logo

маориф

ММТ. АНДЕШАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ!

Солҳои охир дар бисёр кишварҳои олам супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ бо усули нав, яъне тариқи марказҳои тестӣ сурат мегирад. Он дар як муддати кӯтоҳ натиҷаҳои дилхоҳро ба бор овард. Дар ҳар сурат, миш-мишҳои бисёре дар атрофи порагирии муаллимони имтиҳонгиранда камтар шуд.
Вале, чизи дигаре, ки мо - аҳли ҳунарро ба ташвиш оварда, ин аст: Оё Маркази миллии тестӣ қодир аст, ки сатҳи ҳунари довталабон, аз ҷумла актёр, рассом, сарояндаву навозандаи боистеъдодро муайян намояд? Албатта, не! Инро вақт нишон дод. Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илми кишвар ба донишкадаҳои эҷодӣ иҷозат дод, ки довталабон имтиҳонҳои касбиро дар худи таълимгоҳ бо иштироки устодони варзидаи соҳа қабул ва баҳогузорӣ намоянд. Ҳамин тавр ҳам кардем, вале ҳайҳот, ки натиҷаи дилхоҳ гирифта натавонистем. Танҳо дар ду соли охир дар шуъбаҳои эҷодии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода аз дусад нафар довталабони соҳибҳунари умедбахш, ки дар имтиҳони касбияшон ба гирифтани балҳои баланд ноил гардиданд, ҳамагӣ ба чанд нафарашон муяссар шуд, ки коми худ аз шарбати касби интихобкардаашон ширин намоянд. Боқимондаи онҳо бо дилҳои шикастаю умедҳои барбодрафта, мувофиқи нишондоди тарозуи тақдирсози ММТ, ба соҳаҳои барояшон тамоман ноошно тақсим шуданд. Ҷои онҳоро ҳамин гуна дилбохтагони соҳаҳои кишоварзиву сохтмон пур карданд. Ҳангоми бо онҳо ҳамсуҳбат шудан дарк мешавад, ки фарсахҳо аз эҷод дур ҳастанд. Бо дили нохоҳам, аз рӯи ноилоҷӣ ба тақдирашон тан дода, ба хондан шурӯъ намуданд. Магар аз чунин донишҷӯи фавқулода ҳунарманди баландпоя тайёр карда мешавад? Ҳаргиз не!
Аз 23 нафар дохилшудагон ба курси якуми шуъбаи санъати актёрӣ ҳамагӣ як нафар аз санҷиши пешакии устодони соҳа гузаштаасту халос. Аксарашон дорои овозҳои хираву ноҷӯр, қаду қомати номувофиқ ба соҳаву ҳунар буда, чанде дигар мактабҳои таҳсилоти умумиро ҳатто бо забонҳои ғайритоҷикӣ хатм намудаанд. Магар бе овоз ҳофизу бе ҳунар актёр шудан метавон?
Дар ДДФСТ ба номи М. Турсунзода соҳаву шуъбаҳои зиёде ҳастанд, ки он ҷо бемалол аз рӯи талаботи Маркази миллии тестӣ амал кардан ҷоиз мебошад. Вале дар касбҳои эҷодӣ иҷозати расмии Вазорати маориф ва илми кишвар лозим аст, ки аз ибтидо то интиҳо ҳамаи имтиҳонҳои дохилшавӣ дар худи донишкада сурат бигирад. Вагарна, ҳамасола мо аз садҳо рассоми нотакрор, актёрҳои соҳибистеъдод, сарояндагони нодир, навозандагони чирадаст ва варзишгарони номбардори ватанамон маҳрум мегардем.
Чанде аз кишварҳо, ба амсоли Россия, Беларус ва Ӯзбекистон иҷозат додаанд, ки аз ибтидо то интиҳо имтиҳонҳои ҳамаи шуъбаҳои эҷодӣ дар ҳудуди худи донишкада гузарад.
Хуб мешуд, агар дар ҷумҳурии мо низ ин амал ҷорӣ мегардид.
Марям ИСОЕВА,
Тағоймурод РОЗИҚОВ,
Қурбони СОБИР,
Раҷабгул ҚОСИМОВА,
Давлат УБАЙДУЛЛОЕВ,
ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон,
Абдулҳафиз ҚОДИРОВ,
Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон,
Рустам ВОҲИДОВ,
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2019    №: 68    Мутолиа карданд: 1507
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед