logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БЕРУН БАРОВАРДАН ВА ВОРИД НАМУДАНИ САРВАТҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии раванди берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангиро муайян  намуда, ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ равона гардидааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ – аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бе уҳдадории баргардондани онҳо;
- ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ – аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бе уҳдадории баргардондани онҳо;
- муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ – аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо уҳдадории дар муҳлати муқарраргардида баргардондани онҳо;
- муваққатан ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ – аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо уҳдадории дар муҳлати муқарраргардида баргардондани онҳо;
- сарватҳои таърихию фарҳангӣ – ашёи моддии дорои арзиши миллӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ, бадеӣ, илмию маърифатӣ, маънавию ахлоқӣ ва фарҳангӣ, ки сарватҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ ба ҳисоб мераванд;
- экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ – аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, коршинос (мутахассис) ё  гурӯҳи коршиносон (мутахассисон) омӯхтани ашёи таҳқиқшаванда бо мақсади муайян намудани он ҳамчун арзиши миллӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ, бадеӣ, илмию маърифатӣ, маънавию ахлоқӣ ва фарҳангӣ, инчунин дар ҳолати зарурӣ андешидани чораҳои таҳлилии илмӣ ва техникӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан  ва  ворид   намудани сарватҳои  таърихию  фарҳангӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ, новобаста ба шакли моликият, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд, мансубанд:
- асарҳои офаридаи шахсони алоҳида ё гурӯҳи шахсоне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;
- асарҳои офаридаи  шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванде, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд;
- бозёфтҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- асарҳои дар осорхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, хазинаҳо, китобхонаҳо, мамнӯъгоҳҳо, бойгониҳо, аз ҷумла бойгониҳои сабти овозӣ ва навори видеоӣ, нигористонҳои бадеӣ, коллексияҳо ва махзанҳои дигар ҷамъовардашуда;
- бозёфтҳои экспедитсияҳои иктишофӣ, бостоншиносӣ, фолклорӣ, табиӣ ва илмӣ;
- асарҳои дар натиҷаи мубодилаи ихтиёрӣ бадастовардашуда;
- асарҳои бозёфтшуда, ба сифати мерос ва ҳадия бадастовардашуда ё бо роҳи дигари қонунӣ бадастовардашуда, аз ҷумла дар ҳудуди давлатҳое, ки онҳо ба вуҷуд омадаанд;
- асарҳои аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашуда;
- коллексияҳои хусусӣ.
2. Берун баровардан ва ворид намудани силоҳе, ки сарвати таърихию фарҳангӣ маҳсуб меёбад, инчунин сарватҳои таърихию фарҳангии дорои металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Доираи амали Қонуни мазкур гардиши маснуоти муосири армуғонӣ ва ашёи таъйиноти фарҳангии истеҳсоли силсилавӣ ва оммавиро фаро намегирад.
Моддаи 4.  Сарватҳои таърихию фарҳангие, ки берун баровардани онҳо манъ аст
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангии зерин, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, манъ аст:
- ашёи моддии дорои арзиши миллӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ, бадеӣ, илмию маърифатӣ, маънавию ахлоқӣ ва фарҳангие, ки сарватҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дар Рӯйхати сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки берун баровардани онҳо манъ аст ё дар Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ номбар карда шудаанд;
- сарватҳое, ки ба таври доимӣ дар осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо, мамнӯъгоҳҳо ва махзанҳои дигари давлатию ҷамъиятӣ нигоҳдорӣ мешаванд;
- сарватҳои нодири таърихию фарҳангие, ки зиёда аз панҷоҳ сол пеш офарида шудаанд.
Моддаи 5. Сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки ворид намудани онҳо манъ аст
1. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангие, ки мавриди кофтуков ё баҳси судӣ қарор доранд, ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, манъ аст. Сарватҳои таърихию фарҳангии ғайриқонунӣ ба ҳудуди кишвар воридгардида тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуда, барои экспертизаи давлатӣ пешниҳод карда мешаванд.
2. Ворид намудани маводи дорои мазмуни фаҳшу бадахлоқона, ашёи дигар дар намуди сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки бо мақсади тағйир додани сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзӣ, тарғиби ҷанг, терроризм, экстремизм, зӯроварӣ, нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ истифода мешаванд, манъ аст.
Моддаи 6. Ҳуқуқи моликият ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки берун бароварда мешаванд
Аз ҷониби молики сарватҳои таърихию фарҳангӣ гузашт намудани салоҳият нисбат ба соҳибият, истифодабарӣ, фурӯш ва ихтиёрдории сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки он боиси ғайриқонунӣ берун баровардан ва ворид намудани онҳо мегардад, манъ аст.

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ БЕРУН БАРОВАРДАН  ВА ВОРИД НАМУДАНИ САРВАТҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ
Моддаи 7. Танзими давлатии берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
1. Танзими давлатии берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) ва мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ амалӣ менамоянд.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ:
- Шӯро оид ба ҳифз ва мубодилаи байналмилалии сарватҳои таърихию фарҳангиро таъсис медиҳад;
- Рӯйхати сарватҳои таърихию фарҳангиро, ки берун баровардани онҳо манъ аст, тасдиқ ва пешбурди онро амалӣ менамояд;
- Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангиро таҳия намуда, пешбурди онро таъмин менамояд ва ба объектҳои мероси таърихию фарҳангии ба Феҳристи мазкур воридкардашуда шиноснома медиҳад;
- оид ба берун баровардан ё муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ қарор қабул намуда, шаҳодатномаи дахлдор медиҳад;
- сарватҳои таърихию фарҳангии берун баровардашаванда ва воридшаванда, инчунин муваққатан берун баровардашаванда ва воридшавандаро ба қайд мегирад;
- ташкили экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангиеро, ки барои берун баровардан, муваққатан берун баровардан, инчунин ҳангоми баргардондани онҳо баъди муваққатан берун баровардан пешниҳод гардидаанд, таъмин менамояд;
- сарватҳои таърихию фарҳангиеро, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ мусодира гардиданд ва ба моликияти давлатӣ гузаронда шудаанд, қабул мекунад ва тартиби истифодабарии онҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
- дархостро оид ба иҷозати фурӯши сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки берун баровардани онҳо манъ аст, мавриди баррасӣ қарор дода, розигии хаттӣ медиҳад;
- дар бораи ҳолатҳои гум шудан ва дуздии сарватҳои таърихию фарҳангӣ эълон медиҳад;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор кардани ҳуқуқи моликони сарватҳои таърихию фарҳангии ғайриқонунӣ берун баровардашуда ё воридгардида чораҳо меандешад.
3. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангиро назорат мекунад.
4. Тартиби берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ (аз ҷумла муваққатан) ва ташкил кардани экспертизаи давлатии онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 8. Шӯро оид ба ҳифз ва мубодилаи байналмилалии сарватҳои таърихию фарҳангӣ
1. Бо мақсади мусоидат намудан ба танзими меъёрию ҳуқуқии масъалаҳо оид ба берун баровардан, экспертиза ва арзёбии сарватҳои таърихию фарҳангии берун баровардашаванда, ҳифзи  сарватҳои таърихию фарҳангӣ, рушди ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ, дар назди мақоми ваколатдори давлатӣ Шӯро оид ба ҳифз ва мубодилаи байналмилалии сарватҳои таърихию фарҳангӣ (минбаъд – Шӯро) таъсис дода мешавад.
2. Шӯро аз ҳисоби  намояндагони мақомоти давлатӣ,  мутахассисони осорхонаҳо, китобхонаҳо, ташкилотҳои  ғайритиҷоратие,  ки дар соҳаи фарҳанг фаъолият мекунанд, коллексионерони сарватҳои таърихию фарҳангӣ, бостоншиносон, ходимони театр, илм ва фарҳанг, коршиносон, фарҳангшиносон таъсис дода мешавад.
3. Низомномаи Шӯро аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
4. Шӯро дар доираи  ваколатҳои худ вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои баррасӣ таклифҳоро  оид ба такмили Қонуни мазкур  пешниҳод менамояд;
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ  коршинос (мутахассис)-ро оид ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ тавсия медиҳад;
- муроҷиати осорхонаҳо, китобхонаҳо,  ташкилотҳои ғайритиҷоратие, ки дар соҳаи фарҳанг фаъолият мекунанд, коллексионерони сарватҳои таърихию фарҳангӣ, бостоншиносон, ходимони театр, илм ва фарҳанг, коршиносон (мутахассисон) ва шахсони дигарро оид ба ҳифз ва мубодилаи байналмилалии сарватҳои таърихию фарҳангӣ баррасӣ менамояд;
- тибқи низомнома вазифаҳои дигарро иҷро менамояд.
Моддаи 9. Экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ
1. Сарватҳои таърихию фарҳангии берун баровардашаванда, аз ҷумла муваққатан берун баровардашаванда, аз экспертизаи давлатӣ гузаронда мешаванд.
2. Экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо мақсади зерин гузаронда мешавад:
 - арзёбии сарватҳои таърихию фарҳангӣ;
- муайянсозии мансубияти ашёи таҳқиқшаванда ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ ва нодир;
- муайянсозии мансубияти ашёи таҳқиқшаванда ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;
- муайян намудани асолат ва ҳолати ҷории сарватҳои таърихию фарҳангие, ки пас аз муваққатан берун баровардан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонда мешаванд. 
3. Муҳлати гузарондани экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ 15 рӯзи тақвимӣ муқаррар карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи тартиби гузарондани экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ.
4. Пешниҳод накардани ашёи берун баровардашаванда ба экспертизаи давлатӣ асос барои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ қабул кардани қарор дар бораи иҷозат надодан барои берун баровардани он мебошад.
5. Ҳангоми берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ, агар дар натиҷаи экспертизаи давлатӣ барои дохил намудани ашёи пешниҳодшуда ба Рӯйхати сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки берун баровардани онҳо манъ аст, инчунин барои ворид намудани онҳо ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ асос пайдо гардад, ашёи мазкур аз муроҷиаткунанда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуда, ба мақоми ваколатдори давлатӣ супорида мешавад.
6. Зарари моддии молик ҳангоми аз ӯ гирифтани ашёи ба Рӯйхати сарватҳои таърихию фарҳангӣ  дохилшуда, ки берун баровардани онҳо манъ аст, инчунин ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ворид гардидааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
7. Баҳсҳо оид ба натиҷаҳои экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.
Моддаи 10. Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
1. Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бе пешниҳоди шаҳодатномаи дахлдор  манъ аст.
3. Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷониби муаллиф, новобаста ба он, ки ӯ барои истиқомати муваққатӣ ё доимӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунад, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.
4. Берун баровардани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони мукофотонидашуда дар асоси пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мукофотонидан амалӣ карда мешавад.
5. Ворисони  шахсони фавтидаи бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозшуда, ки барои истиқомати доимӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд, ҳуқуқ доранд танҳо ҳуҷҷатҳо дар бораи бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз  гардондани ин шахсонро бо худ баранд.
6. Берун баровардани сарватҳое, ки мавриди кофтуков қарор доранд, танҳо бо мақсади ба моликони қонуниашон баргардондани онҳо амалӣ мегардад, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 11. Муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
1. Сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зерин муваққатан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун бароварда мешаванд:
- муаррифӣ ва ташкил намудани намоишгоҳҳо;
- гузарондани корҳои барқарорсозӣ ва таҳқиқоти илмӣ;
- вобаста ба фаъолияти консертӣ, театрӣ, фаъолияти  дигари ҳунарӣ;
- гузарондани чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ, барқарор ва густариш додани муносибатҳои фарҳангӣ.
2. Муҳлати дар хориҷи кишвар қарор гирифтани сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан берун баровардашуда  набояд аз шаш моҳ зиёд бошад.
3. Қарор дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ дар асоси натиҷаи экспертизаи давлатӣ қабул гардида, ба дархосткунанда шаҳодатномаи дахлдор бо уҳдадории баргардондани онҳо дар муҳлати муқарраргардида дода мешавад.
4. Бе пешниҳоди шаҳодатномаи дахлдор муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ манъ аст.
Моддаи 12. Рад намудани дархости муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Дархост оид ба муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо асосҳои зерин рад карда мешавад:
- пешниҳод накардани  кафолат аз ҷониби  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҳифз, нигоҳдорӣ ва дар муҳлати муқарраргардида баргардондани сарватҳои таърихию фарҳангӣ;
- дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доштани ашёи берун баровардашаванда;
- дар кофтукови байналмилалӣ ва давлатӣ қарор доштани сарватҳои таърихию фарҳангӣ;
- муайян набудани молики сарватҳои таърихию фарҳангӣ ё  мавриди баҳси судӣ қарор доштани онҳо;
- таъмин нашудани ҳифзу нигоҳдории сарватҳои таърихию фарҳангии берун баровардашаванда бо сабаби офатҳои табиӣ, низоъҳои ҳарбӣ ё монеаҳои дигар дар кишваре, ки онҳо муваққатан ба он бароварда мешаванд;
- мавҷуд набудани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишваре, ки ба он сарватҳои таърихию фарҳангӣ бароварда мешаванд.
Моддаи 13. Муваққатан ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
1. Муваққатан ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Барои ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ шаҳодатномаи дахлдори мақомоти ваколатдори давлатии кишваре, ки ин сарватҳо дар ҳудуди он ба вуҷуд омадаанд, пешниҳод карда мешавад.
3. Мансуб будани ашёи воридшаванда ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз рӯи натиҷаи экспертизаи давлатӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 14. Ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан берун баровардашуда
Ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангие, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан берун бароварда шудаанд, аз ҷониби шахсони онҳоро ба берун бароварда ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори кишвари  қабулкунанда таъмин карда мешавад.
Моддаи 15. Кафолати ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан воридшуда
Додани кафолати ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 16. Фурӯши сарватҳои таърихию фарҳангӣ
1. Фурӯши сарватҳои таърихию фарҳангие, ки берун баровардани онҳо манъ аст, танҳо баъди ба тариқи хаттӣ огоҳ намудани мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
2. Ба фурӯш гузоштани сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба тариқи музояда дар асоси розигии хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 17. Транзит ва ирсол намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ тавассути шуъбаҳои алоқа
1. Ҳангоми транзити сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуҷҷатҳои дахлдори муайяннамудаи мақомоти мазкур пешниҳод карда мешаванд.
2. Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо роҳи ирсол намудани онҳо тавассути шуъбаҳои алоқа тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 18. Баргардондани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
1. Давлат тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардондани сарватҳои таърихию фарҳангии дуздидашуда ва ё ғайриқонунӣ берун баровардашуда чораҳо меандешад.
2. Нисбат ба талабот оид ба баргардондани сарватҳои таърихию фарҳангии аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ баровардашуда муҳлати даъво татбиқ намегардад.
Моддаи 19. Тартиби истифодаи сарватҳои таърихию фарҳангии мусодирашуда
1. Сарватҳои таърихию фарҳангии аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусодирашуда ба мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади нигоҳдорӣ, гузарондани экспертизаи давлатӣ дода шуда, рӯйхати онҳо ба воситаҳои ахбори омма барои нашр супорида мешавад.
2. Дар сурати бо тартиби судӣ муқаррар намудани ҳуқуқи моликият ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ онҳо ба моликон ё намояндагони қонунии онҳо баргардонда мешаванд. Хароҷоти вобаста ба нигоҳдорӣ ва гузарондани экспертизаи давлатӣ аз ҷониби моликон пардохт  карда мешаванд, агар бо қарори суд тартиби дигар пешбинӣ карда нашавад.
3. Дар ҳолати тибқи санади судӣ ба моликияти давлат гузарондани сарватҳои таърихию фарҳангии мусодирашуда онҳо бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ барои нигоҳдории доимӣ ба хазинаҳои давлатии осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо ё ташкилотҳои дигар супорида мешаванд.
Моддаи 20. Боҷу  пардохтҳо ҳангоми берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Боҷу пардохтҳо ҳангоми берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд.

БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 21. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 22. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 511; с.2008, №12, қ.2, мод. 1014; с. 2014, №12, мод. 825) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 апрели соли 2019, № 1593

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 феврали соли 2019, № 1293

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,  29 марти соли  2019, № 632


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.04.2019    №: 65-66    Мутолиа карданд: 1322
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед