logo

фарҳанг

"САДОИ ДУШАНБЕ". САДОЕ, КИ 20 СОЛ БОЗ ТАНИНАНДОЗ АСТ

«Садои Душанбе»  дар асоси тадқиқоти гузарондаи ташкилоти «Зеркало» соли 2018 миёни радиоҳои давлатӣ ҷойи аввалро касб карда, «маҳбуби дилҳо» унвон гирифт.
Имсол ба фаъолияти он бист сол пур мешавад. «Садои Душанбе»  бори нахуст 18 январи соли 1999 бо ташаббуси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бавижа раиси вақти он Сайф Раҳимзод, танинандоз гашта буд.
- Дар оғози фаъолияти шабакаи радиоии ёдшуда Сайф Раҳимзод гуфта буд: «Ман ин дунёро ҳатман ба дунёи зебо монанд месозам». Имрӯзҳо кормандону масъулони шабака дар пайи ҳамин орзуву ормонҳои нависандаи равоншоданд, - изҳор дошт сармуҳаррири радиои «Садои Душанбе» Махфират Юсуфӣ.
Воқеан ҳам, пас аз даргириҳои солҳои 90 - и асри гузашта даст ба чунин иқдоми наҷиб задан, кори шоиставу сутуданӣ буд. Дар муддати на чандон тӯлонӣ барномаҳои радио на танҳо ба дили мардум раҳ ёфтанд, балки «Садои Душанбе» минбари эҷодкорони сухандону маънифаҳм ва мактаби мутахассисони ҷавону боистеъдод гардид.
Радиои мазкур Сафаргул Олимӣ, Ҷонибеки Асрориён, Шоҳона Одинаева, Шарифи Мисайзод, Зиёвуддини Нурзод, Гулнора Насриддинова барин эҷодкорони муваффақро дар мактаби адабии худ ҷамъ овард. Чанде аз онҳо ҳоло ҳам дар «Садои Душанбе», радиоҳои дигар ва бахшҳои гуногун дар кору пайкоранд.
- Дар замони  рушди  босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва ривоҷи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет, парафкании хабару иттилоот тавассути таҷҳизоти мухталиф, таҳлилу баррасии фазои иттилоотии кишвар дар бахши радиожурналистика кори мушкилест. Таваҷҷуҳи шунавандаи имрӯзаро ба радио ҷалб кардан боз ҳам мушкилтар аст. Аммо мо дар ҳамин фазо талош меварзем, то иттилооти дурусту саҳеҳро ба шунавандаи худ расонем ва дар ташаккули тафаккури солим дар ҷомеа хизмат намоем, - баён медорад М. Юсуфӣ.
Аҳли ҳунар ва зиёиёни миллат дар доираи барномаҳои «Хирмани роз», «Сари суфраи шом», «Минбари миллат» ба таври мустақим ба суолу пурсишу дархости шунавандагон посух мегӯянд.
«Садои Душанбе» дар фазои ягонаи иттилоотӣ зеҳнияту ҳувияти миллиро ҳифз мекунад. Ба ҳалли қазияҳо ва баррасии мушкилоти мардум дар пойтахти кишвар ва деҳаҳои диёр рӯ меоварад.
Бино ба гуфтаи М. Юсуфӣ, феҳристи барномаҳои тозаю нав дар соли равон зиёданд, аммо «Минбари миллат» ормону орзуи деринтизори аҳли эҷоди радиои «Садои Душанбе» мебошад, ки муддате лоиҳаи он дар ҷараёни баррасию омӯзиш қарор дошт ва, инак, пас аз чанд рӯзи башумор розу ниёзи тоҷикони дур аз Ватан, таманниёту муроди дили зодагону дилбохтагони Тоҷикистони маҳбуб аз гӯшаҳои гуногуни олам ҷамъ, сабту таҳия ва танзим гардида, пешниҳоди шунавандагон мешавад.
Ҳамчунин, эҳёи «Пайки назм» - и шодравон Сайф Раҳимзод дар нақшаи кории радиои «Садои Душанбе», дар ҳамон шакле, ки муаллифи он орзу дошт, тарҳрезӣ гардида, барномаи аввалинаш рӯзҳои наздик ба фазои кишвар танинандоз хоҳад шуд.
Бузургмеҳр БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2019    №: 69-70    Мутолиа карданд: 786
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед