logo

ҳуқуқ

899 ҚОНУНШИКАНӢ. ЯК МОҲИ ЯК НОҲИЯ

Кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ШВКД дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ танҳо дар як моҳи гузашта 899 қонуншикании вобаста ба роҳу нақлиётро ошкору сабт карданд.

Шумори зиёди чунин қонуншиканиҳо дар ҳолест, ки тибқи мушоҳидаҳои чандрӯзаи мо, вобаста ба таъмини амният ва бехатарии ҳаракат дар роҳ, тамбашавию ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, пешгирии вазъи садаманокӣ, масъулони соҳа дар ноҳия пайваста рейду амалиёт гузаронда, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ронандагонро ба роҳ монданд. Мутаассифона, тибқи омори дастрасшуда, вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон коҳиш наёфтааст.
Ба гуфтаи сардори ШБДА ШВКД дар ноҳия, майори милитсия Акбар Шарбатуллозода аз шумораи умумии қоидавайронкуниҳои 21 ҳолати қонуншиканӣ барои баррасӣ ба суди ноҳия ва 157 маврид ба дигар шаҳру навоҳии мамлакат ирсол гардидааст. Гузашта аз ин, дар робита ба қонуншиканиҳои ошкоршуда 50481 сомонӣ ҷарима ситонда шуд.
Ҷиҳати иҷроиши талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бошад, нисбат ба 6 ронанда протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол гардидааст.
- Кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ноҳия баҳри пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт мунтазам чораҷӯӣ намуда, ҳодисаи роҳу нақлиёте, ки бо иштироки кӯдакону наврасон ба амал меоянд, дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷамоатҳо ва дигар ташкилоту идораҳо мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Ҳамчунин, шуъба дар ҳудуди ноҳия аз ҳисоби толибилмони муассисаҳои таълимие, ки дар ҳамшафати роҳҳои автомобилгард ҷойгиранд, ҷиҳати ҳамкорӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар назди муассисаҳо бо таъмини либоси махсус нозирони наврасро ташкил намудааст, - гуфт Акбар Шарбатуллозода.
Қурбон АҲМАДЗОДА, «Ҷумҳурият»

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2019    №: 72    Мутолиа карданд: 850
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед