logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ВА ПОСУХ

Ба саволҳо Фарҳод Тоиров - узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, адвокати шаҳри Бохтар ва Сиҷоуддин Ҳаётов, адвокати кабинети адвокатӣ дар ноҳияи Рашт, ҷавоб доданд.
Зимнан, агар хонандагони гиромӣ вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.

Ман бо як рафиқам мағозаеро харида будам ва баъдан онро бо маслиҳат вайрон кардему дар ҳудуди қитъаи замини он маркази савдо иборат аз 3 ошёна сохта, ба истифода додем. Ҳоло рафиқам мехоҳад, ки маркази савдоро тибқи санади қабули иншоот ба номи худ ҳуҷҷатгузорӣ намояд. Пас аз қабули иншоот чӣ тавр мо ҳиссаҳои худро муайян мекунем? 
Маъмур,
шаҳри Бохтар

- Дар асоси қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон метавонанд, ки барои бунёди моликияти умумӣ созиш банданд. Созиш дар бораи ба вуҷуд овардани моликияти умумӣ бо муайян кардани ҳисса дар моликияти оянда ва бидуни муайян кардани ҳисса дар моликияти умумӣ мебошад. Агар байни шумо барои бунёди моликияти умумӣ бо муайян кардани ҳисса аз маркази савдои оянда созиш ба миён омада бошад, дар ин ҳолат рафиқатон метавонад, ки пас аз қабули иншоот ҳиссаи шуморо тариқи нотариалӣ ба номатон расмӣ гардонад. Вале, агар дар муайян кардани ҳиссаи шумо баҳс ба вуҷуд ояд, онгоҳ чунин намуди баҳсҳо тариқи судӣ ҳал карда мешаванд ва ҳисса дар ин ҳолат вобаста ба саҳми гузоштаи  иштирокчии моликияти умумӣ муайян карда мешавад.

- Падарам солҳои 1960 манзили истиқоматӣ бунёд кардааст. Соли 1998 аз олам чашм пӯшид. Аз марҳум 8 фарзанд боқӣ мондем. Баъд аз гузашти 21 сол байни мо бародарон оид ба тақсими мерос низоъ пайдо шуд. Вақте ки оид ба тақсими мерос ба идораи давлатии нотариалии ноҳияи Рашт муроҷиат намудем, аз мо ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуқарраркунандаи манзили истиқоматӣ талаб намуданд. Мутаассифона, манзили истиқоматии мазкур ҳуҷҷатгузорӣ нашудааст. Ба мо тавсия диҳед, ки чӣ кор кунем?
Шакар ДӮСТМУРОДОВ ,
ноҳияи Рашт

- Ба шумо тавсия дода мешавад, ки аввалан қарор, ё ин ки фармон дар бораи ба марҳум падаратон ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигиро аз бойгонии минтақавии мавзеи ҷойгиршавии манзили истиқоматӣ дастрас кунед. Баъдан, тибқи сархати 1, моддаи 138 - и Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ғайри судӣ оид ба эътироф намудани ҳуқуқи моликият ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии маҳали зистатон муроҷиат намоед. Дар сурати аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии маҳали зист рад намудани аризаатон, шумо ҳуқуқ доред, ки дар асоси бобҳои 12 ва 19 - и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замимаи ҳуҷҷатҳои лозимае, ки аз тарафи мақомоти дахлдор дода мешаванд, дар бораи ба марҳум падаратон эътироф намудани ҳуқуқи моликият ба суди маҳали ҷойгиршавии манзили истиқомататон арз кунед. Баъд аз он, ки аз тарафи суд ҳуқуқи моликият ба марҳум падаратон эътироф мешавад, ба идораи нотариалии давлатии ноҳия ҷиҳати тақсими мерос дархост пешниҳод созед. Дар ҳолати пайдо шудани баҳс дар байнатон, ҳуқуқ доред, ки мувофиқи боби 60 - и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд оид ба тақсим намудани мерос аз падар муроҷиат намоед. Бояд гуфт, ки ҳамаи бародарон барои гирифтани мерос аз амволи меросии марҳум падаратон ҳуқуқи баробар доранд ва мерос бо ҳиссаи баробар дар байни шумо тақсим карда мешавад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2019    №: 67    Мутолиа карданд: 788
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед