logo

фарҳанг

"САЙРИ ГУЛҲО" - И БАДАХШОН

Чанде пеш намоиш - фурӯши «Сайри гулҳо» зеббахши майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  гардид. Дар озмун, асосан, гулҳои хонагӣ, тухми гулу гиёҳҳои гуногун, кӯчати гулҳо ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд. Дар гӯшаи дигари майдон боғдорон ниҳолҳои дарахтони мевадору сояафканро ба сокинони шаҳру деҳоти вилоят  пешниҳод намуданд.
Умед Носирзода, муовини раиси вилоят, зикр кард, ки  озмуни «Сайри гулҳо» мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди  гулпарварӣ дар саросари мамлакат ва ба ин восита боз ҳам зебову дилрабо намудани манзил, кӯчаву хиёбонҳои шаҳру деҳот роҳандозӣ шудааст.
- Азбаски фасли баҳор дар Бадахшон нисбат ба дигар манотиқи кишвар дертар фаро мерасад, гулпарварон имкони барвақттар ба намоиш гузоштани онҳоро надоранд. Бинобар ин, озмуни «Сайри гулҳо»  дар  вилоят ба ҳафтаи  аввали моҳи апрел, ки нав табиати он аз муҳосираи барф озод  гардид, рост омад. Дар озмун 2 ҳазор дона гулҳои гуногун ва 100 намуди тухмии гулу бутта ва гиёҳ ба маъраз гузошта шуданд, - иброз дошт У. Носирзода.
Дар намоиш  идораву  муассисаҳои кишоварзии вилоят, Институти биологии Помири Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Боғи ботаникии шаҳри Хоруғ ва  сокинони  шаҳру  ноҳияҳои  вилоят ширкат  варзиданд. Фарзона Маҳтобшоева, сокини шаҳри Хоруғ, иброз дошт, ки 20 сол боз ба парвариши гулҳо машғул аст ва дар озмуни мазкур 20 намуди онро ба намоиш гузоштааст.
- Ҳар як гул мисли инсон хислату хосияти худро дорад. Дар хонае, ки меҳру муҳаббат аст, гулҳо низ хуш ҳастанд. Гулпарварӣ шуғли хеле шавқовар аст ва агар касе ба он дил бандад, дигар зиндагии худро бидуни он тасаввур карда наметавонад, - гуфт Ф. Муҳаббатшоева.
Ходими калони илмии Институти биологии Помири Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Маҳбуба Исломбекова гуфт, ки дар рушди соҳаи гулпарварӣ ҳиссаи олимони ин пажӯҳишгоҳ назаррас аст. Солҳои зиёд аст, ки  бисёр идораву муассисаҳо ва сокинони шаҳр  бо олимон ҳамкорӣ доранд. Онҳо аз олимони боргоҳ доир ба нигоҳубину парвариши гулҳои гуногун маслиҳату тавсияҳо мегиранд. Ӯ изҳори боварӣ кард, ки баъди чунин озмунҳо теъдоди гупарварон дар шаҳру деҳоти вилоят боз ҳам бештар мегардад.
Раҳмони  ГУЛЗОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2019    №: 69-70    Мутолиа карданд: 803
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед