туризм
ВОКУНИШ. КУМИТА БА "ҶУМҲУРИЯТ" ҶАВОБ ДОД
Матлаби “Аз сайёҳии зимистона самаранок истифода намебарем, чаро ?”, ки 11 декабри соли 2018 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба табъ расид, дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бояд гуфт, ки тайи солҳои ахир баҳри рушду равнақи тамоми намудҳои соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла зимистонӣ, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ дар заминаи захираҳои табиӣ ва иқлими нотакрор инкишоф меёбад. Тоҷикистон кишвари қӯҳистонӣ буда, баландии он аз сатҳи баҳр дар нуқтаи пасттарин 300 м ва дар нуқтаи баландтарин 7495 метрро ташкил медиҳад. Ҳолати мазкур барои рушди намудҳои зимистонаи варзиш (якчанд намуди лижаронӣ, шухпаймоӣ, куҳнавардӣ) ва сайёҳӣ имконияти беҳтарин фароҳам меоварад.
Бо назардошти ин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-дара» бо ҷалби сармояи ватанӣ дар муддати кӯтоҳ Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» аз таъмири асосӣ бароварда шуд ва он аз меҳмонхонаи 4-ошёнаи замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю марказҳои савдо ва мавзеъҳои лижаронию барфгардӣ иборат аст. Дар маҷмаа инфрасохтори иловагӣ, аз қабили айвони кушодаи барбекю, мағозаҳои хӯроквориву фурӯши асбобу лавозимоти лижаронӣ, нуқтаҳои иҷораи лавозимоти лижаронӣ, барфгард ва ғайра, сохта шудаанд.
Ҳамзамон, аз ҷониби кумита ҳамасола ролики таблиғотӣ-иттилоотӣ вобаста ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии зимистона таҳия шуда, дар воситаҳои ахбори оммаи миллӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба таври васеъ тарғиб мегардад. Инчунин, кумита дар шаҳру ноҳияҳо ва объектҳои дигаре, ки ба рушди сайёҳии зимистона созгор мебошанд, бо ҷалби коршиносони соҳа, семинару омӯзишҳоро доир карда истодааст.
Барои мо рӯшан аст, ки ҷиҳати инкишофи сайёҳии зимистона дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ инфрасохтори он минтақа нақши муҳим дорад ва барои ҷалби сайёҳон ва рушди ин навъи сайёҳӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодаем, ки натиҷаҳои дилхоҳро ба бор меоварад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар солҳои пеш танҳо дар фасли тобистон сайёҳон зиёд ташриф меоварданд, имрӯз дар натиҷаи таблиғу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии кишвар дар бозорҳои ҷаҳонии соҳавӣ дар ҳамаи фаслҳо, аз ҷумла зимистону баҳор, гардиши сайёҳон дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Ҳамин аст, ки имсол танҳо дар тантанаҳои наврӯзӣ, ки ҳамчун бренди сайёҳӣ муаррифӣ гардидааст, ба Тоҷикистон зиёда аз 60 ҳазор меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ташриф оварданд.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.04.2019 №: 67 Мутолиа карданд: 1059