logo

фарҳанг

ТОҶИКИСТОН ВА БЕЛАРУС. САҲМИ ҶАМЪИЯТИ ДӮСТӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО

Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон - Беларус» январи соли 2003 дар заминаи Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ таъсис дода шуд.
Саҳми ҷамъияти мазкур ҷиҳати барқарор ва тақвият додани робитаҳои илмию  фарҳангӣ, муносибати  дӯстонаи байни мардуми ҳар ду кишвар калон аст. Моҳи марти соли 2012 дар Ҷумҳурии Беларус Ҷамъияти  дӯстии «Беларус - Тоҷикистон» ташкил шуд, ки  нависанда, тарҷумони беларус, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  Алес  Карлюкевич раиси он мебошад. Ҷамъият ба боз ҳам густариш додани  равобити дӯстии ҳар ду кишвар мусоидат намуд.
Бояд зикр кард, ки  дар ташкили ҷамъият саҳми раиси раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо  кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев назаррас аст. Бо дастгирии ҷамъиятҳои дӯстӣ дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус чорабиниҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ доир мешаванд. Чунончи, дар Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Беларус бо кишварҳои хориҷӣ шаби назм бахшида ба 1155 – солагии Асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ доир гашт, ки дар он намояндагони корпусҳои дипломатӣ, адибони тоҷику беларус, донишҷӯён ва тоҷикони муқими  Ҷумҳурии Беларус иштирок доштанд. Раиси ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Беларус бо кишварҳои хориҷӣ Н.С. Иванова бо  самимият ва эҳтироми бузург дар бораи ҳаёту эҷодиёти устод Рӯдакӣ сухан ронд. Дар маркази  намоишгоҳи «БелЭкспо»- и шаҳри Минск намоиши байналмилалии китоб бо  иштироки  ноширон аз 25  кишвар доир гашт.
Аз Тоҷикистон беш аз 100 нусха китоб вобаста ба 40 мавзӯи гуногун ба намоиш гузошта шуд. Ноширони тоҷик бо 6 дипломи ин ҳамоиши фарҳангӣ сарфароз гардиданд.
Котиби Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Беларус», номзади илмҳои техникӣ Исроил Мирзоалиев иброз медорад, ки таъсиси факултети муштарак робита ва ҳамкориҳои илмиро боз ҳам  қавитар гардонд. Донишҷӯёни ин факултет таҳсилро дар макотиби олии Беларус идома дода,  ихтисосҳои авиатсияи гражданӣ, мошинсозӣ, сохтмонӣ – меъморӣ, энергетика, иқтисоди саноатиро аз худ менамоянд. 
Аъзам МӮСОЕВ, Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2019    №: 69-70    Мутолиа карданд: 920
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед