logo

фарҳанг

СЕБАРГА

Себарга. Бисёр  шунидаем ин номро дар  суруду  таронаҳои  халқӣ. Ин гиёҳ дар фасли баҳор зеби чаману марғзор аст, зеби баҳор аст, сарсабзии замин  аст.
Баробари рӯидани себарга дар дилу дида оҳанг мерӯяд, шӯру шавқ  боло мегираду месароӣ.
Дар фасли баҳор ҳар  гиёҳе рӯяд,
Аз  абри  баҳор  сабза  рух  мешӯяд.
Себаргаю  сабзазор зери  қадам  аст,
Бӯи  хуши  гулро  ҳама  кам  меҷӯяд.
Ё суруди машҳури «Сабзак лаби ҷӯ» дар хаёламон гирд мегардад. Ба  оҳангаш, бо  ҳамон тарзи  иҷроиши  қадимааш  месароем:
Сабзак лаби ҷӯ, ёраки  нағзак лаби ҷӯ,
То тар  нашавад  себаргаҳои  лаби ҷӯ.
Як себарга чаро ин қадар дар суруду таронаҳои халқӣ ҷо шуда, ин  қадар ба забон афтода?
Себарга гиёҳест зеби чаман, зеби ҷӯйбору марғзор.
Махсусан, дар вақти бедоршавии табиат себарга ҳам сар мекашад.  Он хеле зиёд дашту даманро фаро мегирад. Баргҳояш сетоӣ буда, гулаш  назаргир аст.
Дар рисолаи «Чаҳорбоғи гулҳо» Муҳаммад Обиди Иршод (асри ХIХ) дар  барои себарга чунин нигоштааст:
«Себарга сабзаест чун бисоти фақирон, балки монанди  бистари амирон муносиб. Андаке ӯро дар пояи дарахтони соядор ва  гулдор бикоранд. Замини онро мустаҳкам намуда, об диҳанд ва тухми ӯро ба рӯи об пошанд ва чун замин зарднам шуд, об диҳанд ва маҳалли  коштани он ду дафъ: ҳамал (март) аст ва дафъаи дигар ҷавзо (май),  монанди алафи юнучқа ва чун сармо шавад, аз ғояти нозукӣ нобуд мегардад ва ҳар  сол дастур он аст, ки тухм намоянд, фоида дорад.
Аввал он ки гули вай хушрангу хушбӯй шавад ва дигар он ки аспу  гов сӯхтаву лоғар  бошанд, чун бад-ӯ диҳанд, зуд фарбеҳ ва тандуруст  гарданд ва дар ҷое, ки занбӯри асал бошад, аз ин асал барорад, чаро ки гули ӯ ширин аст».
Вале аҷиб он ки дар дашту даман, дар марғзору чаманзор  себарга ҳама худрӯй  аст. Фасли  баҳор бо гулу себарга зебу фар меёбад.
Оҳанги шодӣ ба сухан пару бол мебахшад, ба ҳамон сухане, ки дар  васфи сабзазору гулзор аст. 
Аз рӯи тадқиқотҳо гӯё 200 намуди себарга ба қайд гирифта шудааст.
Ва аз ҳама маъмултарини ин себаргаҳо себаргаи сурх ё  чамансебарга, себаргаи кӯҳӣ, себаргаи гулобӣ, себаргаи форсӣ, себаргаи  миёна ва ғайра  мебошад.
Дар сарчашмаҳо омада, ки Абуалӣ ибни Сино шираи себаргаро барои муолиҷаи захми пӯст ва обҷӯшашро барои бемориҳои гурдаю  масона фармуда будааст. Равғанаш барои кам кардани дарди устухон,  буғумҳои дасту по ва тухмдону бачадон тавсия дода мешуд.  
Ш. ҲАҚНАЗАРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2019    №: 69-70    Мутолиа карданд: 877
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед