logo

иқтисод

КОНИБОДОМ. ИМКОНИЯТИ ЭҲЁИ ИҚТИДОРҲОИ САНОАТӢ ЗИЁДАНД

Конибодом солҳои 80 -уми асри гузашта дар  ҷумҳурӣ аз  шаҳрҳои пешрафтаи саноатӣ маҳсуб меёфт ва  дар ташаккули маҷмӯи  маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ аз 30 то 40 дарсад саҳм дошт. Дар корхонаҳои соҳа  зиёда аз 9 ҳазор  сокини шаҳр  бо ҷои кори доимӣ ва музди хуб таъмин буд. Маҳсулоти корхонаҳои дӯзандагии «Ҳусноро», равғанбарории «Ассор», риштаҳои босифати «Ресмон», консерв ва маҳсулоти боз  чанд корхонаи дигари  шаҳр ба  минтақаҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ ва  кишварҳои Осиёву Аврупо содирот мешуд. Аммо имрӯз бахши саноати шаҳр аз рӯи талаботи низоми бозорӣ ва дигаргуниҳои технологии замони муосир ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад.
Корхонаҳои номбаршуда имрӯзҳо дар симои соҳибкорони ватанӣ соҳибмулкони худро ёфтанд, аммо аксари онҳо фаъолият намекунанд ва ҳолати ҳузнангез доранд. Тадбирҳои андешидаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои эҳё ва  истифодаи самараноки корхонаҳо аз ҷониби соҳибони онҳо ба ҳадди зарурӣ  ба эътибор гирифта намешаванд.
Зафарбек Давлатзода, раиси шаҳр, дар мулоқот бо фаъолону роҳбарони корхонаю муассисаҳои шаҳр аз ҳолати  ногувори  соҳа ёдовар шуда, ба масъулону  мутахассисон  ҷиҳати эҳёву фаъол гардондани  корхонаҳои саноатии азкормонда  дар заминаи технологияи инноватсионӣ ва бунёди  коргоҳҳои нав  дастуру супоришҳои мушаххас дод. 
Рустамҷон Қодиров, собиқадори меҳнат, бовар дорад, ки дар сурати мутобиқ ба талаботи низоми бозоргонӣ тарҳрезӣ кардани барномаҳои махсуси саноатикунонӣ Конибодом,  бешубҳа, дар муддати кӯтоҳ шуҳрати пештараашро соҳиб мешавад.
- Мусаллам аст, ки инфрасохтори соҳа  яке аз муҳимтарин бахшҳои истеҳсолот маҳсуб меёбад. Дар ин самт Конибодом назар ба  бисёр шаҳру навоҳии кишвар бартарӣ дорад. Соҳибмулкони корхонаҳои азими азкормондаи шаҳр имкон доранд, ки  бидуни сохтмони иншооти нав  танҳо бо воридоти хатҳои технологияи пешқадам истеҳсолоти рақобатпазирро ба роҳ монанд, - гуфт Рустамҷон Қодиров.
Соли 2016  - дар рӯзҳои тантанаи Наврӯз, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом ба фаъолияти корхонаи азими саноатии «Нафтрасон» ҳусни оғоз бахшиданд.  Ба ин васила 70 нафар бо ҷойи нави кор  таъмин шуду буҷети маҳаллӣ  сарчашмаи нави даромад (солона тақрибан 250 ҳазор сомонӣ) пайдо кард.  Соли гузашта навбати аввали  корхонаи нави истеҳсоли семент бо номи «Билол слюнин семент» бо иқтидори истеҳсолии солонаи 300 ҳазор тонна ва 75 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ба беҳтаршавии вазъи иқтисодии шаҳр мусоидат намуд. Тибқи нақша, моҳи июни соли равон  навбати дуюми корхонаи мазкур бо  ҳамин иқтидор  ва фароҳамории 75 ҷойи нави кор ба фаъолият оғоз менамояд.
- Ба ҳамагон рӯшан аст, ки  рушди босуръати саноат дар ҳаёти ҳар  кишвар  аз лиҳози иқтисодӣ ва молиявӣ аҳамияти бузург дорад. Ҳамин аст, ки аз тарафи Пешвои миллат рушди соҳаи мазкур ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудааст. Ҷиҳати ҳарчи зудтар амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат  дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки масъулону мутахассисони соҳа ҳар ҳафта ҷаласаи  васеи машваратӣ доир шуда, барномаҳои раҳоӣ аз мушкилоти соҳа баррасӣ мешаванд. Конибодом имкон дорад, ки  бо  истифодаи захираҳои мавҷудаи моддию маънавӣ давоми се соли оянда боз  дар қатори шаҳру навоҳии саноатии рӯ ба рушд шомил шавад, - иброз дошт зимни суҳбат Илҳом Ҳамидӣ, муовини раиси шаҳр.
Айни ҳол мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ  бо соҳибмулкон  ҷиҳати барқарорсозии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда барномаҳои махсус таҳия менамоянд, роҳу воситаҳо, сарчашмаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷиро  меҷӯянд. Ин тадбирҳо, албатта, ба эҳё, афзудани теъдоди корхонаҳои саноатӣ ва фароҳамоии ҷойҳои нави кор дар шаҳр мусоидат мекунанд.
Ҷовиди АШТӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2019    №: 68    Мутолиа карданд: 864
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед