иқтисод
"СУМАЯ". КОРГОҲИ ЗАМОНАВӢ ДАР ЛАХШ
Солҳои гузашта таъмини хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Лахш бо либоси босифату арзон аз масъалаҳои ҳалталаб ба шумор мерафт. Волидон ҳангоми оғоз ёфтани ҳар соли хониш маҷбур буданд, ки сарулибоси мактабии фарзандонро бо нархи гарон ва сарсонии зиёд аз минтақаҳои дигари дурдаст фармоиш диҳанд. Дар бозору фурӯшгоҳҳои ноҳия ёфтани сарулибоси хуб ва ба арзишаш мувофиқ душвор буд. Ин масъаларо ба инобат гирифта, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои ташкили коргоҳи дӯзандагӣ чораи зарурӣ андешид.
Бо мусоидати мақомоти ноҳия, ҷавонмарди соҳибистеъдоду меҳнатдӯст Фирдавс Мирзоев барои таъсиси коргоҳи дӯзандагӣ камари ҳиммат баст. Дар натиҷаи заҳмату талоши зиёди соҳибкори ҷавон коргоҳ бо номи «Сумая» дар муддати кӯтоҳ дари худро ба рӯи мардум боз намуд. Ҳоло коргоҳи номбурда дар ноҳияи дурдаст аз зумраи корхонаҳои фаъолест, ки дар минтақаи Рашт бо тавлиди маҳсулоти аълосифат эътибори баландро соҳиб гаштааст.
Ба гуфтаи сарвари корхона Фирдавс Мирзоев, вақте намояндагони вазорату идораҳои марбута аз маҳсулоти онҳо дидан менамоянд, ба зудӣ бовар намекунанд, ки онро коргоҳи мазкур тавлид намудааст.
- Фикр мекунанд, ки мо маҳсулотро аз хориҷ ворид кардаем. Аммо барои бовар ҳосил намуданашон ба онҳо раванди омодасозии ҳама намуди маҳсулотро нишон медиҳем. Дар фаъолияти корхона ба сифати маҳсулот диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Ба ин хотир, бо кумаки роҳбарияти ноҳия ва дар доираи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид коргоҳ бо мошинаҳои замонавии дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Барои таъмини корхона бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла дастгоҳҳои дарздӯзии "JUKI" – истеҳсоли Ҷопон ва мошинаҳои поракунию дарзмолкунӣ қариб 200 ҳазор сомонӣ сарф гардид. Ташкили корхона ҳарчанд харҷи зиёдро дар пай дошт, вале мо кӯшиш мекунем, ки дар таъмини мардуми минтақаи дурдасти кишвар бо либосворӣ ва ҷойҳои нави кор саҳмгузор бошем. Хушбахтона, тавассути таъсиси корхонаи мазкур 30 сокини маҳаллӣ, пеш аз ҳама, бонувон ба ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шудаанд, - гуфт Фирдавс Мирзоев.
Фаъолияти чашмраси «Сумая» нишон медиҳад, ки дар ноҳия барои таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолию хизматрасонӣ шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Маҳсулоти корхона ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, аллакай харидорони худро пайдо кардааст. Қисми зиёди маҳсулоти коргоҳ ҷиҳати таъмини сарулибоси хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, кормандони соҳаҳои тиб, роҳсозӣ ва аскарону афсарон равона шудааст. Чанд намунаи либосҳои миллӣ ва расмӣ низ дар ин ҷо омода мегарданд. Ҳоло масъулони коргоҳ талош доранд, ки барои тамоми қишрҳои ҷомеа хизмат расонанд. Тавре Фирдавс Мирзоев гуфт, ӯ мақсад дорад, ки таҷҳизоти бештарро ба коргоҳ васл намуда, аксар маҳсулоти дӯзандагии ниёзи мардумро бо сифати аълою нархи дастрас тавлид намояд ва ба ин васила, барои занону духтарони ҳунарманди маҳаллӣ ҷойҳои нави кориро фароҳам созад.
Воқеан, бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолию хизматрасонӣ дар деҳоти кишвар барои қонеъ сохтани мардум бо маҳсулоти маҳаллӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар мебошанд, ки дар ноҳия бо ин мақсад, пайваста чораандешӣ мешавад. Дар ин гӯшаи дурдасти кишвар ба ташкили коргоҳҳои истеҳсолию хизматрасонӣ ҳавасмандии соҳибкорон бештар эҳсос мегардад. Умед аст, ки «Сумая» дар ояндаи наздиктарин тавассути фароҳам овардани техникаю таҷҳизоти муосир домони фаъолияташро васеътар намуда, теъдоди коргарон ва иқтидори истеҳсолиашро боз ҳам бештар менамояд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.03.2019 №: 58 Мутолиа карданд: 942