logo

номаҳо

ИЗҲОРИ СИПОС

Тасаввур кардан мушкил аст, ки шахсони маъюб, хусусан кӯдакони маъюб, чӣ гуна метавонанд роҳи ҳалли мушкилоташонро биёбанд. Охир, аксарияти онҳо қариб ки наметавонанд ҳоҷати худро бароварда созанд, аз ин рӯ, ноилоҷ ба каси дигаре ба ниёзмандӣ рӯ меоранд.
Ин  гурӯҳ, албатта, дар оилаҳояшон аз меҳру навозиши падару модарон, наздикону пайвандон баҳраваранд. Аммо чун дили басе ҳассосу захмин доранд, агар нафаре сарашонро сила кунаду сухани хубеашон бигӯяд ё ин ки туҳфае тақдим намояд, зиёдтар шод мегарданд.
Мақсад аз ин навишта он аст, ки маҳз ба рафтору кирдори ҷавонмардонаи нафаре сипос бигӯему арзи миннатдорӣ баён намоем. Ӯ роҳбари Сирки давлатии Тоҷикистон Ашӯр Раҷабов мебошад. Дар ҳама гуна чорабиниҳои ҷамъиятиву давлатӣ қатъи назар аз мушкилиҳо ва зиёд будани ҳаҷми кораш доимо ба кӯдакони маъюб диққати махсус медиҳад, кӯшиш менамояд, ки каме ҳам бошад, бо ин роҳ дили шикаставу маҷрӯҳи онҳоро шод гардонад. Ӯ бо ин кирдори некаш на танҳо ин кӯдакони маъюб, балки модарони онҳоро низ дилбардорӣ менамояд.
Ташкилоти мо, ки асосан бо кӯдакони имконияташон маҳдуд сарукор дорад, дар рӯзҳои иду ҷашнвораҳо ба ӯ рӯ меорад, зеро бовар дорад, ки тамоми чораҳои заруриро дар ин маврид меандешад ва ёрӣ мерасонад. Зикри иштироки ройгони ин кӯдакон дар барномаҳои ҳунарӣ кофист, ки ҳақиқати навиштаҳои моро собит бисозад. Албатта, дар баробари изҳори сипос ба ин марди ғамхор изҳор медорам, ки дигар роҳбарон дар доираи имконоташон ба маъюбон, хоса кӯдакони маъюб, таваҷҷуҳи махсус зоҳир бикунанд. Боло рафтани сатҳи маърифати онҳо ба нафъи миллат мебошад.
С. НЕЪМОНОВА,
роҳбари Муассисаи кӯдакони имконияташон
маҳдуди «Боварӣ ба фардо»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2019    №: 69-70    Мутолиа карданд: 2726
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед