logo

иқтисод

АШТ. РОҲ БА СӮИ ҲАДАФИ ЧОРУМ

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт фаъолияти соҳибкорону сармоягузорони маҳаллӣ вусъат ёфта, онҳо ба натиҷаҳои назаррас расиданд. Соҳибкорон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат, ташкили коргоҳҳои нави истеҳсолӣ корҳои зиёд анҷом доданд.

Соли сипаришуда танҳо дар Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳия коргоҳҳои коркарди «Санги хоро» ва дӯзандагии «Гулдаст» сохта ба истифода супурда шуданд.
Корхонаи «Санги хоро» аз ҷониби соҳибкор Абдулҳақ Бобоҷонов бо арзиши 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ифтитоҳ ёфт, ки  дар он беш аз 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд. Корхона бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, ҳар як сол 3000 метри мураббаъ санги хороро коркард менамояд. Инчунин, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Пулод Ашӯров коргоҳи дӯзандагӣ бо 10 таҷҳизоти муосири корӣ ба фаъолият пардохт, ки иқтидори солонаи он омодасозии 8000 либос аст.
Дар коргоҳи дӯзандагии «Гулдаст» низ 20 таҷҳизоти истеҳсолии барориши Туркия насб шуда, 30 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид.
Ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии иқтисодиёти мамлакат соли равон дар ноҳия бунёди 4 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин, дар Ҷамоати деҳоти Ориён бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Бегматов коргоҳи дӯзандагӣ бо харҷи 200 ҳазор сомонӣ ва 20 ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар ҷамоатҳои Шодоба ва Шайдон сохтмони коргоҳҳои истеҳсоли хишт, қаннодӣ ва бандубасти мева бо маром идома дорад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2019    №: 58    Мутолиа карданд: 821
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед