logo

ҳуқуқ

ХАТЛОН. ОШКОРИ 250 КИЛОГРАММ ҚАЙМОҚИ ПАСТСИФАТ

Дар натиҷаи санҷишҳои назоратии Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон, аз бозори «Фаровон» - и шаҳри Бохтар 250 килограмм қаймоқи  пастсифат ошкор гардид.

Сиёвуш  Ятимов,  сардори  шуъбаи  нозироти  савдои  маркази  «Тоҷикстандарт» - и вилояти Хатлон, гуфт, ки маҳсулоти ошкоршуда истеҳсоли шаҳри Хуҷанд буда, ба соҳибкор Фотима Дадабоева тааллуқ дорад. Маҳсулот бе тамға ва муҳлати нигоҳдорӣ, инчунин, бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат, дар зарфҳои 10-20 килограммӣ, ки барои маҳсулоти сохтмонӣ пешбинӣ шудааст, гирифта шуда буд.
Бино ба гуфтаи Сиёвуш Ятимов, зарфҳо вобаста ба маводи истифодашаванда ба металлӣ, полимерӣ, коғазӣ, картонӣ, шишагӣ, чӯбӣ, аз маводи омехта, саноатӣ,  бофандагӣ, сафолӣ ва ғайра тақсим мешаванд ва бояд аз рӯи бехатарӣ ба талаботи  нишондодҳои санитарӣ - беҳдоштӣ, устувории кимиёӣ ва  ҳавоногузарӣ ҷавобгӯ бошанд.
-Тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ва регламенти техникии  «Бехатарии борҷома» зарфҳои полимерӣ аз рӯи таъйиноташон ба гурӯҳи истифодаашон яккарата дохил мебошанд, зеро ҳангоми истифодаи дубора эҳтимолияти хатарнокии  онҳо зиёд мешавад. Маҳсулоти ширӣ ҳангоми дар зарфи пластикӣ нигоҳ доштан, сифаташро гум карда, турш ва барои саломатӣ зараровар мегардад, - афзуд Сиёвуш Ятимов.
Иттилоъ дода шуд, ки дар рӯзҳои ид талабот ба маҳсулоти хӯрокворӣ меафзояд. Баъзе фурӯшандагон аз ин истифода бурда, маҳсулоти бе тамға ва муҳлати нигоҳдориаш гузаштаро ба мизоҷон пешкаш менамоянд. Дар ҳоле ки Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи  ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба шаҳрвандон  ҳуқуқ додааст, ки  дар бораи сифат, бехатарӣ,  муҳлат ва  дигар нуқсонҳои молу маҳсулот маълумот талаб кунанд, на ҳамаи онҳо аз ҳуқуқи худ истифода мебаранд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.04.2019    №: 61    Мутолиа карданд: 1131
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед