logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2018 «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2018, №1, мод. 24) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 71 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 71. Нишони шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои нишон (эмблема) мебошад.
2. Нишони (эмблемаи) шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомномаи онро Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тасдиқ менамояд.».
2. Ба моддаи 10 сархатҳои ҳаштум, нуҳум ва даҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- Фонди рушди пойтахт ва дигар фондҳои дахлдорро таъсис дода, манбаъ ва тартиби истифодаи маблағҳои фондҳоро муайян менамояд;
- ҳавасмандгардонӣ ва мукофотҳоро муқаррар карда, низомномаи онҳоро барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод менамояд;
- бо унвони «Сокини фахрии пойтахт», медалҳои ҷашнӣ ва медалҳо, инчунин бо ҷоизаҳои раиси шаҳри Душанбе сарфароз мегардонад;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 апрели соли 2019, № 1596


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 6 феврали соли 2019, № 1278

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,  29 марти соли  2019, № 635


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.04.2019    №: 65-66    Мутолиа карданд: 1289