғор бинои 40 – ошёна ҳам сохтан мумкин аст. Майдони калонтарини он 5 километр дарозӣ ва 200 метр паҳноӣ дошта, баландиаш ба 150 метр баробар мебошад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


САРТАРОШИ 6 – СОЛА ҲАМАРО БА ҲАЙРАТ ОВАРД
Тсян Хунтси, сокини 6 - солаи музофоти Сичуани Чин, яке аз хурдсолтарин сартарошони ҷаҳон буда, бо фармоиш метавонед аз хизматрасониаш истифода баред. Ӯ сартароиширо аз чорсолагӣ оғоз карда, машҳури олам шуд.
Падару модараш ҳам сартарошанд. Тсян корро аз ёрмандӣ ба волидонаш шурӯъ намуд ва ғайриинтизор худ ба сартарошӣ пардохт. Аввал падару модар бовар накарданд, аммо имконият доданд, то машғул бошад. Писарак ҳавасманд шуд ва ҳоло ҳамаро ба ҳайрат оварда, бо ду қайчӣ мӯисари ҳам занон ва ҳам мардонро оро медиҳад.
Ӯ дар назди коршиносон мӯйи сари худро дар 2 дақиқа оро дода, собит намуд, ки дастони кӯчакаш пасту баландӣ ва ноҳамвориҳои мӯйро бидуни дидан ҳам ҳис мекунанд.
Таҳияи Б. БАҲОДУР


АҶОИБОТИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
* На танҳо пашм, балки пӯсти палангҳо ҳам рах - рах аст.
* Мардумаки чашми ҳаштпо гирд нею росткунҷа аст.
* Дили зарофаҳо миёни ҳайвонҳои хушкигард аз ҳама калон ва фишори хунашон аз ҳама баланд мебошад.
* Вазни тухми шутурмурғ метавонад ба 1,5 килограмм расад. Барои дар об пухтанаш онро на кам аз 40 дақиқа ҷӯшондан лозим меояд.
* Парвози аз ҳама тӯлонии ба қайд гирифташудаи мурғи хонагӣ 14 сония давом кардааст.
Таҳияи Умари АЛӢ


КӮДАКОНИ ШУҲРАТЁРУ САРВАТМАНДИ ОЛАМ
Мулло ал - Ҳасан
Мулло  ал - Ҳасан яке аз хушбахттарин кӯдакони сайёра аст, ки барои зиндагии арзандааш тамоми шароит муҳайёст.
Ӯ моҳи майи соли ҷорӣ ба синни 16 қадам мениҳад ва аллакай, дороиаш 2,5 миллиард доллари ИМА - ро ташкил медиҳад.
Ҳасан фарзанди шоҳи Марокаш Муҳаммади VI ва малика Лалла Салма аст, ки вориси тахти ин кишвари аз ҷиҳати стратегӣ барои Аврупою Африқо муҳим ба шумор меравад.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА


ЛОТЕРЕЯ
30 БУРД ДАР ЯК РӮЗ
Сокини иёлати Вирҷинияи ИМА Дебора Браун якбора 20 чиптаи лотереяи арзиши ҳар кадомаш 1 долларии «Pick 4» - ро харидорӣ намуд. Зан дар чиптаҳо мувофиқати рақамҳоро дида, боз 10 чиптаи дигар  ҳам харид.
Ҳангоми натиҷабардорӣ маълум шуд, ки ҳамаи 30 чиптаи харидаи зан бурд намудааст. Аз ҳама аҷибаш ин буд, ки бурди ҳар чипта 5 ҳазор доллариро ташкил медод. Хонум Браун, ки чунин ранг гирифтани корро ҳеҷ умед надошт, ба ҳаяҷон омада, чи тавр сарф намудани 150 ҳазор доллари бурднамудаашро намедонад.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2019    №: 53    Мутолиа карданд: 1376
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед