logo

номаҳо

МИЛЛӢ Ё МАҲАЛЛӢ. ЧАРО МАСЪУЛОН ХОМӮШАНД?

Навиштаи М. Исмоилзодаро бо номи «Миллат муҳимтар аст, на маҳал» («Ҷумҳурият», 28 феврали соли 2019) мутолиа кардам. Муаллиф масъалаи мубрамро баррасӣ намудааст. Ӯ дар баробари зикри ободиҳои рӯзафзуни пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе аз он ифтихор низ мекунад. Аммо бо дидани овезаҳои хусусияти рекламавидошта ё худ тарғиботӣ вуҷудашро ҳиссиёти ногувор фаро мегирад.
Дар ҳақиқат, дар замоне ки мардум аз раванди ҷаҳонишавӣ меандешаду эҳсоси хавфу хатар дорад, мо ба ҷойи пешрафт аз маҳалгароӣ баромада наметавонем.
Мутаассифона, гурӯҳе ба хотири маҳаллу тиҷораташон мехоҳанд, андешаи моро ба маънои манфияш дигар бикунанд. Ғизову хӯрокҳоро ба маҳал рабт додан, пайвастан чӣ маъно дорад? Охир, ҳақиқат на чунон аст, ки мепиндоранду менависанд. Хӯрокҳову ғизоҳо, ошхонаҳову тарабхонаҳо дар ин гуна маврид бояд миллӣ бошанд, на маҳаллӣ. Муаллиф дуруст масъалагузорӣ мекунад: «Агар манту, сихкабоб, ош, шӯрбо, қурутоб, фатирмаска, ширчой ва гардсӯз хуҷандиву кӯлобиву самарқандиву бухороӣ бошад, пас миллати тоҷик дар шакли умумӣ чӣ ғизоҳову хӯрокҳоро молик аст?». Ва ҳамзамон, изҳор медорад: «Ҷойи таассуф  боз дар он мебошад, ки ин гуна рекламаҳо ба ошхонаву тарабхонаҳои шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар роҳ ёфта истодаанду қариб, ки оммавӣ мегарданду боиси ифтихори гурӯҳи муайян». Дар ин ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа нест. Ин «дард» ба шаҳре, ки ман дар он ба сар мебарам, яъне Бохтар низ, сироят ёфтааст. Овардани як мисол кофист, то ин ҳақиқат собит гардад. Агар аз шоҳроҳи Душанбе тавассути Бохтар роҳ пеш бигиред, навиштаҳои сихкабобу дигар анвои ғизои «хуҷандӣ»- ву «левикантӣ» ҳатман ба чашм мерасад. Агар дар шаҳр гардиш бикунед, ба ин монанд навиштаҳои тарғиботии зиёдро мебинед. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳол аз ин бадтар аст. Чаро ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намегардад? Раҳоӣ аз ин доғҳо ба манфиати миллат ва фарҳанги он аст.
Ш. АВАЗОВ, шаҳри Бохтар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.03.2019    №: 54    Мутолиа карданд: 2709
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед