иқтисод
СОҲИБКОР КОРГОҲҲОИ ДӮЗАНДАГӢ ВА БОҒ БУНЁД КАРД
Соҳибкорони ноҳияи Файзобод дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми арзанда мегузоранд. Ашӯралӣ Абдурауфов, сокини деҳаи Дубедаи Ҷамоати деҳоти «Ҷавонон», аз зумраи чунин соҳибкорон аст.
Ӯ дар деҳаи Дубеда коргоҳи дӯзандагие сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки дорои шароити хуби корӣ мебошад. Ҳоло дар коргоҳ бист нафар занону духтарони маҳаллӣ, ки пеш хонашин буданд, ба ҷои кори доимӣ таъминанд. Ҳамчунин, соҳибкор қитъаи замини бекорхобидаи санглохро тахту ҳамвор сохта, корхонаи дӯзандагӣ, ҳаммом ва сартарошхона бунёд кард.
Ашӯралӣ Абдурауфов ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ тасмим гирифтааст, ки дар маркази ноҳия мағоза, чойхона, толори варзиш ва дар деҳаҳои Карсангу Навобод майдончаҳои варзиш бунёд карда, ҷавонону наврасонро ба волейбол, футбол ва бозиҳои дигари варзишӣ ҷалб намояд. Айни ҳол амалисозии ин иқдом ҷараён дорад. Ғайр аз ин, соҳибкор дар майдони 50 гектар замини талу теппа боғи нав бунёд кард. Маблағи сохтмони иншооти ба истиқболи ҷашн бунёдшаванда зиёда аз як миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.04.2019 №: 72 Мутолиа карданд: 964