logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХОҶАГИДОРӢ ВА ИСТЕҲСОЛОТИ БИОЛОГӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 529) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддима, сархатҳои панҷум, ҳафтум ва ҳаштуми моддаи 1, сархатҳои дуюм, сеюм, панҷум, шашум ва даҳуми моддаи 3, қисми 1, сархатҳои сеюм ва панҷуми қисми 2 моддаи 5, сархати чоруми моддаи 7, номи боби 3, ном ва матни моддаи 8, номи боби 4, ном ва матни               моддаи 11, ном ва матни моддаи 12, ном ва матни моддаи 13 калимаҳои «маҳсулоти биологӣ», «маҳсулоти озуқавии биологӣ», «маҳсулоти биологии», «МАҲСУЛОТИ БИОЛОГӢ», «Маҳсулоти биологӣ» ва «Маҳсулоти биологии» мувофиқан ба калимаҳои «маҳсулоти тозаи экологӣ», «маҳсулоти тозаи экологии», «МАҲСУЛОТИ ТОЗАИ ЭКОЛОГӢ», «Маҳсулоти тозаи экологӣ» ва «Маҳсулоти тозаи экологии» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 1:
- сархатҳои якум, дуюм, сеюм ва чорум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- хоҷагидории биологӣ – шакли фаъолияти хоҷагидории кишоварзӣ, ки дар он барои парвариши растаниҳо, нигоҳубини ҳайвоноти кишоварзӣ танҳо моддаҳои ғизоии табиӣ ва воситаҳои ғайрикимиёвии мубориза бар зидди ҳашароти зараррасону касалиҳо истифода шуда, он ба нигоҳдории мувозинати табиӣ, организмҳои зинда ва муҳити зист мусоидат менамояд;
- маҳсулоти тозаи экологӣ – маҳсулоти кишоварзӣ, ки мутобиқи талаботи хоҷагидории биологӣ истеҳсол, коркард ва фурӯхта шуда, бо мафҳумҳои дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ истифодашавандаи «биологӣ», «органикӣ» ва «табиӣ» ҳаммаъно мебошад;
- истеҳсолоти биологӣ – раванди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ки бе истифодаи моддаҳои сунъии кимиёвӣ (нуриҳои минералӣ, пеститсидҳо, воситаҳои танзимкунандаи инкишофи растанӣ, иловаҳо ба хӯроки ҳайвоноти кишоварзӣ) амалӣ гардида, инчунин сертификатсия ва гардиши маҳсулоти тозаи экологиро дар бар мегирад;
- регламенти техникии истеҳсолоти биологӣ – санади меъёрии техникие, ки талаботи техникии риояашон ҳатмиро вобаста бо бехатарии маҳсулоти тозаи экологӣ, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар қисми бехатарӣ муқаррар мекунад;»;
- сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- стандарти истеҳсолоти биологӣ – қоида, дастур ва ё тавсифҳои ба маҳсулоти тозаи экологӣ дахлдошта;»;
- сархати шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- низоми экологӣ – маҷмӯи ягона, устувор, мустақилона инкишофёбанда ва танзимшавандаи ҷузъиёти зинда ва ғайризиндаи муҳити зист дар ҳудуди қитъаи муайяни биосферӣ, ки тавассути мубодилаи моддаҳо, энергия ва иттилоот байни ҳам алоқаманд мебошанд;»;
- дар сархати ҳаштум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- Феҳристи давлатии маҳсулоти тозаи экологӣ – махзани давлатии иттилоотӣ дар бораи маҳсулоти тозаи экологӣ, ки пешбурди он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ амалӣ карда мешавад.».
3. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
4. Дар моддаи 4:
- ба сархати дуюм пас аз калимаи «барқарорнашаванда» калимаҳои «ва нигоҳдории гуногунии биологӣ» илова карда шаванд;
- сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тозаи экологӣ;»;
- дар сархати панҷум калимаҳои «муборизаи комплексӣ» ба калимаҳои «истифодаи воситаҳои ғайрикимиёвӣ» иваз карда шаванд.
5. Дар қисми 1 моддаи 5 калимаҳои «аз қайд гузаштани» ба калимаи «бақайдгирии» иваз карда шаванд.
6. Ба моддаи 7 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- пешбурди Феҳристи давлатии маҳсулоти тозаи экологӣ;».
7. Дар моддаи 9:
- аз номи модда калимаи «маҳсулоти» хориҷ карда шавад;
- дар қисми 1 калимаҳои «истеҳсолоти маҳсулоти биологиро» ба калимаҳои «истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро» иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюми қисми 2 калимаҳои «моддаҳо ва воситаҳо барои беҳ намудани таркиби хок, пестисиду гербисидҳои пасмондаи дарав» ба калимаҳои «моддаҳои кимиёвӣ ва пеститсидҳо» иваз карда шаванд;
- сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- истифодаи технологияи парвариши растаниҳо барои нигоҳдорӣ ва ғанигардонии таркиби хок ҷиҳати пешгирии бодлесшавӣ ва шусташавии замин;»;
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- риояи стандартҳои истеҳсолоти биологӣ ҳангоми парвариши ҳайвоноти кишоварзӣ ва тайёр кардани хӯроки чорвою парранда;».
8. Дар қисми 1 моддаи 10 калимаҳои «растаниҳои киштнашуда» ба калимаҳои «набототи худрӯй» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 11:
- ҷумлаи якуми қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Маҳсулоти тозаи экологӣ бояд аз дигар намуди маҳсулот алоҳида коркард шуда, тамғагузорӣ ва нигоҳ дошта шавад.»;
- дар қисми 2 калимаҳои «пешгирии олудашавии» ба калимаи «ҳифзи» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 апрели соли 2019, № 1592

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 феврали соли 2019, № 1290

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ
ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

 Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,  29 марти соли  2019,  № 631


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.04.2019    №: 65-66    Мутолиа карданд: 1411
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед