logo

фарҳанг

ОЗМОИШГОҲИ МУСИҚӢ, ЯЪНЕ ЧӢ? ЧАРО ТО БА ҲОЛ ОНРО ТАЪСИС НАДОДАЕМ?

«Фарҳанг ҳастии миллат аст», - бо таъкид иброз медоранд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Яъне, мо, хоса масъулону зиёиёну ҳунармандон, бояд барои ҳастии имрӯзу ояндаи худ на танҳо биандешем, балки талош биварзему саъю кӯшиш ба харҷ бидиҳем.
Аксари мо ба созҳои миллӣ, чи нафасиву чи зарбӣ ва чи торӣ, ифтихор мекунем. Ифтихори мо боз аз он аст, ки ин созҳо дар дунё густариш ёфтанд, паҳн гардиданду мавриди истифодаи аҳли ҳунар ва дӯстдорони он қарор гирифтаанд. Ба ин васила, миллати мо муаррифӣ мегардиду мегардад ва ба хидматҳои мондагори пешиниёнамон ҳамеша аҷр мегузоранд.
Акнун саволҳои матраҳ ин аст, ки мо чӣ кардем? Чаро анъанаву суннатҳоро пойдор нанамудему ривоҷ надодем? Дар давроне, ки башар ва ҷомеаҳои мутамаддин аз раванди ҷаҳонишавӣ хавф доранд, метавонем созҳои миллии худро соҳибӣ бикунем? Оё бо мавҷудияти ин созҳои миллӣ қаноат бинамоем? Чӣ рисолаҳое дар хусуси онҳо ва асрорашон таълиф кардем? Бо чӣ васила, усул, роҳ ва асарҳои пажӯҳишиву илмӣ онҳоро ба ин миллат нисбат дода метавонем?
Истиқлолияти давлатӣ ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои зиёдеро фароҳам оварданд, то барои рушди фарҳанг ё худ ҳастии миллат хидмат бикунем, заҳмат бикашем ва саҳми арзанда бигирем. Инчунин, аз хотиру ёд маҳв насозем, ки «Тоҷикон дар давраҳои гуногун ҷаҳониёнро бо илм, бо ҳунар ва фарҳанги волои хеш тасхир карда буданд». Бешак, бо ин муносибате, ки ба фарҳанг, фарҳанги миллӣ дорем, чунин суханони пурарзишро дар ҳаққи мо баъдҳо нахоҳанд гуфт. Сухан аз боби мусиқии имрӯзаи миллӣ ва касбии он нест, ки ҷаҳонӣ нагардидааст. Мақсуд, тавре зикр гардид, аз созҳои миллӣ ва таҷдиду такмили он мебошад. Дар ин маврид нахуст бо мушкилоти он бояд ошно бишавем ва аз худ барои дарки мақсуд бипурсем, ки миллати мутамаддини мо дар асри рафта ва қарни навин чӣ сози нави миллиро ба ҷаҳониён пешниҳод кард. Дуруст аст, ки бисёре аз созҳои миллии мо такмилу таҷдид гардиданд, аммо танҳо дар доираҳои хурд муаррифӣ ва баъдҳо фаромӯш шуданд. Не, дар хусуси ин бозёфтҳо ва ҳунарҳои воло бояд асарҳо таълиф мекарданд, вале накарданд. Ин масъаларо мавриди эътибор қарор надоданд ва баъдҳо бе мавҷудияти мутахассисон, пажӯҳишгарон иҷрои амали мазкур мушкилу сангин гардид. Акнун аксар нависандагон аз асрори мусиқӣ, созҳои миллӣ бехабаранд. Ва баръакс, аксар аҳли мусиқӣ, устоҳову донандагони созҳои миллӣ аз ҳунари навиштан дуранд. Пас, кӣ барои мо аз дастовардҳоямон мегӯяду менависад? Ба мутахассисону муҳаққиқони хориҷӣ бояд ниёзманд бишавем?! То ба кай? Ба ин масъала ва кор дар асри рафта танҳо нобиғаи Шашмақом устоди шодравон Фазлиддин Шаҳобов таваҷҷуҳ зоҳир кардаву иқдом варзида буд. Бо пайравӣ аз ин устоди зиндаёд аз ҷониби дигар ҳунармандону донишмандони соҳа он бояд идома меёфт. Аммо на танҳо идома наёфт, балки қариб буд тарғиби ин амали шоистаро аққалан ба хотири ибрати дигарон низ фаромӯш мекардем. Ин кор бар асари бедонишӣ, беҳунарӣ на идома ёфт, на ривоҷ гирифт. Не, ба иҷрои осонтарин кор низ иқдом нагирифтем. Яъне, созҳои  нобиғагони мусиқӣ ва ҳунармандони маъруфро барои таърих, намоиш, омӯзишу нигоҳдории дуруст дар як ҷо ҷамъ наовардем. Дақиқтараш, ин гуна шароитро фароҳам насохтем. Дар он ҳама таърих ва асрори зиёди нуҳуфта маҳфуз буданд, ки дар такмилу таҷдид ва сохтани созҳои миллии нав барои имрӯзиён ва ояндагон мусоидат мекарданд. Созҳои миллие, ки нобиғагони Шашмақом Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов онҳоро менавохтанд, дар куҷо нигоҳдорӣ мешаванд ва чӣ тавр? Фикр намекунам, ки ҷавоби мусбат мешунавем ва ин созҳо ҳатто дар ҳолати аввалаашон низ боқӣ монда бошанд.
Дар осорхонаи композитор Зиёдулло Шаҳидӣ  метавон ба созҳое, ки ӯ дар зиндагияш барои эҷод ва навозиш мавриди истифода қарор медод, ошно шуд. Аммо ҳатман ба ҳоли табоҳашон, тарзи нигоҳдорияшон бояд бигирйӣ. Вақт ва фазо таъсири бади худро ба онҳо гузоштаанд. Охир, танҳо як мутахассиси соҳаву  варзидаву дилсӯз метавонад ба нигоҳубинашон машғул бошад.
Дар хусуси нигоҳдориву ғамхории созҳои миллии устодони шодравон Зафар Нозимов, Абдулло Назрӣ, Шумқор Одинабеков, Одинаи Ҳошим, Боймуҳаммад Ниёзов, Фаттоҳ Одинаев, Талабхӯҷа Сатторов, Шарофиддин Сайфиддинов, Хайрулло Абдуллоев бовар дорам, ки сухани нек нахоҳем шунид.
Устоҳои созтарош, чи дар асри рафта ва чи дар садсолаи нав, ба созҳои миллӣ дар шаклу сифат ба маънии мусбаташ, тавре зикр шуд, тағйирот ворид карданд. Мутаассифона, аз ин дастовардҳо ҳатто камтар аз аҳли ҳунар ва дилбохтагони соҳа огоҳанд. Бо даргузашти зумраи мазкур аз дунё ин мактабҳо аз фаъолият монданд, дар пояи худашон чун шогирдон ба воя ва ба пояи устодӣ нарасиданд. Ҳар кадом аз ин соҳибмактабон роҳу усулҳои худро дар  созтарошӣ доштанд. Аз ҳамдигар бо хусусиятҳои умдаи худ фарқ мекарданд. Ҳунарманду донандаи асил бо як дидан ва навохтани созҳо муайян намуда метавонист, ки устои он кӣ аст.
Оре, акнун дер кардаем. Бисёре аз ин устоҳо ҳолиё дар қайди ҳаёт нестанд. Аммо имкон дорад, ки намунаи созҳои сохтаи онҳоро барои омӯзиш, сохтан, такмилу  таҷдид ҷамъ биёрем. Хоҳ- нохоҳ дар ин ҳол ҳатман мепурсанд, ки дар куҷо? Охир, мақсуд ҳам ҳамин аст, ки чунин як ҷо, як макони махсус надорем. Албатта, метавонем илова бинамоем: мутахассис низ, мутахассиси асил. Вале агар чунин макон, яъне озмоишгоҳро дошта бошем, мутахассис низ омода мешавад.
Кишварҳои пешрафтаву мутамаддин чунин озмоишгоҳҳоро пештар, дар асри рафта, сохта буданд. Бешак, дар ин озмоишгоҳҳо, ки ҳамзамон ба сифати як муассисаи илмӣ низ хидмат менамоянд, созҳои миллии моро ҳам мавриди таҳқиқу омӯзиш ба хотири пайравӣ ва  такмилу таҷдиди созҳои миллати худ қарор доданд. Мебояд ба масъалаи мазкур мутасаддиёну масъулон таваҷҷуҳи махсус зоҳир бикунанд.
Таъсису бунёди чунин озмоишгоҳи бузургу замонавӣ барои миллат аз манфиат холӣ нест. Дар он тамоми созҳои миллии муассисаҳои ҳунариро метавон ҷӯр ва таъмиру тармим намуд. Ноҷӯрӣ ва фарсудаву куҳна гардидани созҳо монеи навохтани хуб, боло рафтани завқ ва сатҳи мусиқифаҳмии миллат мешавад. Беҳтарин созтарошҳои кишварро ба ин муассиса метавон ҷалб кард ва ҳунари онҳоро ба шогирдон омӯзонд.
Албатта, таъсису бунёди озмоишгоҳ ва оғоз бахшидан ба фаъолият дар аввал душвориҳо дорад. Яъне, ҳам сарфи маблағи зиёдро тақозо мекунад. Аммо бо фаъолияти чашмрасу густаришаш он нафъи зиёд оварда метавонад. Аз ин рӯ, соҳибкорон ё шахсони сарватманд агар ба ин иқдоми шоиста бо муҳаббат рӯ биёранд, ҳам нафъ мебардоранд ва ҳам номашон дар саҳифаҳои заррини таърихи фарҳанги миллат барои ҳамеша навишта мешаванд. Миллат ва ояндагон аз ӯ пайваста ба некӣ ёд меоранд.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2019    №: 71    Мутолиа карданд: 990
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед