logo

маориф

ММТ. ИМКОНИЯТҲОИ ДОХИЛШАВӢ МЕАФЗОЯНД

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дар соли 2019 оғоз кард.
-  Марҳалаи бақайдгирӣ то 15 апрел идома ёфта, дар ин муҳлат хоҳишмандоне, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидани дохилшавӣ ҳуқуқ доранд, новобаста аз муассисаҳои таълимии интихобкардаашон, метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд, - гуфт Хуршед Икромӣ, директори марказ.
Тавре ҳамсуҳбати мо гуфт, - соли ҷорӣ ба низоми имтиҳонҳои марказонидани дохилшавӣ як муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ (Донишгоҳи Осиёи Марказӣ) ва 15 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар дохил гардид. Ҳамин тариқ, имсол ба воситаи низоми имтиҳонгирии мазкур ба 35 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 63 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ донишҷӯён қабул мешаванд.
Навгонии дигари ин низоми имтиҳонҳои марказонидани дохилшавӣ ба роҳ мондани қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9) аст. Шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9) низ ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро аз коллеҷҳо доранд.
Барои хоҳишмандони иштирок дар имтиҳонҳои марказонидани дохилшавӣ тавсия дода мешавад, ки аз ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳо истифода карда, пеш аз ҳозир шудан ба нуқтаи бақайдгирӣ, интихоби худро дуруст муайян кунанд. - Як нуктаро бояд зикр кунем, ки соли ҷорӣ низ хизматрасонии “Пешномнависӣ” дар ҳолати бархат (онлайн) фаъол аст. Он имкон медиҳад, ки довталаб маълумоти заруриро барои бақайдгирӣ омода карда, баъдан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ барои расман номнавис кардани худ ҳозир шавад. Барои дастрасӣ ба хизматрасонии “Пешномнависӣ” почтаи электронӣ доштани хоҳишмандони бақайдгирӣ зарур аст. Чунин почта барои истифода аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” ва барқарор кардани рамзи кабинети инфиродии довталаб низ лозим аст, - афзуд Хуршед Икромӣ.
Чуноне аз суҳбат маълум гашт, имсол бо мақсади имтиҳонсупории довталабон дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритуз ва Хоруғ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешаванд ва довталаб метавонад, ки дар вақти бақайдгирӣ яке аз ин шаҳрҳо ё ноҳияҳоро ҳамчун макони имтиҳонсупорӣ интихоб намояд.
Падару модарон бояд ҳангоми бақайдгирӣ, аз интихоби  ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсили фарзандонашон (довталабон) огоҳ бошанд.
Хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар имтиҳонсупорӣ ихтиёрист, вале гирифтани таҳсилоти миёна ё олии касбӣ ба ҳар як шахс дар ҷаҳони муосир барои соҳибмаълумоту соҳибкасб гардидаанд, пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ ва мақоми арзанда дар ҷамъият муҳим аст.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2019    №: 54    Мутолиа карданд: 1395
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед