logo

иқтисод

ВАЗОРАТ: ҲАҚ БА ҶОНИБИ РӮЗНОМА АСТ

Матлаби хабарнигор Ташрифулло Саъдуллоев «Норасоии нурӣ», ки 4 июли соли 2018 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№131) ба нашр расидааст, дар раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифт.
Зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои асосии стратегии кишвар маҳсуб меёбад. Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2018 дар ҷумҳурӣ дар майдони 656338 гектар зироати кишоварзӣ, аз ҷумла 185817 гектар пахта, кишт шуд. Барои ноил шудан ба ҳосилнокии баланди зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор ва рӯёндани 2-3 ҳосил аз як замин истифодаи самаранок ва оқилонаи нуриҳои минералию органикӣ дар давраи нашъунамои зироатҳо ва ташкили чораҳои мубориза бар зидди ҳашароту зараррасонҳо аҳамияти калон дорад.
Эҳтиёҷоти хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ аз ҳисоби майдонҳои умумии кишти зироат ва боғу токзор ба нуриҳои минералӣ (фосфорӣ, азотӣ ва калийдор) ҳамасола ба ҳисоби зиёда 500 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018 ба ҷумҳурӣ 163,7 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ворид гардидааст, ки фақат 32,7 фоизи талаботро таъмин месозад.
Нуриҳои минералӣ ба ҷумҳурӣ асосан аз Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ворид карда мешаванд ва нархи онҳо дар бозорҳои мамлакат гарон буда, барои дар давраи нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзор пурра таъмин намудани меъёри андохтани нуриҳои минералӣ ба замин на ҳамаи кишоварзон тавоноии дастрас намудани онҳоро доранд. Албатта, гаронии нархи нуриҳои минералӣ, яъне норасоии онҳо ба ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ бетаъсир намемонад. Аз ин рӯ, зудтар ба кор андохтани корхонаи нурии «Азот»-и шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, ки эҳтиёҷоти кишоварзони мамлакатро бо нуриҳои азотӣ таъмин менамояд, тақозои рӯз аст.
Ҳамчунин, хуб мебуд, ки барои қонеъ гардондани талаботи хоҷагиҳои кишоварзӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар ҷумҳурӣ корхонаҳои хурди истеҳсоли нуриҳои фосфорӣ таъсис дода шаванд.
Фарухиддин НАБИЕВ, сардори раёсати  рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2019    №: 54    Мутолиа карданд: 1139
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед