иқтисод
ЗАФАРОБОД. ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ БА МАВСИМ ОМОДААНД?
Зафаробод дар ҷумҳурӣ ягона ноҳияест, ки манбаъ ва захираҳои обӣ надорад. Заминҳои кишти он зиёда аз 30 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд ва танҳо ба таври сунъӣ бо 11 пойгоҳи обкашӣ, ки дар як сония 47 метри мукааб обро аз 90 то 180 метр боло мекашад, обёрӣ мешаванд. Об аз пойгоҳҳо ба ду канали калони магистралии дарозиашон то 75 километр тақсим мешавад.
Аз 15 пойгоҳи обкашии дар мувозинаи идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия буда, феълан 11 - тоаш дар хизмати кишоварзон қарор дорад. Пойгоҳҳои мазкур ҳанӯз солҳои 1962 - 1970 бунёд шуда, куҳнаю фарсудаанд ва ба таври доимӣ ҳар мавсим ба таъмири ҷиддӣ ниёз доранд.
Раҷаб Ашӯрзода, раиси ноҳия, иброз дошт, ки пойгоҳҳои обкашӣ барои аҳолии 75 – ҳазорнафараи ноҳия хеле заруранд. Аз ин лиҳоз, баробари фарорасии фасли баҳору наздикшавии мавсими киштукор суоли нахустин ҳолати омодабошии пойгоҳҳои обкашӣ мебошад.
Бо гузашти беш аз ним асри фаъолияти босамари пойгоҳҳо ноҳияи Зафаробод ба макони истеҳсоли пахта, сабзавоту маҳсулоти полизӣ табдил ёфта, соҳаи чорводорӣ низ рӯ ба рушд ниҳод. Табиист, ки дар ин муддат дастгоҳу таҷҳизоти пойгоҳҳо таъмирталаб гардиданд ва аз сабаби зуд - зуд ба садамаи техникӣ дучор шудани онҳо садҳо гектар замин аз кишт берун баромад.
Хушбахтона, солҳои ахир баъди сафарҳои кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия вазъият комилан тағйир ёфт. Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои фаъолияти муътадили пойгоҳҳои обкашӣ то даҳҳо миллион сомонӣ маблағ ҷудо карданд, ки ниҳоят таъмини об бо мақсади парвариши зироатҳо беҳтар шуда, деҳқонон аз танқисии об раҳоӣ ёфтанд. Ба иттилои Ибодулло Мансуров, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, соли 2018 кишоварзон ба ҷойи 343 миллион дар асл 387 миллион мукааб об гирифтанд, ки ба рушди соҳа дар ҳамаи самтҳо мусоидат кард. Аз ҷумла, пахтакорӣ, ки соҳаи асосии кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, дар заминаи ислоҳоти соҳа ба ноҳия манфиати хуби иқтисодӣ овард ва ҳоло хоҷагиҳои деҳқонӣ барои рӯёндани ҳосили бештар ҳавасманданд. Аз лиҳози истеҳсоли маҳсулоти полизӣ низ Зафаробод миёни навоҳии кишоварзии мамлакат мақоми пешсафро ишғол карда, харбузаҳои хуштамъи ноҳия борҳо дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ бо сифат ва таъми хуш сазовори баҳои баланди коршиносони кишварҳои ИДМ гардидаанд. Албатта, дар ин муваффақияти деҳқонон саҳми кормандони идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия кам нест.
Бахши кишоварзӣ дар Зафаробод на танхо аҳамияти иқтисодӣ, ҳамзамон, хусусияти иҷтимоӣ пайдо кардааст. Маҳз дар натиҷаи кори муътадили пойгоҳҳои обкашӣ соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 465 миллиону 947,5 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба соли пешӣ 30,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб, муҳоҷирати меҳнатӣ низ дар ноҳия коҳиш ёфта, бисёр ҷавонон бидуни сафар ба хориҷи кишвар дар ноҳияи худ бо таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ соҳиби шуғли доимӣ шудаанд.
- Фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ ба таври доимӣ дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад. Барои сари вақт ба мавсими киштукори баҳори имсола омода кардани пойгоҳҳо ва умуман, кори бонизоми онҳо дар вақти парвариши зироат аз ҳисоби буҷети вилоят 1 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, - гуфт Ибодулло Мансуров.
Мутаассифона, ҳамасола барои таъмири дастгоҳу таҷҳизот миллионҳо сомонӣ ҷудо мешавад, зеро онҳо фарсуда шудаанд. Қариб 30 дастгоҳи пуриқтидор, ки дар обёрӣ ба кишоварзон хизмат мерасонанд, дар кори ҳаррӯзаашон то 8 ҳазор киловатт неруи барқ сарф мекунанд.
- Ҳар қадар дастгоҳ куҳнаву фарсуда шавад, хароҷот зиёд мегардад. Аз ин лиҳоз, вақт тақозо менамояд, ки пойгоҳҳо пурра нав карда шаванд, - таъкид дошт Ибодулло Мансуров. Ба гуфтаи ӯ, барои баррасии ин масъала мутахассисони ноҳия ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи азнавсозии пойгоҳҳоро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод кардаанд. Барои татбиқи лоиҳа 69 миллион доллари ИМА зарур аст. Дар сурати амалишавии лоиҳа дар пойгоҳҳои обкашии ноҳия дастгоҳҳо ва таҷҳизоти муосир насб карда мешаванд, ки неруи барқро кам хароҷот карда, обро нисбатан зиёд мекашонанд. Ҳам кишоварзон манфиат мебардоранд ва ҳам сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳтар мегардад. Воқеан, нав кардани таҷҳизоти пойгоҳҳои обкашӣ беҳ аз он аст, ки пайваста бо нархи гарон таъмиру навсозӣ шаванд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.04.2019 №: 69-70 Мутолиа карданд: 1076