logo

иқтисод

ХАТЛОН. ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТ ДАР МАДДИ АВВАЛ

Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади фароҳам овардани шароити хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон ва риояи қоидаҳои байторию беҳдоштӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намудааст. Доир ба фаъолияти  сохтор Меҳроҷ Ҳасанзода, сардори раёсати мазкур, андешаи худро чунин баён намуд:  
- Кормандони раёсат бо мақсади таъмини талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳуриявию байналмилалии танзимкунандаи бехатарии озуқаворӣ ва ҳимояи манфиати истеъмолкунандагон бо истифода аз озмоишгоҳ ва таҷҳизоти лозимӣ фаъолиятро ҷоннок намуда, соли гузашта дар ҳудуди вилоят барои пешгирии бемориҳои сироятии чорво ва таъмини вазъи муътадили эпизоотӣ 127525 сар чорвои калон ва 153400 сар чорвои хурдро аз  ташхиси бемории буғумдард гузаронданд.
Назорат ва таъмини иҷрои талаботи байторию санитарӣ, аз ҷумла истеҳсол, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти чорвою  паранда зери назорати мутахассисони соҳа қарор дорад. То имрӯз дар бозор ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳру навоҳии вилоят дар 252239 намуна санҷиш гузаронда шуд. Пас аз хулосаи санҷиш маҳсулоти ғайристандартӣ, аз ҷумла 8098 дона тухм, 1595 килограмм шир ва маҳсулоти ширӣ, 637 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 711 килограмм равған, 365 килограмм моҳӣ, 154 килограмм асал, 846 килограмм маҳсулоти хушк, 7713 килограмм полизиҳо аз фурӯш боздошт ва нобуд карда шуданд. 
Ҳангоми содирот чорабиниҳои фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ, аз ҷумла азназаргузаронии 34523 тонна маҳсулоти карантинӣ (пахта, ришта, нахи абрешим, олу, зардолу, субстрат ферула, решаи ширинбия, бодом, мағзи бодом, мавиз, писта, чигит, пилла ва ҷӯроб) тибқи талаботи байналмилалӣ сари вақт азназаргузаронӣ, безараргардонӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ шуданд. Ин маҳсулот ба Русия, Туркия, Эрон, Покистон, Афғонистон, Ироқ, Япония, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Гурҷистон, Бангладеш ва ғайра содирот гардид.
Барои ошкор ва муайян намудани организмҳои зараррасони карантинӣ ва алафҳои бегона аз тарафи мутахассисон дар ҳаҷми 322 метри мукааб  анборҳо, 61020 метри мукааб гармхонаҳо, 21589 гектар киштзор аз таҳқиқи фитосанитарӣ гузаронда шуданд. Дар натиҷа, барои ислоҳи камбудиҳо 593 амр ва 20 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, аз 13 нафар ба маблағи 4960 сомонӣ ҷарима ситонда шуд.
Низоми идоракунии бехатарии озуқаворӣ аз муайян намудани нуқтаҳои назорати ниҳоӣ бо мақсади ба таври пурра пешгирӣ кардани ҳамаи хавфҳои эҳтимолӣ, муайян намудани ҳудуди онҳо ва мониторинги доимӣ асос ёфтааст. Назорати қатъӣ, татбиқи чораҳои мушаххас барои пешгирии хатари эҳтимолӣ ва ё то ҳадди имкон кам кардани хавфи ба вуқӯъ пайвастани хатар мадад менамояд.
Масъалаи дигар, ки қонунгузорӣ муайян намудааст ва риоя нагардидани он ба сифату бехатарии маҳсулоти истеъмолӣ таъсири манфӣ мерасонад, ин шароити хуби коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва фурӯши онҳо дар нуқтаҳои савдои яклухт ва чаканаи ҷумҳурӣ мебошад. Имрӯз шароити нигоҳдорӣ дар корхонаҳои парвариш, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ ва нуқтаҳои савдо беҳтар гардида бошад ҳам, савдои кӯчагӣ, растаю роҳравҳо ва ҷойҳои муайяннашуда, ба павилионҳо ҷудо кардани маҳсулот вобаста ба муҳлати истеъмол, тезвайроншаванда ва тару тоза, хушкмеваҳо ба ҷараёни ташхис, инчунин, ба баҳодиҳии онҳо таъсири манфӣ расонда, барои саломатӣ оқибатҳои вазнин ба миён меоранд.
Айни ҳол, зиёда аз 5 ҳазор корхонаи парвариш, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти озуқавории хусусӣ ва ҷамъиятӣ таҳти назорати раёсат ва сохторҳои зертобеи он қарор дорад. Вале, на дар ҳама нуқтаҳои савдо шароити фурӯш, нигоҳдорӣ тибқи талабот қарор дошта,  озмоишгоҳҳои дорои қобилияти ташхиси маҳсулот ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза фаъолияти мунтазамро анҷом медиҳанд. Аз ин лиҳоз, ин монеаҳо  дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани корҳои мониторингӣ ва санҷиши пурраи ташхиси маҳсулотро мушкил мегардонад. Илова ба ин, то имрӯз маълум нест, ки барои таъсиси чунин бозорҳо, ки асосан дар онҳо маҳсулоти тезвайроншавандаи ниёзи ҳаррӯзаи мардум фурӯхта мешаванд, хулосаҳои мақомоти дахлдори санитарию бехатарӣ ва иҷозатнома барои фаъолият содир шудааст ё не.
Дар ин ҷода бо мақсади татбиқи чорабиниҳо дар доираи барномаҳои бехатарии озуқаворӣ “Нақшаи кории раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон” тартиб дода шуда, корҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд. Раёсат дар ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бо идораҳои масъул ва мардуми шарифи вилоят кӯшиш дорад, ки барои бехатарии дастархони мардум ба натиҷаҳои беҳтар ноил гардад.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2019    №: 69-70    Мутолиа карданд: 994
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед