logo

фарҳанг

"ФАРҲАНГ ВА САНЪАТ" БА ФЕҲРИСТИ МАҶАЛЛАҲОИ ТАҚРИЗШАВАНДА ВОРИД ШУД

Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори раёсати комиссия ва хулосаи шӯрои экспертӣ маҷаллаи илмии «Фарҳанг ва санъат» - и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи ҷумҳурӣ ворид намуд.
Маҷалла аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001  бо номи «Олами ҳунар» номнавис шуда, то соли 2017 даҳ шумораи он ба табъ расид. Шурӯъ аз соли 2017 «Олами ҳунар» ба нашрияи «Фарҳанг ва санъат» табдили ном кард. Дар он натиҷаҳои илмию пажӯҳишии рисолаҳои илмӣ барои дарёфти дараҷаи номзад ва доктори илм нашр мегарданд. Мақолаҳои илмии профессору дотсентҳо, докторанту (PhD) аспирантон ва магистрҳои донишкада, инчунин устодони дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон маводи асосии маҷалларо ташкил медиҳанд.
 Маҷалла дар як сол 4 маротиба аз чоп баромада, дар мақолаҳо масоили вобаста ба истиқлолияти фарҳангӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ, рушди санъати миллӣ, мушкилоти соҳаи китобдорӣ - иттилоотӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими соҳаҳои фарҳанг ва санъати кишвар мавриди таҳлили амиқи илмӣ қарор мегиранд. 
Маҷалла аз се бахш: фарҳангшиносӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ - фарҳангӣ, санъатшиносӣ - (мусиқӣ, театр, кино, санъати тасвирӣ, хореография), китобдорӣ - иттилоотӣ ва рӯзноманигорӣ (журналистика) иборат мебошад. Мундариҷаи он дар шакли фишурда ва калидвожаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба РИНС ворид карда мешавад. «Фарҳанг ва санъат» дорои рақами байналмилалии силсиланашрия низ мебошад.
Додоҷон РӮЗИЕВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2019    №: 68    Мутолиа карданд: 1006
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед