logo

иқтисод

АВҶИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Сокинони шаҳри Турсунзода баҳри  сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни  30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба мегиранд.
То таҷлили Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Турсунзода, дар баробари корҳои сабзу хуррамгардонӣ, беш аз 300 иншооти нав бунёд мешавад. Тибқи иттилои Абдуқодир Вализода, раиси шаҳр, то имрӯз, аллакай, 52 иншооти ҷашнӣ сохта шуда, рӯзҳои наздик боз 11 корхонаи хурди саноатӣ бунёд мегардад.
Яке аз тадбирҳои муҳими роҳбарияти шаҳр ба муносибати ин ҷашни умумимиллӣ “Рӯзҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳал” мебошад. Зимни ин чорабинӣ гурӯҳҳои корӣ аз хонаҳои пиронсолону ниёзмандон, муассисаҳои таълимӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дидан намуда, бо ҳаёту фаъолияти сокинони деҳаву маҳаллаҳо аз наздик ошно мегарданд ва барои беҳтар шудани шароити онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Ҳамчунин, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳал, соҳили ҷӯйю дарёҳо, ривоҷу равнақ додани корҳои созандагию ободонӣ ва кабудизоркунии маҳал аз мақсадҳои дигари чорабинии мазкур аст, ки ҳамагӣ боиси рӯҳбаландии мардум хоҳад буд. Сокинон ин тадбири мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзодаро якдилона дастгирӣ намуда, баҳри тозагии кошонаи худ, кӯчаву маҳал бо азму ғайрати дучанд камари ҳиммат бастаанд.
Ҳотам РАБИЕВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2019    №: 68    Мутолиа карданд: 798
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед