logo

ҳуқуқ

ҲАЛНОМАИ СУД. САРКАШӢ ҶАВОБГАРӢ ДОРАД!

Суди шаҳри Ваҳдат дар маҷлиси кушоди судӣ шаҳрванд Фирӯзҷон Сафаровро, ки қаблан низ суд шудааст, барои барқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок, саркашӣ намудан аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзанди ноболиғ ба курсии айбдорӣ шинонд.      
Судшаванда 5 октябри соли 2012 бо шаҳрванд Мастура Сафарова оиладор шуда, баъд аз соҳиби як фарзанд гардидан моҳи марти соли 2015 муносибати оилавиашон қатъ мегардад. Дар асоси ҳалномаи суд аз ҳисоби судшаванда ба фоидаи ҷабрдида барои таъминоти фарзандашон ба тариқи устувор ҳар моҳ, то ба синни балоғат расидан ба андозаи 160 сомонӣ, алимент рӯёнда шуда, инчунин, то синни сесолагӣ барои таъминоти ҳамсар дар асоси ҳамин ҳалномаи суд маблағи 60 сомонӣ алимент муқаррар кардааст.
Ф. Сафаров дидаву дониста, ки иҷроиши ҳалномаи судӣ аз ҷониби ӯ ҳатмӣ мебошад, онро сарфи назар намуда, 1 солу 3 моҳ қасдан ҳалномаи судро иҷро накарда, ба собиқ ҳамсараш маблағ барои таъминоти фарзандаш насупурдааст, ки дар маҷмӯъ, 2400 сомониро ташкил медиҳад.
Пеш аз оғози тафтишоти судӣ аз ҷониби Ф. Сафаров дархости хаттӣ ворид гардид, ки дар он худашро бо айби ба ӯ эълоннамудаи тафтишоти пешакӣ пурра гунаҳгор ҳисобида, аз гуноҳи содирнамудааш сидқан пушаймон аст.
Баъд аз анҷоми тафтишот суд Фирӯзҷон Сафаровро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 177 (бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон) - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гунаҳгор дониста, нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш умумӣ, таъйин кард. Ҳамчунин, дар асоси ҳукми суд маҳкумшуда уҳдадор гардид, ки маблағи зарари расондашуда дар ҳаҷми 2400 сомониро ба фоидаи ҷабрдида Мастура Сафарова пардохт намояд.
Б. ХОЛИҚЗОДА, судяи суди шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2019    №: 72    Мутолиа карданд: 1434
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед