иқтисод
ДУШАНБЕ. БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ СОДИРОТ
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳи техникии миллии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон оид ба баррасии стандартҳои кишоварзии Осиёи Марказӣ доир гардид.
Ҳадаф аз баргузории ҷаласа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор додани таҳияи стандартҳои кишоварзии Комиссияи аврупоии иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла стандарти пиёзи барвақтӣ, меваи хурмо, лимӯ, олуи сиёҳ, харбуза, харбузаи хушк, ангур, мавиз, чормағз ва себи хушк арзёбӣ шуд.
Қудрат Давлатзода, директори Агентии «Тоҷикстандарт», ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва тақвият бахшидани рушди содирот, инчунин, бе монеа роҳ ёфтани маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ аз ҷониби мутахассисони агентӣ дар ҳамкорӣ бо як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ стандартҳои кишоварзӣ таҳия гардида истодаанд. Аз ҷумла, алҳол стандарт барои пиёзи барвақтӣ аз рӯи стандартҳои байналмилалии КАИ СММ FFV- 25 таҳия шуда, корҳо дар самти таҳияи стандарти КАИ СММ FFV- 63 барои содирот ва назорати сифати маҳсулоти хурмо ва таҳияи стандарти КАИ СММ FFV - 63 барои содироти лимӯ низ идома дорад.
Тавре аз ҷониби ҳозирин баён гардид, тавассути таҳияи стандартҳои кишоварзӣ сифати маҳсулот баланд ва пешниҳоди он ба истеъмолкунанда беҳтар гардида, ҳамкории судмандеро ба роҳ мондан имкон дорад. Минтақаи Осиёи Марказӣ барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаву безарар хеле мусоид буда, барои содироти он ба кишварҳои Аврупо замина мегузорад. Коршиносон дар рафти ҷаласа иброз доштанд, ки ин иқдом барои рушди судманди ҳамкориҳо саривақтӣ буда, пеш аз ҳама, барои рушди содироти маҳсулоти кишоварзии кишварҳои минтақа манфиат дорад.
Маҳсулоти кишоварзӣ ғизои аввалияи инсоният буда, дар замони муосир истеҳсолкунандагон онро дар шаклҳои нав коркарду бастабандӣ мекунанд ва ба истеъмолкунанда пешниҳод месозанд. Инчунин, тибқи тақозои замон, ҳангоми парвариш ба таркиб, ҳаҷм ва шаклу намуди он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунанд, то ки барои солимии инсон безарар бошад. Талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҳам ҳамин аст, ки дар шароити тағйирёбии иқлим маҳсулоти кишоварзӣ беосеб боқӣ монад.
Коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони кишварҳои ширкаткунанда дар ҷараёни ҷаласа фикру андеша ва пешниҳодҳои худро оид ба таҳия ва қабули стандартҳои байналмилалӣ, омилҳои татбиқи амалии стандартҳо дар рафти парваришу истеҳсолот, инчунин, ба истеъмолкунанда расондани маҳсулоти кишоварзии ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стандартӣ баён доштанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.04.2019 №: 71 Мутолиа карданд: 984