иқтисод
КӮЛОБ. ТАЪСИСИ ФЕРМАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ
Таъмини мардум бо маводи ғизоӣ яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии Ҳукумати кишвар ва парандапарварӣ як бахши муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ маҳсуб меёбад.
Холмуҳаммад Одинаев, роҳбари ҶДММ «Саман» дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, моҳи марти соли сипаришуда дар майдони 10 гектар ба сохтмони фермаи парандапарварӣ шурӯъ намуд. Айни замон корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, васлу насби таҷҳизот идома дорад. Ферма, ки бо таҷҳизоти пешрафта муҷаҳҳаз шудааст, то Ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Тавре Шокирҷони Карим, мудири бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ба «Ҷумҳурият» хабар дод, барои парвариш чӯҷаҳоро аз Федератсияи Россия ба корхона ворид менамоянд ва дар ҷойи махсус нигоҳ медоранд. Баъди чор моҳи парвариш онҳоро ба бинои дигари корхона мегузаронанд.
- Корхона дар як баст то 50 ҳазор чӯҷа парвариш намуда, дар марҳилаи аввал (баъди чор моҳи парвариш) дар як рӯз зиёда аз 45 ҳазор тухм истеҳсол менамояд. Бо оғози кор дар ферма 30 ва дар оянда 60 кас бо ҷойи корӣ таъмин мегардад, - гуфт Шокирҷони Карим.
Баъди пурра ба кор шурӯъ намудан, корхона метавонад шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлобро бо тухми аълосифат таъмин намояд.
Барои истеҳсоли хӯроки паранда аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 35 гектар замин ҷудо шудааст.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.04.2019 №: 65-66 Мутолиа карданд: 1054